Марҳилаи вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Ҷавонон ва Қонун”

Дар Маркази ҷавонони шаҳри Андиҷон марҳилаи вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Ҷавонон ва Қонун” баргузор гардид

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳангии ҷавонон дар ҷомеа, таъмини волоияти қонун, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром ба Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дигар санадҳои қонунгузорӣ, ташаккули масунияти ҳуқуқӣ нисбати омилҳои манфие, ки ба тарбияи ҷавонон таъсири номатлуб мерасонанд ва бедор кардани ҳисси бемуросоӣ нисбати қонуншиканӣ озмун миёни ҷавонони синну соли 14-18 ва 18-30-сола баргузор гардид. Дар он дастаҳое ширкат варзиданд, ки дар марҳилаҳои ноҳиявӣ ва шаҳрии озмун ғолиб омада буданд.
Дастаҳои иштироккунанда донишу маҳорати ҳуқуқии худро дар асоси чор шарти муайян — “Пеналтии ҳуқуқӣ”, “Мусобиқаи сарварон”, “Донандагони Конститутсия”  ва “Ташаббуси қонунгузории ман” ба озмун гузоштанд.
Баромади дастаҳо аз ҷониби ҳайати ҳакамон, ки аз мутахассисони суд, адлия, корҳои дохилӣ, Агентии корҳои ҷавонон, идораҳои вилоятии таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия ва дигар ташкилотҳои дахлдор иборат буд, баҳогузорӣ карда шуд.
Тибқи натиҷаҳои ниҳоии озмун, дар байни иштирокчиёни синни 14-18-сола дастаи “Адолат” аз ноҳияи Қӯрғонтепа ва дар байни иштирокчиёни синни 18-30-сола дастаи “Ҷавони сиёсатмадор” аз ноҳияи Избоскан сазовори ҷойи аввал дониста шуданд. Онҳо ҳуқуқи ширкат дар марҳилаи ҷумҳуриявии озмунро ба даст оварданд.
Ғолибон ва ҷоизадорони озмун аз ҷониби ташкилкунандагон бо диплом ва туҳфаҳои ёдгорӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ф. Убайдуллаев,
мухбири ӮзА.
Суратгир: Зуҳриддин УМУРЗОҚОВ. (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: