Барои қадри инсон, барои бахти инсон

Аз он даврае, ки ҷомеа ташаккул ёфтааст, инсон барои амалӣ гардондани орзую умедҳояш азм дорад. Дар ҳама давру замон рӯзгори бекамукост, ҳаёти осоиштаи фаровон мақсади олии одамон буду ҳаст. Таърихи фарматсияҳои ҷамъиятӣ онро собит месозанд. 31 августи соли 1991 дар таърихи мамлакати мо ҳамчун рӯзи истиқлоли миллӣ – асоси кулли дигаргуниҳо, пойдевори рӯиоббароии орзую умедҳои чандинасринаи халқамон сабт ёфт.

Анъана, арзишҳои миллиамон эҳё гардида, ниятҳои деринаи онҳо ҷомаи амал пӯшид. Дар давоми даҳсолаҳои гузашта дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат тағйироти назаррас, ислоҳоти судовар сурат гирифт.
Хусусан он ислоҳоти васеъмиқёси ҳаёти мамлакат, ки бо ташаббуси Президенти мамлакат Ш. Мирзиёев рӯйи об мебарояд, камбудию нуқсонҳои ҷойдоштаро аз байн мебарад. Одамонеро ба маҷрои дурусти кору зиндагӣ водор месозад.
Ибораҳои «қадри инсон», «бахти инсон»-ро бисёр мешунавем ё мехонем. Вақте ки ин масъала ҳоло дар сиёсати давлати мо мавқеи аввалиндараҷа дорад, табиист, ки вай ба дилу дидаҳо наздик бошад.
Ҳамин истиқлол кафолатҳои сиёсиву ҳуқуқиро дар худ таҷассум намуда, чун такягоҳи мустаҳками татбиқи стратегияи «Ӯзбекистон – 2030», муҳити сулҳу салоҳ ва дӯстӣ, таъмини манфиатҳои инсон, алоқаҳои некҳамсоягӣ дар минтақа, ҳамкориҳо бо кишварҳои ҷаҳон ва болоравии обрӯю эътибори Ватан дар миқёси байналхалқӣ хидмат мекунад. Гуфтан ҷоиз аст, ки Ӯзбекистони соҳибистиқлол дар ҳашт соли охир ба роҳи ислоҳоту таҷдидёбиҳо, эътирофи ҳақиқату воқеият, нақшаҳои азими созандагӣ ба бунёди Ӯзбекистони Нав оғоз кард. Дар муддати кӯтоҳи таърихӣ бинобар натиҷаи рушди босуръати иқтисодиёти мамлакат ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба зиёда аз 110 миллиард доллари ИМА мувофиқ омад. Дар мамлакат бинобар татбиқи барнома ва лоиҳаҳои бузург аз қабили гузаштан ба иқтисодиёти сабз ва инноватсионӣ, таъини манбаъҳои муқобили энергия имкониятҳои нав фароҳам меоянд.
Мувофиқи сарқонуни нав Ӯзбекистон давлати иҷтимоӣ маҳсуб шуда, дар он шаъну шараф, ҳуқуқ ва манфиатҳои инсон воло буда, он татбиқсозии барномаҳои давлатиро нисбати таъмин намудани шуғли аҳолӣ, афзоиш додани миқдори ҷиҳати корӣ, коҳиш додани нодорӣ, дастгирӣ намудани табақаи шаҳрвандони ба кӯмак мӯҳтоҷ, таъмин намудани натиҷаҳои назарраси сифатиро тақозо мекунад. Бояд таъкид намуд, ки дар мамлакати мо мақсади асосии ислоҳот маҳдудсозии камбизоатӣ ва афзун гардидани фаровонии аҳолии мамлакат аст. Бо ин мақсад бо оилаҳо, ҷавонон, бонувони эҳтиёҷманд низоми нави корбарӣ: «Дафтари оҳанин», «Дафтари бонувон», «Дафтари ҷавонон» ҷорӣ гардид. Дар натиҷа бо онҳо корҳои бонизом сурат мегирад.
