Тамғаи «Made in Uzbekistan»-ро ба бренд табдил додан вазифаи муҳим

Президенти мамлакат ба бренди миллӣ табдил додани тамғаи «Made in Uzbekistan»-ро дар бозорҳои хориҷӣ ҳамеша талқин менамояд, то ки он мавриди эътирофи васеъ қарор гирад. Ҳатто дар кишварамон барои корхонаҳое, ки зери чунин тамға маҳсулот истеҳсол мекунанд, як қатор имтиёзҳо фароҳам оварда шудааст. Гуфта мешавад, аз ҷумла, хароҷоти онҳо барои ҷорӣ кардани стандартҳои байналмилалӣ ҷуброн карда шуда, ашёи хоми онҳо аз пардохти боҷи гумрукӣ озод хоҳад шуд.

Дарвоқеъ, брендҳои машҳур маҳсулот истеҳсол намекунанд, балки аз роҳи муқаррар намудани талаботи мушаххас истеҳсолкунандагонро водор месозанд, ки ба ин талаби онҳо сар фароранд. Барои ҳамин ҳоло зарурат пеш омадааст, ки барои бренди миллӣ шароити мусоид фароҳам оварда шавад, то ки маҳсулот дар бозорҳои хориҷӣ ҳамчун бренди миллӣ эътироф гардад.
Ҳар як бренд ё тамға бояд рақобатпазир бошад ва маҳсулоте, ки зери ин тамға истеҳсол гардидааст – чи дар бозорҳои маҳаллӣ ва чи дар бозорҳои хориҷӣ ба фурӯш равад. Дар ин бобат дар вилояти Фарғона 9 бренди хориҷӣ ҷалб карда шудааст ва талош ба харҷ дода мешавад, ки ҳамкориҳо бо ин брендҳои хориҷӣ натиҷаҳои назаррасро соҳиб шаванд. Хусусан, ҳамкорӣ бо брендҳои хориҷии Knauf, Posco, Sungwoo, Indorama ва BNBM (Beijing New Building Materials Public LC) дар лоиҳаҳои соҳаи мошинсозӣ, сохтумон, бофандагӣ, истеҳсоли нуриҳои минералӣ аз ҳамин зумра маҳсуб меёбанд. Ба таври мисол, дар корхонаи хусусии Ҷамъияти саҳҳомии «Indorama Kokand textile» таҳти тамғаи «Indorama» маҳсулоти бофандагӣ ва нуриҳои минералӣ  истеҳсол карда мешаванд. То кунун ин корхона ба ивази 2 трилиону 250 миллиард сӯмина маҳсулот истеҳсол намудааст. Аз ин шумор баробари 130 миллион доллар маҳсулоти он содир гардидааст.
 Дар айни замон аз рӯи ҷалб намудани брендҳои маҳсулоти бофандагӣ, чарму сохтмон бо Фаронса, Олмон, Сингапур, Чин ва Ҷопон гуфтушунидҳо ба роҳ монда шудаанд. Интизор меравад, ки гуфтушунидҳо дар соҳаи ҳамкорӣ бо Фаронса барои таҳти тамғаи «Andritz» ва «Kiabi» истеҳсол намудани маҳсулоти бофандагӣ натиҷаҳои мусбати худро хоҳанд дод.
Дар баробари ин, аз рӯйи ҷалби брендҳои хориҷӣ дар соҳаи автомобилсозӣ, бофандагӣ, шоҳибофӣ, кимиё ва азнавкоркарди мева ба истеҳсоли автобус, нуриҳои минералӣ, маҳсулоти тайёри трикотаж ва амсоли он расидагӣ хоҳад шуд. Дар назар аст, ки бархе аз ин маҳсулот ба кишварҳои хориҷӣ содир мешаванд.
 Қобили зикр аст, ки дар вилоят як қатор корхонаҳо, мисли корхонаи хусусии «Yaproq»-и Қӯқанд, хоҷагии фермерии «Volida»-и ноҳияи Фарғона, корхонаи оилавии «SadafA Sut»-и ноҳияи Учкӯприк, Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «NARIM-TEKS»-и Марғелон, Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Albus Gold»-и ноҳияи Ӯзбекистон ба тамғаҳои хусусии худ ноил шудаанд.
Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «BNBM Building Materials Central Asia»-и Чин таҳти шиори беҳтар намудани зиндагонии истеъмолкунандагон бо маҳсулоти хушсифат фаъолияташро ба роҳ мондааст. Воридшавии он ба вилояти Фарғона ба соли 2019 рост меояд.
Аз рӯйи маълумоти дафтари матбуоти ҳокимияти вилоят аз ҳисоби сармоягузории 30 миллион долларии сармояи мустақими хориҷӣ бо татбиқи лоиҳа 150 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст. Ин корхонаи хориҷӣ дар ноҳияи Фурқати вилоят ба қайд гирифта шуда, ҳамасола 30 миллион метри мураббаъ гипсокартон, 4 миллион метри мураббаъ профили ороишӣ, 100 ҳазор тонна гаҷ истеҳсол мекунад. Ҳамвора ба маблағи 375 миллиард сӯмина корҳои бинокориро ба ҷо овардааст.
Ин ҷо месазад, ки дар бораи як корхонаи дигар таваққуфи бештар сурат гирад. Он корхонаи хусусии «Меҳригиёҳ» мебошад, ки фаъолияташро дар ноҳияи Учкӯприк ба роҳ мондааст. Ин корхона соли 1992 таъсис ёфтааст ва майдони он 29,3 гектарро ташкил мекунад. Беш аз 150 нафарро ба кор фаро гирифтааст. Гуфта мешавад, ки 130 хел маҳсулот истеҳсол менамояд ва доираи фаъолияташро парвариш, коркард ва бастабандии растаниҳои шифобахш, инчунин коркарди содирот (аз роҳи кластер) ташкил мекунад.
 Вазифаи асосии корхонаи хусусии «Меҳригиёҳ» беҳтар намудани саломатии одамон, баланд бардоштани иммунитети онҳо, пешгирӣ намудани касалиҳои гуногун аз ҳисоби истеҳсоли гиёҳҳои шифобахш ва маҳсулоти озуқавории аз неъматҳои шифобахш бойшуда маҳсуб мешаванд.
Самти асосии корхона парвариши растаниҳои шифобахш ва истеҳсоли маҳсулоти доруворӣ мебошад. Бо мақсади таъмин намудани маҳсулоти босифат ва баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулот растаниҳо ба таври органикӣ, бе истифодаи нуриҳои кимиёвӣ ва пестисидҳо дар ҳолати табиӣ дар майдонҳои марбути корхона парвариш меёбанд. Истифода аз технологияҳои муосир самти асосии он маҳсуб ёфта, мувофиқи талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ бастабандӣ карда мешаванд.
– Ба ҳайати корхонаи «Меҳригиёҳ» табибони баландихтисос, фитотерапевтҳо, гиёҳшиносони шарқ, фермерҳо ва технологҳо дохил шудаанд. Онҳо аз соли 1992 инҷониб комёбиҳои саноати фармасевтии ҳозиразамон ва таҷрибаи тибби қадимро бомуваффақият ба ҳам мепайванданд. Дар қитъаҳои шахсии водии Фарғона растаниҳои шифобахш, аз қабили балзам, чой, равған, асал, ҳалво ва дигар маҳсулоти фоиданок павариш ва истеҳсол мекунанд. Қобил ба гуфтанист, ки дар корхонаи «Меҳригиёҳ» дорусозон, духтурон, академикҳо, боғбонҳо кор мекунанд, ки комёбиҳои фармасевтии муосирро бо тибби қадими шарқ пайвастаанд, – иброз медорад муовини ҳокими вилоят Нуриддин Мамаҷонов.
Маҳсулоти шифобахши барои саломатӣ самаранок истеҳсолшаванда аз ҷониби истеъмолкунандагони ватанӣ ва хориҷӣ эътироф гардидааст. Дар робита бо корхонаи хусусии ҶММ «Posco International Textile» мешавад гуфт, ки барои боло рафтани иқтисодиёти вилоят ва таъмин бо ҷойҳои нави кор саҳми хосро ишғол менамояд. Он моҳи апрели соли 1996 аз ҷониби корпоратсияи «Daewoo Interna-tional»-и Куриёи Ҷанубӣ бо сармояи 150 миллион доллари ИМА таъсис дода шудааст. Корхонаи «ДЭУ текстил» узви иттиҳодияи «Ӯзтӯқимачиликсаноат» мебошад, ки зиёда аз 300 корхонаи истеҳсоли пахта, трикотаж, маснуоти абрешимӣ ва ғайраро бо стандартҳои байналмилалии сифат муттаҳид мекунад.                   Корхонаи муштараки ҶММ «Индорама Коканд Текстил»  аз корхонаҳои дигаре мебошад, ки ба бренди хос соҳиб шудааст ва моҳи майи соли 2010 дар шаҳри Қӯқанд таъсис ёфтааст. Дар ҷараёни татбиқи лоиҳа аз ҳисоби ҷалби 80 миллион доллар сармояи мустақими хориҷӣ дар 4 марҳила 1 ҳазору 95 ҷойи нави корӣ таъсис додааст. Имрӯз корхона маҳсулоти худро ба кишварҳои Амрикои Лотинӣ, Аврупо, Бангладеш ва Туркия содир мекунад.

 

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: