Дар ноҳияи Ёзёвони вилояти Фарғона 147 хоҷагии фермерӣ фаъолият мекунад. Ҳоло деҳқонони ин хоҷагиҳо дар 4 ҳазору 850 гектар ба парвариши кишти пахта машғуланд. Тибқи шартнома соли равон онҳо ба хирман 21 ҳазору 150 тонна пахтаи хушсифат месупоранд, ки нисбат ба соли гузашта 100 тонна зиёд аст.
Барои иҷрои ин нақша деҳқонон аз фурсати ғанимат фаровон истифода мебаранд. Дар ин рӯзҳо ниҳолҳои пахта бар асоси агротехникаи замонавӣ парвариш меёбанд ва рӯз аз рӯз ба ҳосили он ҳосил зам мегардад.
– Деҳқонони ноҳияи мо таҳти шиори «30 рӯзи долузарб» мардонавор меҳнат мекунанд, – мегӯяд ҳокими ноҳия Дилшодҷон Ҷалилов. – Барои ҳамаи хоҷагиҳои фермерӣ «Харитаи роҳ» тартиб дода шудааст. Инчунин мо аз таҷрибаи деҳқонони пухтакор босамар истифода мебарем, маслиҳату машварат мегирем. Миробҳои ҳар як хоҷагии фермерӣ аз об сарфаркорона истифода мебаранд ва рӯзҳои офтобиро ғанимат шуморида, барои рӯёнидани ҳосили гаронбаҳо зарбдорона меҳнат мекунанд. Ҳамаи хоҷагиҳои фермерӣ бо нуриҳои минералӣ ва маводи дигари зарурӣ таъмин карда шудаанд.
Бо эътимоди қавӣ метавон гуфт, ки иҷрои нақшаи шартномавии солона бо сарбаландӣ таъмин хоҳад шуд.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.