Бахшида ба 180-солагии зодрӯзи маърифатпарвар, шоир ва мутафаккир, васофи ғояҳои инсонпарварӣ ва сулҳу дӯстӣ Абай Қӯнонбоев чорабиниҳо баргузор гардиданд.
Қарори Президенти Ӯзбекистон «Дар бораи омӯхтан ва васеъ тарғиб намудани мероси адабии шоир ва мутафаккири қазоқ Абай Қӯнонбоев» ба мустаҳкам гардидани муносибатҳои ҳамкории байни Ӯзбекистон ва Қазоқистон ва гузаронидани як қатор чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ хидмат мекунад.
Дар шаҳри Тошканд чорабинӣ бо маросими гузоштани гулчамбар дар пояи муҷассамаи Абай Қӯнонбоев оғоз гардид. Дар чорабинӣ намояндагон аз сафоратхонаи Қазоқистон дар Ӯзбекистон, Кумитаи доир ба муносибатҳои байнимиллӣ ва масъалаҳои ҳамватанони бурунмарзӣ, инчунин роҳбарият ва ходимони Иттиҳоди нависандагон, меҳмонони қазоқистонӣ, раисони марказҳои миллӣ-фарҳангӣ, вакилони ҷамъиятҳои дӯстӣ ва ҷавонони фаъол иштирок намуданд. Баъд аз он дар Иттиҳоди нависандагон анҷумани байналхалқӣ таҳти мавзӯи «Абай – шоири дӯстдоштаи халқҳои ӯзбеку қазоқ» баргузор гардид. Дар анҷуман раиси Иттиҳоди нависандагон Сироҷиддин Саййид, раиси Кумитаи доир ба муносибатҳои байнимиллӣ ва масъалаҳои ҳамватанони бурунмарзӣ Қаҳрамон Сариев, мушовири сафири Қазоқистон дар Ӯзбекистон Серҷан Сарсенбоев, профессорон, пажӯҳишгарон ва намояндагони ташкилотҳои дигар иштирок намуда, доир ба ҳаёт ва фаъолият, осори баландғояи шоир ҳарф заданд. Таъкид гардид, ки шеърҳои Абайро, ки дар онҳо ғояҳои инсонпарварӣ, дӯстӣ, эҳтироми байни миллат ва элатҳо, гиромидошти арзишҳои миллӣ ифода ёфтаанд, хонанда бо як эҳсоси баланд мутолиа мекунад. Абай бо фикрҳои фалсафии худ на танҳо ба адабиёти қазоқ, балки ба олами шеърияти туркӣ ҳиссаи бузург гузоштааст. Шоир бо асарҳои машҳури худ, ки дар онҳо адолат, маънавияту маърифат, ватандӯстӣ, садоқат ба забону миллатро тараннум намудааст, дар сафи мутафаккирони шинохтаи адабиёти Шарқ ҷой гирифтааст.
Дар поёни анҷуман шоирон, санъаткорон ва хонандагони мактабҳо аз осори шоир намунаҳо қироат намуданд.
Ҳ. Абдуназаров.