Боиси ифтихор аст, ки Ӯзбекистон ба халқу миллатҳое, ки аз замонҳои қадим то ба имрӯз дар ин сарзамин умр ба сар мебаранд, дар доираи Конститутсия шароити мусоид фароҳам овардааст. Махсусан, халқҳои тоҷик ва ӯзбек аз ин имконот истифода карда, дар фазои дӯстона умр ба сар мебаранд ва дар пешрафти кишвар ва таҳкими дӯстии халқҳо намунаи дигарон мебошанд.
Ду симо – ду рухи дилҷӯй ду халқ,
Худоҷӯву таологӯй ду халқ.
Ба рӯйе, ки дар он нури илоҳ аст,
Яке чашму яке абрӯй ду халқ.
Муҳаммадҷон Шодӣ
Муҳаммадҷон Шодӣ аз зумраи ҳамин гуна адибони хушназари тоҷик аст, ки кайҳо номаш дар миёни хонандаи тоҷику ӯзбек маълум ва навиштаҳояш мақбули ҳамагон гардидаанд. Вай аъзои иттифоқҳои нависандагони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон буда, дафтарҳои назмиву насриаш бо тоҷикиву ӯзбекӣ дар ҳарду ҷумҳурӣ ба нашр расидаанд, каломи гуҳарбори тоҷику ӯзбекро ғанӣ гардондаанд. Соли 2023 бошад, маҷмӯаи ашъораш бо номи «Ояти сабз» таҳти ҳомигии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон чоп гардид, ки беҳтарин сурудаҳои ӯ дар солҳои охирро фаро гирифта, муҳтавои қисми зиёди шеърҳояшро дӯстиву бародарӣ, ҳамдиливу пайвандӣ, қадрдониву қадршиносии фарзандони ду халқи ҳамсоя ташкил менамояд.
Ҳамин муҳити созанда ба Муҳаммадҷон илҳом бахшидааст, ки маҷмӯаи нави худро бо номи «Ӯзбегу тожик – қошу кӯз» («Ӯзбеку тоҷик – абрӯву чашм») (Тошканд, «Elnur print», 2025) омода намояд ва пешкаши дӯстдорони шеъру сухан гардонад. Маҷмӯа аз се фасл иборат буда, аз ҳамкории фарҳангиву адабии ду халқи бародар нақл менамояд.
Дар фасли аввали китоб мақолаҳо ба забони ӯзбекӣ, ки дар саҳифаҳои матбуоти Ӯзбекистон ба нашр расидаанд, ҷамъоварӣ шудаанд.
Дар ин мақола ва очеркҳои адабӣ нависанда ва рӯзноманигор бештар масъалаҳои таъсирпазирии адабиёт, ҳамкории адибони тоҷику ӯзбек, нақши анъана дар шаклгирии осори адабӣ ва робитаҳои адабии халқҳои тоҷику ӯзбекро мавриди таҳлил ва тасвир қарор додааст. Адиб кӯшиш кардааст, ки доманаи ҳамкориҳои адабиро, ки таърихи ниҳоят қадимиву ибратомӯз дорад, нозукбинона пеши назар оварад ва моҳияти онро ҷиҳати таҳким гардидани дӯстии ду халқи ҳамсоя таъкид созад.
Дар мақолаи «Ӯзбегу тожик – қошу кӯз» муаллиф аз таърихи дӯстии тоҷику ӯзбек ёдовар шуда, саҳми Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоиро дар таҳкими дӯстӣ ва тарбияи маънавии адибону олимони муҳити Ҳирот махсус таъкид карда, бо таъсири анъанаи неки бародарӣ то замони мо расидани ин дӯстиро шарҳ медиҳад ва ба хидмати шоистаи устод Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Абдулло Қаҳҳор, Ғафур Ғулом ва дигарон, ки дар ташаккулу пешрафти ҳамкориҳои адабӣ нақши шоиста гузоштаанд, бо муҳаббат ва самимият ҳарф мезанад. Чунин раванди ҳамкориҳоро ба инобат гирифта, муаллиф халқҳои тоҷику ӯзбекро ба «чашму абрӯ» ташбеҳ медиҳад ва онҳоро ҳампайванд медонад.
Дар дигар мақолаҳои ӯзбекии муаллиф низ дӯстиву бародарии халқҳои тоҷик ва ӯзбек васф шуда, мояи сарбаландии мардуми ду кишвар будани ин арзиши баланди инсонӣ таъкид мешавад. Вай бештар ба таърихи муносибатҳои халқҳои тоҷику ӯзбек ишора карда, робитаи илмиву адабиро беҳтарин омили дӯстӣ миёни ду халқ медонад.
Дар ин маҷмӯа чаҳор шеъри ватандӯстонаи ӯ «Бародарзодаи асл», «Раҳи испед бар ту, эй сиёсат», «Ватандорем мову ту» ва «Қасидаи Ватан» ҷой гирифтаанд, ки аз нигоҳи мазмуну муҳтаво ҷолиб буда, ҷанбаи баланди ватандӯстона доранд.