Аз ҷумла, дар вилояти Бухоро аввали соли гузашта 54,4 ҳазор оилаи камбағал ва 239,5 ҳазор нафар аъзои онҳо мавҷуд бошанд, ин бо 11,8 фоизи шумораи умумии аҳолии вилоят баробар аст.
Дар ҳолати ҳашт моҳи сипаришудаи соли гузашта 32,3 ҳазор оила аз сафи камбизоатон бароварда шуданд. Ба 11,1 ҳазор нафар шаҳрвандон кредитҳои имтиёзнок, ба 1,3 ҳазор нафар субсид дода шуд, 15,8 ҳазор нафар соҳиби кори доимӣ гашта 3,9 ҳазор нафар бо роҳи ҷалбшавӣ бо таълими касбу ҳунар ва соҳибкорӣ бо шуғл фаро гирифта шуданд.
Солҳои охир ислоҳоти соҳаи таълим боиси тағйироти таърихии мислаш диданашуда гардида, низоми фарогирии таълими томактабӣ аз 27 фоизи соли 2017 ҳоло ба 77 фоиз расидааст.
Сармоягузорӣ ба таълим ин сармоягузорӣ ба оянда, некӯаҳволии мардум ва таъминкунии рақобатпазирии давлат аст. Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи чорабиниҳои иловагӣ барои баланд бардоштани самаранокии низоми идоракунии таълими томактабӣ ва мактабӣ» аз идомаи ислоҳоти соҳаи таълим гувоҳӣ медиҳад. Бинобар ин фармон аз 1 сентябри соли 2025 музди меҳнати роҳбарон ва ҷонишинони онҳо дар мактабу кӯдакистонҳо 20-15 фоиз меафзояд.
Ҳамин тариқ эътибори бузург ба соҳаҳои нигоҳдории тандурустӣ, илм, IT, фарҳанг, адабиёт ва санъат, варзиш самараи худро медиҳанд. Дар Олимпиадаи Париж ва паралимпиада аз қатори даҳ дастаи пурзӯртарин ҷо гирифтани варзишгарони мо, бори аввал дар таърихи Ӯзбекистон ба чемпионати ҷаҳон роҳхат гарифтани дастаи яккачин оид ба футбол инро собит месозад.
Маълум аст, ки 60 фоизи аҳолии мамлакатро ҷавонон ташкил мекунанд. Онҳо офарандагони «Ӯзбекистони Нав» мебошанд. Барои зоҳир намудани иқтидор, истеъдод, омӯхтани дониш ва касбҳои замонавӣ, забонҳои хориҷӣ, технологияи IT, татбиқи фаъолияти соҳибкорӣ барояшон имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.
Беҳуда нест, ки ҷавонони Ӯзбекистон соли гузашта оиди дохилшавӣ ба таълимгоҳи олии беҳтарини 500 дар Осиёи Марказӣ сазовори ҷойи аввал гардиданд. Онҳо бори аввал ба мактабҳои олии беҳтарини-5 дилпурона роҳ ёфта, ба натиҷаи таърихӣ соҳиб шуданд. Ҳоло 30 нафар ҷавонони мо дар таълимгоҳҳои олии беҳтарини-10,  500 нафарашон дар донишгоҳҳои бонуфузи беҳтарини-100, 1500 нафар дар донишгоҳҳои шомили беҳтарини-300 таҳсил мегиранд.
 – Эҳёи якум ва дуюмро аллома ва мутафаккирони бузургамон офарида бошанд, имрӯз таърих навбатро ба шумоён додааст, – гуфт сарвари давлат ҳангоми мулоқот бо ҷавонон 30 июни соли ҷорӣ.
– Боварии комил дорам, шумо дар ҳамаи соҳаҳо ба баланд бардоштани байрақи мамлакат қодир ҳастед. Шумо чун бунёдкорони Ӯзбекистони Нав ва офарандаи таърихи нав насли тиллоиед! – илова намуд вай.
Ҳашт соли охир миқдори муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат аз 72 ба 201 адад расид. Дар натиҷа фарогирии ҷавонон бо таълими олӣ аз 8,3 фоиз ба 47,7 фоиз афзуд.
Имрӯз, ки дунё мураккаб ва ноором аст, сулҳу осоиштагӣ чун неъмати олӣ ва сарвати бебаҳои инсоният амиқтар эҳсос  мегардад. Қадри инсон ва адолат бошад арзиши олист. Диёре, ки ҷавононаш соҳибилм, дорои фазилатҳои олии инсонианд, он ҷо оромию осоиштагӣ ва пешравӣ ҳамеша пойдор мемонад.
Боиси хурсандист, ки муомилаи солонаи 261 корхонае, ки соҳибкорони ҷавонамон созмон додаанд, ҳоло аз 100 миллиард сӯм афзуд.
Соли ҷорӣ ба андозаи 35 миллиард доллари ИМА 8300  лоиҳа амалӣ гашта, 292 ҳазор ҷойи нави корӣ фароҳам оварда мешавад. Инчунин ба андозаи 83 миллиард доллар амалӣ гардондани лоиҳаҳо барои ҳосил кардани 500 ҳазор ҷойи нави корӣ сурат мегирад. Аз ҷумла, ҳазорҳо корхонаҳо аз қабили энергетика (20 миллиард доллар), нафту газ ва кимиё (11 миллиард доллар), кӯҳ-кон (7 миллиард доллар), электротехника ва автомобилсозӣ (4,5 миллиард доллар) ба кор медароянд.
Дар мамлакат мактаби «гарвардчиён» ҳамчун таълимгоҳи байналхалқии ба номи Берунӣ ба фаъолият оғоз кард. Аз байни хатмкунандагони синфи 8 60 нафар талабагон интихоб гардида, дар се равия хононда мешаванд. Ҳамин тариқа ҳар сол 3 ҳазор нафар талабагони пуриқтидор барои таҳсил дар таълимгоҳҳои олии бонуфузи олам аз қабили Гарвард, Йел, Колумбия, Корнел тайёр карда мешаванд. Байни онҳо 300 нафар фарзандони оилаҳои муҳтоҷи дастгирӣ низ мехонанд.
Ба қарибӣ бунёди «Эл-юрт умиди» такмил ёфт. Онҳое, ки донишҷӯйи таълимгоҳҳои олии беҳтарини-300 шудаанд, метавонанд аз бонкҳо то 20 ҳазор доллар кредити имтиёзнок гиранд.
Дар мамлакатамон коркарди модели миллӣ интеллекти сунъӣ оғоз ёфтааст. Вай арзишҳо ва маданияти моро бояд дар худ ифода кунад.
Дар мамлакат бо суръати баланд ба амал омадани ҷараёни бунёдкориҳо, ободшавии шаҳру ноҳияҳо, бунёди мавзеъҳои «Ӯзбекистони Нав», корҳои азими дар доираи «Деҳаи обод», «Маҳаллаи обод», сохтмони шаҳрҳои нав дар пояи модели смарт, инкишофёбии шабакаҳои инфрасохтори иҷтимоӣ, таъмини муҳити сулҳу салоҳ, дӯстӣ, ҳифзи он чун сарвати бебаҳо, таҳкими некҳамсоягӣ, ҳамкорӣ бо мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, тарбияи ватандӯстии ҷавонон, ягонагии артишу халқ ва ғайра барои қадри инсон ва бахти инсон хидмат мекунанд.
Ин аст мақсад ва мароми Ӯзбекистони Нав чун давлати рӯшод, демократӣ ва дунявӣ.

 

Амрулло Авезов, хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: