Суботи оилавӣ ба равишҳои нави психологӣ ва тадбирҳои самаранок ниёз дорад

  • Суботи оилавӣ ба равишҳои нави психологӣ ва тадбирҳои самаранок ниёз дорад
  • Суботи оилавӣ ба равишҳои нави психологӣ ва тадбирҳои самаранок ниёз дорад

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон бахшида ба масоили ҷилавгирӣ аз низоъҳои оилавӣ ва талоқ, инчунин роҳандозии хидматрасониҳои равоншиносӣ ҷиҳати баланд бардоштани масъулият дар тарбияи фарзанд мулоқот баргузор гардид.

Муовини Сарвазир – раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Зулайхо Маҳкамова таъкид намуд, ки пешгирии талоқ ва таъмин намудани муҳити солими оилавӣ имрӯз ба яке аз масъалаҳои муҳим ва рӯзмарра табдил ёфтааст.
Тибқи маълумоти дар ҷаласа ироашуда, омилҳои асосии талоқ чунин зикр шуданд: дахолати шахсони сеюм (15 фоиз), омодагии нокофӣ ба никоҳ (14 фоиз), бефарзандӣ (11 фоиз), муҳоҷират ва дурӣ аз зиндагии якҷоя (10 фоиз).
Дар натиҷаи чунин ҳолатҳои нохуш 17 ҳазору 13 кӯдак бе падар ё модар мондаанд. Гуфта шуд, ки афзоиши шумораи талоқҳо ба суботи ҷомеа низ таҳдиди ҷиддӣ эҷод мекунад.
Иштирокчиёни мулоқот як қатор тадбирҳои муҳимро барои рафъи мушкилоти мавҷуда ва ташаккули оилаҳои солиму устувор дар ҷомеа муайян карданд. Аз ҷумла, зарурати ба роҳ мондани низоми боэътимоду самараноки хидматрасониҳои равоншиносӣ дар ҳар як маҳалла ва фароҳам овардани курсҳои омодагӣ ба никоҳ барои ҷавонон бо мақсади омодасозии онҳо ба сахтиҳои ҳаёт таъкид гардид.
Ҳамзамон, аҳамияти ҳарчи зудтар ошкор намудани ҳолатҳои моил ба низоъ ва талоқ дар оилаҳо, расонидани ёрии равонӣ ва чораҳои пешгирикунанда, баланд бардоштани донишу малакаи равоншиносони дар мактабҳо фаъолияткунанда, таҳияи дастурҳои методӣ, ҷалби волидон ба корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ дар рӯҳияи муносибатҳои оилавӣ, тарбияи фарзанд ва таҳаммулпазирӣ қайд карда шуд.
Дар ҷаласа таъкид гардид, ки тавассути «Марказҳои оила ва занон», ки дар саросари ҷумҳурӣ ташкил ёфтаанд, то имрӯз 10 ҳазору 89 оилаи дар ҳолати низоъ қарордошта ба оштӣ оварда шудаанд ва ба 10 ҳазору 100 зан кумаки равонӣ ва дастгирии психологӣ расонида шудааст. Ин рақамҳо нишон медиҳанд, ки хидматҳои равонӣ то чӣ андоза муассир ва дар зиндагӣ муҳим ҳастанд.
– Имрӯз мо бояд барои ҳифз ва таҳкими сутуни асосии ҷомеа – яъне оила, тадбирҳои дақиқ ва самаранок амалӣ намоем, – изҳор дошт Зулайхо Маҳкамова. – Ҳар як фарзанд бояд дар муҳити солим ба камол расад, ҳар як зан худро муҳофизатшуда ва дастгиришуда эҳсос намояд. Дар ин самт аз ҳамаи мо ҳамдилӣ, касбият дар муносибат ва аз ҳама муҳимаш, амал бо эҳсоси самимӣ талаб карда мешавад.
Дар анҷоми ҳамоиш ба вазорату идораҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас супорида шуданд. Қарор шуд, ки гурӯҳҳои махсуси корӣ дар миқёси ҷумҳурӣ таъсис ёбанд, сифати хидматрасониҳои равонӣ дар ҳар як минтақа боз ҳам беҳтар карда  ва дар ҳалли мушкилоти оилавӣ меъёрҳои илмӣ, амалӣ ва инсонпарварона ба таври густурда ба кор бурда шаванд.

Назокат Усмонова,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: