Ба Сарвари давлати мо дар бораи тадбирҳои таъмини устувории низоми энергетикӣ дар шаҳри Тошканд маълумот дода шуд.
Дар пойтахт ҳам шумораи аҳолӣ ва ҳам миқёси бунёдкориҳо меафзоянд. Дар давоми як соли охир 12 ҳазор иншооти нав, аз ҷумла маҷмааҳои савдо ва хидматрасонӣ ба истифода дода шуданд. Сатҳи зиндагии аҳолӣ беҳтар шуда, истифодаи таҷҳизоти маишӣ афзоиш ёфтааст.
Ҳамаи ин омилҳо ба афзоиши истеъмоли энергия оварда мерасонанд. Бо дарназардошти ин, дар давоми ду соли охир барои рушди низоми таъминоти барқии шаҳри Тошканд 2,8 триллион сӯм равона карда шудааст. Дар доираи корҳои анҷомдодашуда 36 зеристгоҳ, 665 трансформатор ва беш аз 2 ҳазор километр шабакаҳо навсозӣ шудаанд.
Бо вуҷуди ин, то ҳол як қатор масъалаҳо ҳалнашуда боқӣ мондаанд. Айни замон 46 зеристгоҳ ва 207 трансформатор бо бори изофӣ фаъолият мекунанд. Аз аввали сол шумораи истифодабарандагони нерӯи барқ дар шаҳр 40 ҳазор нафар афзуда, сатҳи талабот 6 фоиз зиёд шудааст.
Илова бар ин, агар қаблан давомнокии ҳавои фавқулодда гарм дар фасли тобистон аз як ҳафта нагузашта бошад, имсол он ба 20 рӯз расид. Дар натиҷа, дар моҳи июл сатҳи истеъмоли нерӯи барқ дар шаҳр аз 900 миллион киловатт-соат гузаштааст.
Ҳамаи ин ҳолатҳо зарурати идомаи ислоҳоти системавиро ба миён меоранд. Дар рафти тақдимот вазири энергетика нақшаҳоро аз рӯи ҳар як ноҳия ва маҳаллаи пойтахт муаррифӣ намуд.
Дар марҳалаи аввал, то поёни соли ҷорӣ, навсозии 374 километр шабакаҳо, 11 зеристгоҳ ва 62 трансформатор ба нақша гирифта шудааст. Дар соли 2026 бошад, навсозӣ боз 788 километр шабакаҳо, 35 зеристгоҳ ва 145 трансформаторро фаро хоҳад гирифт. Аз ҷумла, дар маҳаллаҳо трансформаторҳои фаъол ва шабакаҳои нав таъмир ва насб карда мешаванд.
Президент ба наздик омадани мавсими тирамоҳу зимистон ишора намуда, зарурати то 1 ноябр тибқи нақшаи ҷорӣ анҷом додани ҳамаи корҳоро таъкид кард.
Шахсони масъул ҳамчунин дар бораи тадбирҳо оид ба беҳдошти устувори таъминоти қувваи барқ дар фасли сармо маълумот доданд.
Солҳои охир дар ҳамаи минтақаҳои кишвар иқтидорҳои истеҳсоли нерӯи барқ фаъолона афзоиш ёфта истодаанд. Ҳамзамон тадбирҳо ҷиҳати гузариши корхонаҳои саноатӣ ба манбаъҳои муқобили энергия андешида мешаванд. Аз ҷумла, то соли 2027 насби нерӯгоҳҳои офтобии барқӣ бо иқтидори 752 мегаватт ва иқтидорҳои захиравӣ бо ҳаҷми 812 мегаватт дар корхонаҳои бузург ва иншооти сайёҳӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ба Президент ҳамчунин дар бораи ҷараёни корҳо дар соҳаи энергетикаи атомӣ маълумот пешниҳод гардид.
Тавре маълум аст, дар кишвари мо корҳои сохтмони нерӯгоҳи хурди атомӣ идома доранд. Ҳар як марҳилаи ин лоиҳа — аз тарҳрезӣ то ба истифода додан — зери назорати сахти Оҷонси байналмилалии нерӯи атом (МАГАТЭ) бо татбиқи талаботи пешрафтаи бехатарӣ анҷом дода мешавад.
Президент супориш дод, ки иншоотҳо тибқи муҳлат ва бо сифати баланд ба истифода дода шуда, иқтидорҳои устувори энергетикӣ фароҳам оварда шаванд. Ба Девони Вазирон супориш дода шуд, ки масъалаҳои баланд бардоштани самаранокии энергетикаро ҳар ҳафта муҳокима намояд.