«Дафтари занон» — асоси нави қонунгузории иҷтимоӣ

Дар шаҳри Нуқус таҳти мавзӯи «Панҷ соли ҷамъбаст: Аз истиқлоли иқтисодӣ то фаъолиятҳои иҷтимоӣ» анҷумани миллӣ баргузор шуд.

Чорабинӣ аз ҷониби Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, Кумитаи оила ва занон, ҳамчунин Шӯрои Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ташкил карда шуд. Иштирокчиён нахуст бо намоишгоҳи маҳсулоти аз ҷониби занони соҳибкор истеҳсолшуда шинос шуданд.
Дар анҷуман таъкид гардид, ки бо ташаббуси роҳбари давлатамон дар кишвар таҷрибаи миллии ҳифз ва тавсеаи ҳуқуқу манфиатҳои занон ва таъмини фаровонии оилаҳо — модели Ӯзбекистон ба вуҷуд оварда шуд.
Дар давоми 7 соли охир барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ҳамаи занон тақрибан 100 ҳуҷҷати меъёриву ҳуқуқӣ қабул гардид. Барномаи миллии дастгирии ҳамаҷонибаи занон  ба амал татбиқ шуд.
Дар доираи Барномаи давлатӣ, ки бо такя ба Стратегияи «Ӯзбекистон — 2030» таҳия шудааст, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занон ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо ҳамчун самти муҳими афзалиятнок муайян гардидааст. Аз ҷумла, яке аз механизмҳои нодир, ки бо ташаббуси Президенти мамлакат оид ба масоили занон ҷорӣ шуд, «Дафтари занон» мебошад, ки дар ҳеч кишвари дигар ба мушоҳида намерасад. Ин низом имкон медиҳад, ки мушкилоти занони кишвар, ки солҳо онҳоро нигарон мекард, ҳал карда шавад. Дар натиҷа сатҳи зиндагии хоҳару модарони мо, ки дар ҷомеа нақши муҳим доранд, боло рафта, барои ҳаёти хушбахтона ва ризоияти онҳо замина фароҳам оварда мешавад.
Тавре роҳбари давлат таъкид кард: «Ҳам зиндагии фаровони имрӯз ва ҳам ояндаи дурахшони мо ба занон вобаста аст. Агар хоҳем, ки мардум аз мо розӣ бошанд, пеш аз ҳама бояд барои модарони муҳтараму хоҳарон шароити арзандаи зиндагӣ муҳайё созем. Агар модар розӣ бошад, оила розӣ мешавад, ва агар оила розӣ бошад, ҷомеа низ розӣ мегардад».
Ба ин хотир, фаъолияти Комиссияи дастгирии иҷтимоию иқтисодии занон ба роҳ монда шуда, оилаҳои имконияташон маҳдуд ва ниёзманд ба ҳимояи иҷтимоӣ дар асоси барномаҳои инфиродӣ дар 17 шаҳр ва ноҳия аз ҷониби буҷети давлат дастгирӣ карда мешаванд.
«Дафтари занон» — ин пойгоҳи маълумотӣ оид ба муайянсозӣ, бартараф ва назорат кардани мушкилоти занони бекор мебошад, ки ба дастгирии иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, равонӣ, омӯзиши дониш ва касбу ҳунар ниёз ва хоҳиш доранд.
Имрӯз арҷгузории инсон, махсусан таъмин намудани розигии занон аз зиндагӣ ва ҳалли мушкилоти онҳо ба таври мақсаднок, самаранок ва саривақт, тавассути таҷрибаи нодир — низоми «Дафтари занон» аҳамияти муҳим пайдо кардааст. Дар ин самт, мувофиқи як қатор фармон ва қарорҳои қабулгардида, низоми кор бо «Дафтари занон» пайваста такмил дода шуд.
Дар давоми 5 марҳила дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ба «Дафтари занон» 193 ҳазору 126 нафар зан ворид гардида, барои дастгирии иҷтимоию иқтисодӣ ва моддии онҳо ҳамагӣ 291 миллиарду 775 миллион сӯм маблағ ҷудо карда шуд.
Бар асоси натиҷаҳои хатчӯб, мувофиқи қарори коллегиалии «ҳафтгонаи маҳалла», дар марҳилаи 6-уми «Дафтари занон» ҳамагӣ 58 ҳазору 13 нафар занони ниёзманд ворид гардида, то ҷамъбасти 6 моҳи соли ҷорӣ ба 35 ҳазору 899 нафари онҳо (61,9 фоиз) кумаки амалии воқеӣ расонида шуд. Ба ҳамаи занони ба дафтар дохилшуда як қатор кумакҳои иловагӣ низ пешниҳод гардид.
Низоми «Дафтари занон» сол то сол такмил ёфта, то имрӯз пойгоҳи маълумоти заноне, ки тавассути платформаи xotin-qizlar.uz ба дафтар ворид шудаанд, пурра рақамисозӣ гардид.
Дар самти таҳияи барномаҳои муфид, аз ҷониби кумита дар қисмати ҳар як минтақа платформаи электронии «ayollar-bandligi.uz» таъсис дода шуд, ки дорои пойгоҳи маълумотӣ барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба баланд бардоштани малакаҳои соҳибкорӣ, омӯзиши касбу ҳунар, гузаронидани пурсишҳо ва муайян кардани мониторинги ҳаррӯзаи ҳолати занон мебошад. Ба туфайли рақамисозии пурраи низом, имконияти назорат ва баҳогузорӣ ба маълумотҳои воридшуда ва гирифтани ҳисоботҳои кушодаю шаффоф фароҳам оварда мешавад.
Тавассути ин низом ҳазорҳо модарони танҳо ҳимояи манфиатҳои худро омӯхтанд ва имкони бозгашт ба бозори меҳнатро пайдо карданд.
«Дафтари занон» — ин низомест, ки занро хона ба хона ҷустуҷӯ карда, дастгирӣ намуда, ба ҳаёт роҳнамоӣ мекунад. Муҳимаш он аст, ки ин низом на танҳо мунтазам идома ёфт, балки ба асоси нави қонунгузории иҷтимоӣ табдил ёфт.
Дар анҷоми чорабинӣ як гурӯҳ занони фаъоли ҷамъият аз ҷониби ташкилкунандагон муносиб қадрдонӣ шуданд.
Дар анҷуман муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон — раиси Кумитаи оила ва занон Зулайхо Маҳкамова иштирок ва суханронӣ намуд.

Довуд Абибуллаев,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: