Равишҳои нави таъмини шуғли хатмкунандагони муассисаҳои таълими олӣ муайян шуданд

  • Равишҳои нави таъмини шуғли хатмкунандагони муассисаҳои таълими олӣ муайян шуданд
  • Равишҳои нави таъмини шуғли хатмкунандагони муассисаҳои таълими олӣ муайян шуданд
  • Равишҳои нави таъмини шуғли хатмкунандагони муассисаҳои таълими олӣ муайян шуданд
  • Равишҳои нави таъмини шуғли хатмкунандагони муассисаҳои таълими олӣ муайян шуданд
  • Равишҳои нави таъмини шуғли хатмкунандагони муассисаҳои таълими олӣ муайян шуданд
  • Равишҳои нави таъмини шуғли хатмкунандагони муассисаҳои таълими олӣ муайян шуданд
  • Равишҳои нави таъмини шуғли хатмкунандагони муассисаҳои таълими олӣ муайян шуданд

Президент Шавкат Мирзиёев доир ба масъалаҳои бо шуғл таъмин намудани хатмкунандагони муассисаҳои таълими олӣ ҷамъомад баргузор намуд.

Сарфи назар аз он ки дар ҳафт соли охир квотаи қабул ба муассисаҳои таълими олӣ  4,5 баробар афзуд, фарогирии ҷавонон бо таълими олӣ ба 42 фоиз расид, низоми тарбияи кадрҳо ҳанӯз ҳам ба талаби воқеии бозор ҷавоб намедиҳад.

Барои мисол, дар корхонаи BYD дар Ҷиззах сад вакансия мавҷуд аст. Чоряки он муҳандисон оид ба робототехника, барномарезии роботҳо ва корҳои рангдиҳӣ мебошанд. Бо баробари ба иқтидори пурра баромадани корхона талаб ба кадрҳои соҳибмалака зиёд мегардад.

Дар байни тарбияи донишҷӯён дар муассисаҳои таълими олӣ ва талаби кордиҳандагон фарқи ҷиддӣ вуҷуд дорад. Дар натиҷа корхонаҳо маҷбур мегарданд, ки аз хориҷа мутахассисонро ҷалб намоянд. Ҳамзамон давлат соле барои таълими ҳар як донишҷӯ 25-30 миллион сӯм харҷ менамояд. Аммо беш аз нимаи хатмкунандагон пас аз соҳиб гардидани диплом дар вазифаҳои пастмалака кор мекунанд.

Дар солҳои охир дар натиҷаи ба 40 муассисаи таълими олӣ мустақилияти молиявӣ додан даромади донишгоҳҳои чунин самтҳо, мисли иқтисодиёт, ҳуқуқ, тиббиёт, забонҳои хориҷӣ ва педагогика афзуд. Аммо самтҳои кишоварзӣ, ветеринария, муҳандисӣ, илмҳои дақиқ ва табиӣ барои ҷавонон ҷолиб нестанд.

Барои афзудани ҳамкорӣ бо истеҳсолот 25 муассисаи таълими олии муҳандисӣ дар пойгоҳи корхонаҳо 438 кафедра ташкил намуданд. Ҳамин тариқ дар соҳаи нафту газ кластерҳои таълимии истеҳсолӣ ташаккул ёфтанд. Ба туфайли ин беш аз 2 ҳазор хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Бухоро аз рӯйи ихтисос бо кор таъмин гардиданд. Миқдори коркардҳои илмии тиҷоратбунёд 10 баробар афзуд.

Солҳои наздик дар Ӯзбекистон татбиқи лоиҳаҳои бузург ба миқдори 83 миллиард доллар ба нақша гирифта шудааст, ки онҳо қариб ба 500 ҳазор мутахассис танҳо дар соҳаи саноат талабро ба вуҷуд меорад.

Барои мисол, дар солҳои наздик дар вилояти Бухоро ба кор андохтани маҷмӯи калони газу кимиё дар назар аст. Дар Устюрт якҷоя бо шарикони хориҷӣ татбиқи лоиҳаҳои вусъатнок сар шудааст.

Ҳамаи ин ҳарчӣ зудтар мутобиқ гардидани таълими олиро ба талаботи соҳаҳо, беҳсозии сифати тарбияи кадрҳо ва вусъат додани ҳамкориро барои шуғли ҷавонон талаб менамояд.

Дар ҷамъомад Президент чандин ташаббуси навро иброз намуд.

Аз ин пас ҳангоми асоснок намудани техникиву иқтисодии лоиҳаҳои қиматаш аз 1 миллион доллар ва бо теъдоди кормандонаш беш аз 50 нафар талаб ба мутахассисон аз рӯйи самтҳо нишон дода мешавад. Вазорат ва идораҳои масъул дар асоси ин фармоишҳои мақсаднокро барои тарбияи кадрҳо дар муассисаҳои таълими олӣ ҷойгир менамоянд.

Ректорон модулҳои иловагии таълимиро барои донишҷӯёне, ки бо фармоиш таълим мегиранд, ҷорӣ менамоянд. Барои супурдани модулҳо холҳои кредитӣ ҷамъ карда мешавад.

Дараҷаи дониши донишҷӯён аз соли дуюм сар карда ҳар сол якҷоя бо сармоягузорон – кордиҳандагони оянда баҳогузорӣ мегардад. Мавзӯъҳои корҳои дипломӣ бинобар вазифаҳои лоиҳа муайян карда мешаванд. Хатмкунандагоне, ки талаби сармоягузоронро қонеъ мегардонанд, бо кор таъмин гардиданашон кафолатнок мегардад.

Низоме ба вуҷуд оварда мешавад, ки манфиатдории сектори хусусиро баланд мебардорад: барои қабули хатмкунандагон ба кор соҳибкорон дар рейтинги худ холҳои иловагиро соҳиб мегарданд. Муассисаҳои таълими олӣ хатмкунадагонро ба корхонаҳо бинобар ҷойҳои холии кор сафарбар менамоянд.

Мавзӯи баланд бардоштани ваколат ва масъулияти ректорон баррасӣ гардид. Низоми баҳогузорие, ки дар Донишгоҳи «Ӯзбекистони Нав» татбиқ гаштааст, барои тамоми муассисаҳои таълими олӣ татбиқ мегардад.

Барои дараҷаи бо кор таъмин намудани хатмкунандагони худ муассисаҳои таълими олӣ то 40 хол мегиранд, барои иҷрои фармоишҳои соҳавӣ ва фурӯши коркардҳои илмӣ то 30 хол, барои зарфияти илмӣ ва матолиб дар маҷаллаҳои маъруфи байналхалқӣ то 20 хол, барои ҷалби грантҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ то 10 холро соҳиб мегарданд. Дар асоси холҳои соҳибгардида таъминоти молиявии муассисаҳои таълими олӣ ташаккул дода мешавад.

Дар пойгоҳи Донишгоҳи «Ӯзбекистони Нав» барномаи «Мактаби ректорҳо» барои тарбияи мақсадноки номзадҳо ба вазифаи ректорӣ ва проректорӣ ба вуҷуд оварда мешавад.

Тамоми муассисаҳои таълими олӣ мухторияти академӣ ва ташкилиро соҳиб мегарданд. Аз он ҷумла, ректорон метавонанд мустақилона муовинони худро таъин намоянд, воҳидҳои ҷойи корро дар доираи лимити муқарраргардида тақсим намоянд ва инчунин қимати суперконтрактҳои дифференсиалиро муқаррар намоянд.

Ба масъулон таъмини боадолатнок ва низомноки татбиқи ин навгониҳо супурда шуд.

Роҳбари давлат боз як ташаббуси муҳимро иброз намуд.

Абитуриентҳо аллакай имкони интихоб намудани 5 муассисаи таълими олиро ҳангоми ҳуҷҷатсупорӣ соҳибанд. Акнун ин механизм васеъ карда мешавад: агар абитуриент ба ҳеҷ кадоми ин муассисаи таълими олии интихобнамуда дохил нагардад, аммо холҳои вай ба ҷойҳои холии самти мазкур дар муассисаи таълими олии дигар мувофиқ ояд, ӯ метавонад ба он ҷо дар асоси қарордод дохил гардад.

Эътибори асосӣ ба ҳамдастӣ ба бо кор таъмин намудани хатмкунандагони соли 2025 нигаронда шуд, ки онҳо аз 92 ҳазор нафар иборат мебошанд.

Ба нақша гирифта шудааст, ки 20 ҳазор нафари онҳо таълимро дар магистратура давом медиҳанд ё ихтисоси дуюмро аз худ менамоянд, боз 20 ҳазор нафари даигар аз тариқи Вазорати шуғл ба вазифаҳое, ки собиқаи корӣ талаб намекунанд, ҷойгир карда мешаванд, қариб 10 ҳазор нафар аз тариқи «бизнес-инкубаторҳо» дар минтақаҳо фаро гирифта шуда, дар соҳаҳои соҳибкорӣ, маркетинг, дизайн ва IT бо кор таъмин мегарданд.

Инчунин имконоти иловагии бо кор таъмин намудани ҷавонон дар чунин соҳаҳо, мисли кимиё, энергетика, геология, автомобилсозӣ, металлургия, бофандагӣ, электротехника, сохтмон, нақлиёт, логистика ва инчунин дар соҳаи иҷтимоӣ муайян карда шуданд.

Бо кӯмаки бонкҳои тиҷоратӣ дастгирии роҳандозии тиҷорати 20 ҳазор хатмкунанда роҳандозӣ мегардад. Аз он ҷумла, барои Бонки миллӣ ва Бонки «Алоқабонк» 300 миллион доллар барои таъмини молиявии бо кор таъмин намудани ҷавонон ҷудо карда шудааст.

Имконоти қисме аз ин кредитҳои имтиёзнокро инчунин ба корхонаҳое додан, ки хатмкунандагонро ба кор мегиранд, пешбинӣ мегардад. Ба чунин соҳибкорон то 5 миллиард сӯм зери 18 фоиз кредит дода мешавад. Низоми нав на танҳо барои хатмкунандагони соли ҷорӣ, балки барои онҳое низ татбиқ мешавад, ки дар се соли охир муассисаҳои таълими олиро хатм кардаанд.  

Таъкид шуд, ки эътибори алоҳида ба ғамхорӣ нисбати ҷавонони номуташаккил зоҳир гардад, онҳо ба шуғлҳои муфид – маҳфилҳои касбӣ ва забономӯзӣ, чорабиниҳои варзишӣ, амалҳои ватанпарварӣ ҷалб гарданд.

Дар поёни ҷамъомад фикри шахсони масъул, ректорон ва соҳибкорон шунида шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: