Боғи миллии Зарафшон 50-сола шуд

Соли 1975 дар соҳили рӯди Зарафшон мамнӯъгоҳ ташкил ёфта буд, ки баъдан ба боғи миллӣ мубаддал гардид. Бояд гуфт, ки дар тӯли солҳои сипаришуда боғ манзили зисти парранда ва ҳайвоноти ваҳшӣ буда, таҳти назорат ва ҳимояти табиатдӯстон қарор дорад.

– Боғи мазкур на танҳо ҳудуди дар ҳимояти инсон аст, балки боз мавзеъест, ки аз он нафаси ҳаётбахши рӯди Зарафшон мерасад, – мегӯяд профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Флора Қобилова, ки инак чанд муддат вазифаи ходими илмии боғи миллиро низ дар ӯҳда дорад. – Ба мо бовару эътимод намуда  на танҳо минтақа ва дарёи ҳаётбахш, инчунин ҷангалзору паррандаҳо ва ҳайвоноти нодиру камёби Китоби сурхро ҳам додаанд. Аз ин рӯ, барои мо ҳам қарзу ҳам фарз аст, ки ин табиати зеборо на танҳо барои тадқиқоти илмӣ, балки барои насли оянда низ ҳифз намоем.
Бо қарори Девони Вазирон ҳудуди боғ ба 2 ҳазору 800 гектар афзуда, майдони умумиаш ба 5 ҳазору 234 гектар расид.
Боиси хушнудист, ки дар боғи миллӣ 150 сар оҳуи Бухоро (хонгул), мурғи даштӣ (тазарв), сагобии Осиёи Миёна, ҷайра, ҷуғзу калхот ва дигар навъи парранда ва ҳайвоноти ваҳшӣ мавҷуданд.
– Ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои давлатӣ ва кишоварзии Самарқанд, созмонҳои байналмилалии экологӣ сол то сол ривоҷу равнақ меёбад, – ба суҳбат ҳамроҳ шуд ҷонишини директори боғи миллӣ оид ба корҳои илмӣ Наталия Мармазинская. – Кӯшиш мекунем, ки олами рустанӣ ва паррандагону ҳайвоноти нодиру ваҳширо пурра омӯзем ва онҳоро барои насли оянда нигоҳ дорем. Аммо бо вуҷуди комёбиҳои назаррас муаммоҳои ҳалталаб низ мавҷуданд. Агар пештар минтақаҳои моро барои чорвопарварӣ истифода бурда, паррандагону ҳайвоноти камёби Китоби сурхро несту нобуд мекарданд, ҳоло рустӣ аз дарё қуму шағалро мегиранд, ки дар натиҷа сатҳи он паст рафта, ҳусни табиат коҳиш меёбад.
Боз як муаммо. Аз ҳудуди боғ гузаштани роҳи оҳан мебошад, ки ба омадану рафтани паррандагону ҳайвоноти ваҳшӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Аз фурсат истифода бурда, ба фаъолони гурӯҳи ташаббускори «Самарқандро эҳё мекунем», миннатдорӣ изҳор менамоем. Маҳз онҳо нисбати ашхосе, ки мехоҳанд бо дастгирии баъзе шахсони мансабдор, бо ҳар роҳу восита замини моро аз худ кунанд, муборизаи тезу тунд мебаранд. Умедворем, ки гурӯҳи мазкур барои эҳёи боғи миллӣ дар оянда  низ хидмати шоиста мекунад. 

 

Баҳодури ЗОҲИР.
Вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: