Имконияту ва вазифаҳои иловагӣ дар соҳаи нассоҷӣ муайян гардиданд

  • Имконияту ва вазифаҳои иловагӣ дар соҳаи нассоҷӣ муайян гардиданд
  • Имконияту ва вазифаҳои иловагӣ дар соҳаи нассоҷӣ муайян гардиданд
  • Имконияту ва вазифаҳои иловагӣ дар соҳаи нассоҷӣ муайян гардиданд
  • Имконияту ва вазифаҳои иловагӣ дар соҳаи нассоҷӣ муайян гардиданд
  • Имконияту ва вазифаҳои иловагӣ дар соҳаи нассоҷӣ муайян гардиданд
  • Имконияту ва вазифаҳои иловагӣ дар соҳаи нассоҷӣ муайян гардиданд
  • Имконияту ва вазифаҳои иловагӣ дар соҳаи нассоҷӣ муайян гардиданд

Таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев 13 август оид ба масъалаҳои истифодаи иқтидори содиротӣ ва захираҳо дар соҳаи нассоҷӣ ҷаласаи видеоселекторӣ баргузор гардид.

Соҳаи нассоҷӣ яке аз бахшҳои асосӣ ба ҳисоб меравад, ки 3 фоизи иқтисоди кишвар ва 14 фоизи истеҳсоли саноатро таъмин мекунад. Дар ин соҳа беш аз 500 ҳазор нафар фаъолият доранд. Дар панҷ соли охир 396 корхона бо арзиши умумии 3,5 миллиард доллар ба истифода дода шудааст ва ҳаҷми истеҳсолот ба 10 миллиард доллар расидааст.

Бо вуҷуди ин, вазъияти тағйирёбандаи бозори ҷаҳонӣ, коҳиши талабот ва пастравии нархҳо зарурати андешидани чораҳои фаврии дастгириро ба миён овардааст.

Дар се соли охир нархи ҷаҳонии пахта ба ҳисоби миёна аз 3 ҳазор то 1,5 ҳазор доллар барои як тонна поин рафт. Барои мутобиқ шудан ба ин шароит, солҳои 2022–2023 се маротиба мӯҳлати қарзҳои имтиёзӣ барои хариди ашёи хоми пахта дароз карда шуд ва соли гузашта барои ҳар як тонна 1 миллион сӯм субсидия дода шуд.

Дар бисёре аз корхонаҳои нассоҷӣ қарзҳои тиҷоратӣ мавҷуданд. Танҳо 16 фоизи онҳо дорои сертификатҳои байналмилалӣ мебошанд, ки ин рақобатро дар бозори хориҷӣ душвор мегардонад.

Бекор шудани «бойкоти пахта» нисбат ба Ӯзбекистон ва ҳамроҳшавӣ ба низоми имтиёзҳои «GSP+», ки имкон медиҳад, мол ба Аврупо бидуни пардохти боҷ содирот шавад, имкониятҳои назаррас кушод. Бо вуҷуди ин, ҳамкорӣ бо брендҳои байналмилалӣ ва ҳаҷми содирот ҳанӯз ба ин шароит мутобиқат намекунад.

Бо супориши Президент барои омӯзиши чунин мушкилот, назару пешниҳоди беш аз 200 соҳибкор таҳқиқ шуд. Дар ҷаласа, бо назардошти натиҷаҳои ин мулоқотҳо, имкониятҳо ва вазифаҳои нав муайян гардиданд.

Пеш аз ҳама, ба масъалаҳои солимгардонии молиявӣ ва коҳиши арзиши аслӣ диққат дода шуд.

Имсол мӯҳлати қарзҳои кластерҳо барои ҳосили солҳои 2022–2023 бо шарти гарав то панҷ сол дароз карда шуд. Акнун, аз 1 август сар карда, кластерҳое, ки гарави зарурӣ доранд, танҳо қарзи асосиро месупоранд. Фоизҳое, ки ба Фонди кишоварзӣ ва бонкҳо ҳисоб шудаанд, баъд аз пардохти пурраи қарзи асосӣ ситонида мешаванд. Агар қарзи асосӣ ва фоизҳо сари вақт пардохта шаванд, нисфи маблағи фоизе, ки ба Фонд тааллуқ дорад, ба соҳибкор баргардонда мешавад.

Ғайр аз ин, ҷаримаи 377 миллиард сӯм, ки то 1 август барои қарзҳои ҳосили солҳои 2022–2023 ҷамъ омадааст, бекор карда мешавад. Барои 144 корхонае, ки аз рӯи қарзҳои тиҷоратӣ уҳдадориҳо доранд, чораҳои солимгардонии молиявӣ таҳия мегарданд.

Барои ҷамъоварии саривақтии ҳосили имсолаи пахта ба фермерон барои ҳар як тонна 1 миллион сӯм субсидия дода мешавад. Агар корхонаҳо пахтаро бо маблағи худ парвариш ё харидорӣ намоянд, ба онҳо 10 фоизи арзиши ашёи хом ҷуброн карда мешавад.

Барои ҳамаи корхонаҳои занҷираи нассоҷӣ меъёри андози иҷтимоӣ дар ҳаҷми 1 фоиз муқаррар карда мешавад. Ҳамзамон, талабот оид ба реестри иҷтимоӣ бекор карда шуда, ҳиссаи ҳатмии нассоҷӣ дар фурӯш аз 90 то 70 фоиз коҳиш дода мешавад.

Корхонаҳое, ки барои фарзандони кормандони худ боғчаҳои кӯдакон ташкил мекунанд, барои ҳар як тарбиягир ба шароите, ки барои муассисаҳои томактабии хусусӣ муқаррар шудааст, субсидия мегиранд.

Арзиши аслии ришта асосан аз арзиши неруи барқ вобаста аст. Дар ин замина, ба корхонаҳо иҷозат дода мешавад, ки панелҳои офтобиро, ки барои эҳтиёҷоти худ насб шудаанд, ба шабака пайваст намоянд.

Чунин чораҳо дастгирии муҳим барои рушди фаъолият хоҳанд буд. Бо вуҷуди ин, кластерҳое, ки иқтидори коркарди нахро надоранд, бояд бо корхонаҳои риштабофӣ ҳамкории самаранок ба роҳ монанд. Дар акси ҳол, аз соли оянда онҳо мақоми кластер ва ҳуқуқ ба қарзи имтиёзӣ барои ҳосили пахтаро аз даст медиҳанд. Ба Ҳукумат супориш дода шуд, ки барои чунин кластерҳо тадбирҳои молиявии ҷолиб таҳия намояд.

Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот ва содирот муфассал баррасӣ шуданд.

Нархи ришта ва матоъҳои дар кишвар истеҳсолшаванда ба ҳисоби миёна 10–15 фоиз аз рақибон баландтар аст, зеро 90 фоизи маҳсулот аз пахта истеҳсол мешавад. Дар ҷаҳон бошад, нахҳои сунъӣ ва матоъҳои омехта васеъ истифода мешаванд.

Барои таъмин намудани корхонаҳо бо ашёи хоми арзонтар, то 1 январи соли 2028 матоъҳои омехта ва маҳсулоти нассоҷӣ аз пардохти боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.

Агар якчанд корхонаи рангубор барои сохтмони иншооти тозакунӣ муттаҳид шаванд, қисми хароҷоти онҳо аз ҳисоби Ширкати рушди савдо ҷуброн карда мешавад.

Ба корхонаҳои содиротӣ барои кушодани филиалҳо дар ноҳияҳо бо маблағи то 10 миллиард сӯм, бо мӯҳлати панҷсола ва бо меъёри асосии Бонки марказӣ аз ҳисоби Ширкати рушди савдо қарз дода мешавад. Ҳамзамон, маоши тарроҳон, технологҳо, конструкторон ва маркетологҳои хориҷӣ бо шарти таъсиси на камтар аз 200 ҷойи корӣ ва пардохти музди меҳнати шоиста ҷуброн карда мешавад.

Шарти асосии баромад ба бозорҳои ҷаҳонӣ сифату мутобиқат ба стандартҳост. Дар ин робита, ба Агентии танзими техникӣ супориш дода шуд, ки ба корхонаҳои нассоҷӣ дар гирифтани сертификатҳои байналмилалӣ мусоидат намояд ва шумораи чунин корхонаҳоро то ба 300 расонад.

Муҳимияти густариши содироти либосҳои тайёр ба бозорҳои Аврупо ва ИМА зикр гардид. Масалан, дар ИМА ҳаҷми бозори бофандагӣ тақрибан 100 миллиард доллар дар як сол арзёбӣ мешавад. Бо мутобиқ кардани маҳсулот ба талабот, метавон ҷойгоҳи худро дар бозор пайдо кард. Бо ин мақсад дастур дода шуд, ки хонаҳои тиҷоратӣ дар шаҳрҳои Ню-Йорк ва Сент-Луис таъсис дода шаванд.

Вазорати корҳои хориҷӣ ва сафирон вазифадор шуданд, ки оид ба ҳамкорӣ бо брендҳои бузург «харитаи роҳ» таҳия намоянд ва онҳоро ба намоишгоҳи бузург дар шаҳри Тошканд даъват кунанд.

Зикр гардид, ки истифодаи зеҳни сунъӣ дар фаъолияти корхонаҳо метавонад даромадҳоро 20–30 фоиз зиёд намояд ва сатҳи иқтисодиёти сояро коҳиш диҳад. Аз ин рӯ, барномаи ҷорӣ кардани системаи «ERP» дар корхонаҳои бофандагӣ таҳия карда мешавад.

Дар ҷаласа масъалаи ташкилӣ низ баррасӣ шуд. Бо дарназардошти қоидаҳои босуръат тағйирёбандаи савдои ҷаҳонӣ, зарурати зоҳир намудани муносибати махсус дар идораи соҳа таъкид гардид.

Дар ин робита, Агентии рушди саноати сабук таъсис дода мешавад, ки масъули соҳаҳои бофандагӣ, чармгарӣ ва абрешимсозӣ хоҳад буд. Барои агентӣ фонди алоҳида ташкил мегардад, ки тавассути он дастгирии давлатӣ ва воситаҳои гардиши имтиёзнок ба корхонаҳо дода мешавад. Ҳаҷми фонд 200 миллион долларро ташкил медиҳад. Дар назди агентӣ шӯрои соҳибкорони соҳибтаҷриба таъсис дода мешавад.

Сохтори нав якҷо бо ин шӯро барои коҳиш додани арзиши аслӣ, зиёд кардани нишондиҳандаҳои истеҳсолот ва содирот, рушди ҳамкорӣ ва барқарорсозии молиявии корхонаҳое, ки бо иқтидори паст кор мекунанд, масъул хоҳад буд. Ҳамчунин вазифа гузошта шудааст, ки мушовирони байналмилалӣ ҷалб карда шаванд ва барномаи рушди бофандагӣ то соли 2030 таҳия гардад, инчунин соҳаҳои чармгарӣ, абрешимсозӣ ва қолинбофӣ густариш ёбанд.

Сарвазир вазифадор карда шуд, ки аз болои иҷрои вазифаҳои гузошташуда назорати қатъӣ ба роҳ монад.

Дар ҷаласа таҷрибаи пешқадам мавриди баррасӣ қарор гирифта, андешаҳои роҳбарони соҳа ва соҳибкорон шунида шуданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: