Қадриятҳои миллӣ ба намоиш гузошта шуд

Иттиҳодияи «Ҳунарманд»- и ҷумҳурӣ якҷо бо ташкилотҳои ҳамкор дар пойтахт Фестивали либосҳои миллӣ баргузор намуд.

Фестивали мазкур ба мақсади тарғиби анъанаҳои миллӣ, бедор намудани ҳисси ҳунармандии миллӣ дар байни аҳолӣ, баланд бардоштани салоҳияти сайёҳии кишвар ташкил шуда, дар он қариб 100 либоси миллии тарғибкунандаи урфу одат ва қадриятҳои миллӣ ба намоиш гузошта шуданд.
Махсусан куртаву ҷома ва нимчаҳои аз атласу қуроқ ва кашидадӯзӣ дӯхташудаву  бо пулакчаҳо орододашуда диққати меҳмонони хориҷиро ба худ ҷалб намуд.
Дар доираи фестивал суруду тарона ва рақсҳои дилошӯб иҷро гардида, аз ҷониби ҳунармандон дарсҳои маҳорат гузаронида шуд.

Сурат ва лавҳаи Гулноза Бобоева, ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: