Тобистони бофароғати бачаҳо

Имсол дар кишвари мо таътили тобистонаи мактаббачагон хеле пурмаҳсул ва пурмазмун мегузарад. Дар чаҳорчӯби лоиҳаи «90 рӯзи зарбдор» қариб дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ маҳфилҳо ва машғулиятҳои варзишӣ фаъолият доранд. Як гурӯҳ журналистон бо ҳамкории ҳокимияти вилояти Тошканд дар шаҳри Ангрен шуда, бо истироҳати пурмазмуни таътили тобистонаи мактаббачагон ошно гардиданд.

Сафари хидматӣ аз боздиди мактаби таҳсилоти умумии рақами 17, ки дар он таълим ба забони тоҷикӣ мегузарад, оғоз шуд.
— Мактаби мо на танҳо дар шаҳр, балки дар вилоят яке аз беҳтарин мактабҳо ба шумор меравад, — мегӯяд директори муассиса Зебунисо Маҳкамова. — Дар соли хониши  2024-25 дар мактаб 1476 нафар талаба таҳсил гирифтанд (аз моҳи сентябр 174 нафар хонандагони синфҳои якумро интизорем), барои онҳо тамоми шароит фароҳам оварда шудааст, ки метавонанд аз тамоми фанҳо маълумоти босифат гиранд. Дар натиҷа, зиёда аз 80 фоизи хатмкардагони мактабамон ба муассисаҳои таълими олии Ӯзбекистон ва берун аз он дохил мешаванд. Чанд сол пеш мактаб аз таъмири асосӣ баромад, онро бо таҷҳизоти нави таълимӣ, аз он ҷумла компутерҳои ҳозиразамон, мебел таъмин кардем. Чунин ҳаракатҳо, пеш аз ҳама ба тарбияи насли навраси ҳамаҷониба бомаърифат ва ташаббускор хидмат мекунад. Аз ин рӯ, лоиҳаи «90 рӯзи зарбдор» барои дар сатҳи наву сифатнок гузаронидани таътили тобистона, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, ҳифзи онҳо аз таъсири ғояҳои бегона ва зараровар аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Таътил дар мактаб бо руҳияти болида, шавқовар ва пурмазмун мегузарад, ки аз он падару модарон низ хурсанд. Ҳар як рӯзи ҳафтаро дар асоси барномаи муқарраршудаи ба мавзӯъҳо ҷудо карда мегузаронанд. Масалан, душанбе рӯзи футбол аст, сешанбе забоншиносӣ ва ғайра. Даҳҳо маҳфилу сексияҳои варзишӣ ташкил карда шуда, мусобиқаҳо, бозиҳои интеллектуалӣ, машғулиятҳои забонҳои хориҷӣ мунтазам гузаронда мешаванд. Китобхона бо адабиёти нави ватанӣ ва хориҷӣ таъмин карда шудааст. Майдони футбол, майдончаҳои баскетболу волейбол ҳаргиз холӣ нест.
— Тобистон ба ҷои дар хона нишастан, ба мактаб омада, бо ҳамсинфон суҳбат карда, дар соҳаи технологияҳои ахбор чизи нав омӯхтан беҳтар аст, — ба суҳбат ҳамроҳ мешавад хонандаи синфи 6-ум Ёсуман Абдуллоева. — Дар рӯзҳои таътил бисёр чизҳоро омӯхтам, сиру асрори бофандагӣ,  дӯзандагӣ ва пазандагиро ёд гирифтам. Дар викторинаҳои адабӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ бо як шавқу ҳаваси зиёд  иштирок мекунам.
Зимнан, рӯзи омадани мо дар саҳни мактаб финали бозии зеҳнии «Заковат» байни  мактаббачагони маҳаллаҳои ҳамсоя баргузор гардид. Гурӯҳи ҷамъомади шаҳрвандони «Қарабоғ» ғолибиятро ба даст оварданд.
Маҷмӯи замонавии варзиши обии «Делфин» чаҳор сол қабл сохта шуда, ба ҳама меъёрҳои байналхалқӣ ҷавобгӯ аст, варзишгоҳ ба як макони ҷолиби кӯдакони шаҳр табдил ёфтааст, хусусан дар тобистон серодам аст. Бачаҳои синну соли гуногун таҳти роҳбарии мураббиёни таҷрибанок асосҳои шиновариро азхуд мекунанд ва нафароне ҳастанд, ки аллакай пешқадам шудаанд.
Рӯзҳои таътил давраи истироҳат, аммо вақте барои рушди зеҳнӣ ва ҷисмонӣ хидмат мекунанд, боз ҳам беҳтар аст.

С. Мутин,
вилояти Тошканд.
Суратгир: Рашид Галеев.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: