Сайри харбуза бошукӯҳ гузашт

“Сайри харбуза-2025” салоҳияти фарҳангиву сайёҳии Хоразмро боз як бор намоиш дод.

Дар давоми се рӯз шаҳри Хиваро бӯйи хушбӯйи харбуза фаро гирифт, ҳазорҳо меҳмонони маҳалливу хориҷӣ аз харбузаҳои навъҳои гуногун баҳраманд гардида, аз бозиву лапарҳои халқиву фолклорӣ хушнуд гардиданд. Дар чаҳорчӯби ҷашнвора 22 стенди тематикӣ фаъолият нишон дод, маҳсулот ва технологияи беҳтарини ин намуди маҳсулоти полизӣ тақдим карда шуд. Ғолибони озмун бо диплом ва тӯҳфаҳои махсус мукофотонида шуданд. Сайри харбузаи имсола на танҳо маззаи харбузаро, балки меҳмондӯстӣ ва арзишҳои миллии мардуми Хоразмро бори дигар тарғиб намуд.  

Хидмати матбуоти ҳокимияти вилояти Хоразм.        

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: