Тайёрӣ ба ду маъракаи бузург

Алҳол дар тамоми гӯшаву канори вилояти Самарқанд таҳти шиори мазкур ба ҷашни 34-умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон тайёрии пухта мебинанд. Дар кӯчаву хиёбон, гузару маҳаллаҳо корҳои бунёдкориву ободонӣ авҷ гирифтаанд. Пиру барно, деҳқону боғбон, тадбиркору тоҷирон дар ин бобат саҳми арзанда мегузоранд.

– Дар соҳаи таълим ба шарофати ислоҳот пешрафтҳои азим амалӣ мешаванд, аз ҷумла афзоиши фарогирӣ дар низоми таълими томактабӣ 40 фоиз, дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ 30,4 фоиз афзуд, – мегӯяд мудири шуъбаи таълими томактабӣ ва мактабҳои ноҳияи Самарқанд Шерзод Абулхайров. – Ҳоло дар қаламрави ноҳияи мо 55 мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ, қариб сад ташкилоти томактабӣ ва хусусӣ арзи вуҷуд доранд. Мактабҳо ба соли хониши нав пурра ҷиҳозонида ва аз таъмиру тармими хушсифат баромаданд.
Иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев дар суҳбат ба хабарнигорон иброз дошт, ки дар охири моҳи октябр ва оғози моҳи ноябри соли равон дар Самарқанд иҷлосияи 43-юмини ЮНЕСКО дар маҷмӯи сайёҳии Роҳи абрешими «Silk Road Samarkand» гузаронида мешавад. Бори нахуст дар тӯли 40 сол ин анҷумани бошукӯҳи байналхалқӣ аз шаҳри Париж ба Самарқанд мекӯчад. Дар он рӯзҳои таърихӣ мо беш аз 5 ҳазор меҳмони хориҷӣ, аз он ҷумла 400 ходими масъули ЮНЕСКО, чандин нафар сарони давлатҳо, журналистони номдорро истиқбол мегирем. Ин шаҳодати он аст, ки Ӯзбекистони Нав дар олам нуфузу эътибори хоса пайдо кардааст.
Дар омади гап бояд таъкид намуд, ки Президенти муҳтарами мо Шавкат Мирзиёев 12-уми марти соли равон ҳангоми сафараш ба Фаронса бо сардиректори ЮНЕСКО Одрӣ Азуле вохӯрда, бобати дар Самарқанд баргузор гардидани иҷлосияи мазкур ба созишнома имзо гузошт.
Умед дорем, ки иди аз ҳама бузургу аз ҳама азиз – 34-умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва иҷлосияи 43-юмини ЮНЕСКО дар сатҳи баланд хоҳад гузашт.

Зоҳир Ҳасанзода,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: