Эҳтиёткор бошем

Солимӣ ва тансиҳатии инсон ба бисёр омилҳо вобаста аст. Яке аз онҳо хӯроквории босифат мебошад. Сифати таом, яъне хӯрокворӣ бояд ба талаботи санитарӣ, ветеринарӣ ва фитосанитарӣ ҷавобгӯ бошад. Дар ҳамин ҳолат солимӣ ва тансиҳатии инсон таъмин мегардад.

Бисёр ба мушоҳида мерасад, ки қад-қади шоҳроҳҳо ва дохили бозору роҳҳои пиёдагард шахсони алоҳида айрон ва дигар нӯшокиҳои дар шароити хона омодашударо пешкаши одамон мекунанд. Бештар ба мушоҳида мерасад, ки маҳсулоти аз шир тайёр кардаро чун ҷурғот, гӯҷаро бе ҳеҷ гуна кафолати сифатнокӣ ва рухсатнома мефурӯшанд. Бо ин гуна «соҳибкорон» кормандони идораи кумитаи санитарӣ-эпидемологии вилояти Навоӣ дар манзилҳои номбурда дар мулоқот шуда, мунтазам корҳои профилактикӣ пеш мебаранд.
Аз шоҳроҳи М-37 ноҳияи Кармана ҳар рӯз ҳазорҳо воситаҳои нақлиёт мегузарад. Дар рӯзҳои гарми тобистон ҳама ҳам мехоҳад аз истеъмоли айрони бомазаи сард роҳат барад. Мусофир оё медонад, ки таркиби он маҳсулот тоза аст ё дар гармии ҳаво хусусиятҳои табииашро гум накардааст? Ҳамин ҳолатро дар назар дошта, кормандони соҳаи санитарӣ-эпидемиологӣ корҳои назоратиро пеш мебаранд.
Чунки таркиби маҳсулоти аз назорати лабораторӣ нагузашта ба саломатии инсон хавф пеш меорад, ба пайдоиши бемориҳои гуногун сабаб мегардад, ки баъзан омили оқибатҳои нохуш мешаванд.

 

Ӯзбакбойи Раҳмон,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: