Мо, ки табиатан саёҳатро дӯст медорем, ин дафъа самти сафарамон кишвари муъҷизаҳо – Гурҷистон буд. Мо ҷойҳои дидании Тбилисӣ, кӯчаю гулгаштҳо, Қасри ҳукумат, парлумон ва биноҳои таърихии ин шаҳри бостониро тамошо кардем. Тбилисӣ (Тифлис) маънии – шаҳр дар болои оби гармро доштааст. Гурҷистон асосан аз кӯҳистони пур аз дарахтони сабзу хуррам ва чашмаҳои беҳадду ҳисоб иборат мебошад, ки аксар шифобахшанд. Даромади асосии кишвар аз сайёҳӣ, аз оби шифобахши «Баржомӣ» ва кишоварзию чорводорӣ аст.
Ман дар давоми суҳбати хоса бо роҳбалад Марина огоҳ шудам, ки вай ҳам фиололог асту бахши филологияи руси Донишгоҳи Тбилисиро хатм кардааст. Вақте ман аз Шота Руставели, Иля Чавчавадзе, Нодар Думбадзе барин адибони гурҷӣ сухан ронда, дар донишгоҳ ҳангоми таълими «Адабиёти халқҳои СССР» ба эҷодиёти ин ва дигар адибони гурҷӣ таваҷҷуҳ зоҳир кардани худро гуфтам, бағоят мамнун шуд ва изҳор дошт, ки ӯ низ бо эҷодиёти Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Ҳофиз, Румӣ, Ҷомӣ, Навоӣ, Садриддин Айнӣ шиносоӣ дорад. Вай дар хусуси Шота Руставели ва Нодар Думбадзе бо самимияти хоса сухан ронд... Рӯзи дигар Марина моро ба саёҳати шаҳри қадимаи Хакаси ва монастири занона бурд. Дар ибтидо мо ба заводи машҳури шароббарории Хакасии кӯҳна рафтем. Ин завод ифтихори Гурҷистон буда, он бо шаробҳои қавии худ машҳур аст. Мувофиқи маълумоти роҳбалади мо дар Гурҷистон беш аз сад навъи ангур парвариш карда мешаванд ва бештарини онҳо барои истеҳсоли шароб мувофиқанд. Аслан дар Гурҷистон истеъмоли шароби ангур барои хурду калон як нӯшокии муқаррарӣ буда, барои ҳифзи саломатӣ ва дарозумрӣ хидмат мекардааст. Дар ин ҷо ба мо гуфтанд, ки Сталин кадом навъи шаробро истеъмол мекарду Брежнев кадом навъи коняки гурҷиро дӯст медошт...
Таърихи бунёди чашмаи «Баржомӣ» дар шишааш сабт аст ва он ба дастаи сарбозони Русия, ки ҳангоми ҷанг дар ин ҷо ба дарде гирифтор шуда, соли 1890 бо амри тасодуф аз оби ин чашма шифо ёфтаанд, вобаста аст. Ҳоло дар ин ҷой ду корхонаи азим фаъолият дорад, ки дар як шабонарӯз ба беш аз як миллион шишаи гуногунҳаҷм оби шифобахшро ҷой карда, ба зиёда аз 40 кишвари дунё равон мекунад. Дар киштзор трактору мошин, дар ангурзор одам кам аст. Назар ба гуфти Марина, аксар мардуми деҳот ва қисме аз шаҳриҳо низ ба хориҷа фирор кардаанд. Корхонаҳои саноатӣ аксар аз кор мондаанд. Заводи машҳури Кутаиси, ки замоне мошинҳои бузурги боркаши «Колхида» истеҳсол мекард, ҳоло қисмҳои эҳтиётӣ истеҳсол мекунаду бас.
Гурҷиҳо ба ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, ба хусус ибодатгоҳҳо, эътибори хоса медиҳанд. Ҳини саёҳат мо дар яке аз ибодатгоҳҳои занона низ будем, ки ҳанӯз дар асри VIII бунёд гардида, соли 2016 ба он бинои нав илова шудааст ва он ҳамчун ибодатгоҳи занона ҳоло ҳам фаъолият дорад. Атрофи бино бо гулгаштҳо оро дода шуда, дар шафати он дар паҳнои васеъ киштзоре мавҷуд аст, ки дар он занҳои руҳонӣ барои зиндагии рӯзмарра маҳсулот мерӯёнанд. Дар ин ҷо ҳамаи навъҳои зироати сабзавоту меваҷот ба назар мерасанд.
Зиндагии мардум бештар аз ҳисоби туризм – зиёд гардидани адади сайёҳони хориҷӣ ба ин диёр беҳтар мегардад. Меҳмонхонаҳои бисёри серошёна дар соҳилҳои наҳру баҳранд.
Дар боғҳо қатори токҳои ангур, дарахтони чормағз, анҷиру анор, себу нок, гелосу олу, зардолую шафтолу, мандарину хурмо, афлесуну лиму дар полиз тарбузу харбуза, помидору бодиринг, картошка ва фундуқ мавҷуданд. Ҷуворимакка дар эъзоз. Зеро дар солҳои ҷанг орди вай мардумро аз марг наҷот додааст.
Роҳи мо аз Баржомӣ ба Батумӣ идома кард. Сари роҳ зодгоҳи Сталин – деҳаи Гориро дидем. Марина дар бораи ин фарзанди обрӯманди гурҷӣ бо ифтихори хоса сухан меронад: Ҷуга – ин ба забони гурҷӣ пӯлод, швилӣ – писар гуфтан аст. Иосиф – ҳамон Юсуфест, ки дар аксар китобҳои қадима дучор омада, дар бораи ӯ достонҳо офарида шудааст. Ҷугашвилӣ – Сталин – писари пӯлод ё худ Пӯлодзода гуфтан аст.
Иосиф фарзанди сеюм дар оила буд. Ду фарзанди пеш аз вай бадунёомада дар хурдсолӣ аз олам гузаштаанд. Бинобар ин, модар пеш аз тавлиди фарзанди навбатӣ ба Худо илтиҷо карда мегӯяд, ки «ту ба ман фарзанди солеҳе бидеҳ, ки тамоми умрашро ба роҳи ту бубахшад ва дар хидмати ту бошад». Ҳамин тавр, модар қавл дода буда, ки фарзандаш ба роҳи Худо хидмат мекунад. Ӯ бисёр мехост, ки писараш шахси диндор ва муътақид шавад. Иосиф бо ҳамин мақсад дар семинарияи динӣ таҳсил гирифта, онро бо муваффақият хатм карда буд. Вай бештар китоб мехонд ва бо илми забоншиносӣ, таърих ва фалсафа машғул буд. Баъд ба ҳаракатҳои инқилобӣ ҳамроҳ шуда, то ба дараҷаи роҳбари давлати абарқудрате бо номи СССР расид ва дар давоми 30 сол роҳбари давлати шӯроҳо буд. Модари Сталин бинобар тарки диндорӣ кардани писараш то дами вопасини ҳаёташ бо вай қаҳрӣ буд. Мардуми диёраш номи ӯро ба некӣ ёд мекунанд.
Гурҷиҳо номи адиби мумтоз Шота Руставелиро хеле бо ҳурмат ба забон меоранд ва зодгоҳи ӯ – Руставиро ҳамчун манзили шоир пос медоранд. Корномаҳои қаҳрамонони асари ӯ «Палангинапӯш» ҳамеша вирди забонҳост.
Зодгоҳи адиби маъруф Нодар Думбадзе, ки асарҳояш ба бисёр забонҳои халқҳои ҷаҳон тарҷума ва нашр шудааст, дар соҳили дарёи Кура буда, вай дар мактаби ҳамин деҳа таълим гирифтааст. Сокинони деҳаи Нодар ҳамчун маҳаллатиҳои Самарқанд, шириниҳои Бухоро ва габровоиҳои Булғория аксар шахсони хуштабъ ва ҳазлкаш будаанд.
Ҳангоми сафар ба Батумӣ, ки роҳи мо аз зодгоҳи Нодар Думбадзе, аз соҳилҳои дарё Кура мегузашт, Марина дар бораи ин адиби маъруф хеле бо ифтихор суханронӣ кард. Махсусан, аз асари хотиротии ӯ «Ман, бибиам, Илико ва Илларион»-ро ёдовар шуд.
Нуқтаи баланди эҷодиёти Думбадзе романи «Қонуни ададият» буд, ки дар он ҳақиқати ҳаётӣ далерона ба қалам дода шудааст. Дар атрофи ин роман мо бо Марина мубодилаи афкор намудем. Ин асар ҳанӯз дар вақташ ба бисёр забонҳо тарҷума ва нашр шуда, сазовори Ҷоизаи давлатӣ гардида буд.
Мулоқоти мо бо роҳбалад, ронандаи автобус Левон, ронандаи таксӣ Ризо, соҳибкори ҳамакора Наталӣ хеле хотирмон буданд. Онҳо дар бораи таърихи кишвари худ, одамони меҳнатқарину меҳмоннавози диёр, хислатҳои хоси мардуми гурҷӣ, зиндагии рӯзафзуни одамон, меҳри хоса нисбат ба Ватани худ бо самимият ҳикоят мекарданд. Дар бораи Самарқанд тасаввури хубе дошта, дар орзӯи зиёрати кишвари мо ҳастанд.
Назар ба гуфти таксибон Ризо дарозумрии мардуми гурҷӣ бештар аз меҳнат, сайру саёҳат дар ҳавои кушод ва истеъмоли маҳсулоти озуқавории худ будааст. Вай гуфт, ки синни падараш ҳоло аз сад гузашта бошад ҳам, ҳанӯз бардам аст, бе айнак китоб мехонад ва ҳамоно дар боғу киштзор меҳнат карда, маҳсули бо дасти худ рӯёнидашударо истеъмол мекунад.
– Аз дукон баъзан нон мехарему халос. Ҳар субҳ як финҷон шароби дастӣ умрро як сол дароз мекунад, – мегӯяд ӯ.
Ба гуфти Марина мардуми гурҷӣ китобхон ва босаводанд. Мувофиқи ақидаи онҳо дар ҳар оила бояд шахси маълумоти олидор бошад. Бинобар ин фарзандонашонро – хоҳ писару хоҳ духтар, ба соҳиби маълумоти олӣ шудан ҳидоят менамоянд. Ин аст, ки дар баъзе оилаҳо ҳамаи фарзандон соҳиби маълумоти олӣ мебошанд.
Дар ҳама ҷо навиштаҷоти рекломӣ ба забон ва алифбои гурҷист. Ин мардум забони модарӣ ва алифбои ниёгонро, ки таърихи беш аз дуҳазорсола дорад, ҳифз мекунанд. Ҳатто дар Батумӣ манорае ҳаст, ки зинаҳои он бо ҳарфҳо оро дода шудааст. Забони русӣ танҳо дар муомила бо сайёҳон истифода бурда мешавад. Вай ҳам чандон буррову равон нест.
Дар Гурҷистон хидмати таксӣ хуб ба роҳ монда шуда, киропулӣ ҳам гарон нест.
Ин кишвар заводи мошинбарорӣ надорад, мошинҳо хориҷианд. Дар кӯчаҳои шаҳр ходимони ГАИ ва радарҳои беҳисоб ба назар намерасанд. Лекин аксар ронандагону пиёдаҳо ба тартибу қоидаҳои роҳ сахт риоя мекунанд.
Ҳарчанд рӯзҳое, ки мо дар он ҷой будем, ҳаво салқину форам буду дар диёри мо гармои тоқатфарсои зиёда аз чиҳил дараҷа ҳукмфармоӣ дошт, мо манзилу обу ҳавои худро ёд карда, «Хоки Ватан аз мулки Сулаймон беҳтар» гуфта, боз бо ҳавопаймои «Хива» ба Ватан баргаштем.
Неъматҳои Истиқлол дар Ӯзбекистони мо бисёр, лекин ватандӯстӣ, меҳнатқаринӣ, меҳрубонӣ ва пок будан аз иллатҳои тамаъгариро аз гурҷиҳо бояд омӯхт.
Аслиддин ҚАМАРЗОДА,
Корманди шоистаи фарҳанги Ӯзбекисотон.