Шеъри «Бародарзодаи асл» ба ташрифи навбатии Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон бахшида шуда, дӯстиву бародарии ду халқ – тоҷику ӯзбек ва муносибати некбинонаи онҳоро ифода менамояд. Шоир ба моҳияти мавзӯъ бештар аҳамият дода, тоҷику ӯзбекро ба «ду бол»-и мурғи асотириву афсонавии Ҳумо ташбеҳ медиҳад ва то ба «авҷи само» расидани ҳамдиливу ҳамбастагии онҳоро ситоиш мекунад. Шоир ба Сарвари тоҷикон сано хонда, мисли ҳамтои худ муҳтарам Шавкат Мирзиёев таҳкимбахши дӯстӣ будани ӯро таъкид мекунад ва маҷозан «аз боғи дӯстӣ» гули меҳру муҳаббат ва рафоқату бародарӣ чидани Меҳмони Олиқадрро шоирона тасвир менамояд. «Тоҷи сар кардан»-и меҳмон суннати ҳар ду халқ мебошад. Шоир ҳамин таъбири мардумиро ба маврид истифода карда, хурсанду масрур будани мардуми ӯзбекро аз ташрифи Сарвари ҳамсоя фоли нек маънидод менамояд:
Марҳабо, хуш омадед, эй нури дида, марҳабо,
Гул зи боғи меҳри ҳар ду халқ чида, марҳабо!
Омадеду Ӯзбекистон даст дар пеши бар аст,
Пешвои Тоҷикистон тоҷ болои сар аст.
Ӯзбеку тоҷик ду шохоби як дарё бувад,
Бо ҳама дарёдилӣ бар дидаи ҳам ҷо бувад.
Гар яке боли Ҳумо, дигар пари мурғи Ҳумо,
Бахти мо дар ҳамдилӣ, парвозгаҳ авҷи само...
Чашм агар ӯзбек, абрӯ тоҷик асту рӯй бин:
Ҳаст дар дунё бародарзодаи асл инчунин?
«Ватандорем мову ту», чи хеле ки аз номаш маълум мешавад, ҷанбаи баланди меҳанпарастона дорад. Шоир соҳиби давлатҳои мустақил гардидани халқҳои тоҷику ӯзбекро васф карда, аз таърихи гузашта ёд мекунад ва онҳоро зодагони Мовароуннаҳри бузург медонад. Ғояи ҳамдилӣ ва ҳамсоягӣ пояи мазмуни шеъри мазкурро ташкил медиҳад.
Дар «Қасидаи Ватан» ба қасди равшан кардани хотираи таърихӣ афтода, муносибатҳои дӯстонаи ду халқро аз гузаштаи дур то қарни бист ёдовар мешавад. Вай аз тоҷикияти худ ифтихор карда, тавассути хотираи фарҳангиаш аз чеҳраҳои асотириву афсонавӣ, симоҳои таърихӣ ва шахсиятҳои адабиву фарҳангии гузашта ёд мекунад ва аз насли Шераку Спитамен, Оли Сомон, Рӯдакӣ, Ҷомӣ, Айнӣ, Турсунзода ва дигарон будани худро ба такрор ишора мекунад. Барои шоир гузаштаи пурифтихори халқи тоҷик мояи ғуруру фараҳмандист. Руҷӯи ғиноӣ ба шоир имкон медиҳад, ки фосилаи замониву макониро дар шеър васеъ намояд ва корнамоиву диловарии фарзандони бонангу номуси тоҷикро хотировар шавад.
Дар фасли сеюми китоби мазкур мақола ва очеркҳои адабии Муҳаммадҷон Шодӣ, ки дар рӯзномаи «Овози тоҷик» интишор гардидаанд, ҷамъ омадаанд. Ин мақолаҳо бештар ба мавзӯи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек бахшида шуда, робитаи адабии шоирону адибони гузаштаву муосирро фарогир мебошанд. Ҳамзамон муаллиф кӯшидааст, ки ба мақому мартабаи баъзе аз чеҳраҳои адабиву илмӣ ва фарҳангӣ аз назари шахсии худ баҳо диҳад ва ҷойгоҳи онҳоро дар рушди илм, адабиёт, фарҳанг, санъат ва мусиқӣ дуруст муайян намояд. Масалан, вай дар мақолаи «Хидматҳои бузурги Айнӣ дар равнақи ду адабиёт» ба шахсияти адабии Устод Айнӣ баҳои баланд дода, хидмати ӯро дар пешрафти адабиёти тоҷик ва ӯзбеки садаи бистум бесобиқа медонад.
Баъзе мақолаҳои Муҳаммадҷон Шодӣ ба санъат, кино ва мусиқии ду халқ бахшида шудаанд. Дар мақолаҳои «Равобити эҷодии адибону киносозон ва самараи ин ҳамкориҳо», «Актрисаи тоҷик дар «Ӯзбекфилм», «Сутуни санъати кинои ду халқ», «Онҳо театр месохтанд», «Муноҷот»-и тоҷикӣ ва ӯзбекӣ», «Сарнавиштҳои ба адабиёт ва санъат пайваст», «Сайрамимиз – байрамимиз» мегӯянд дар Ӯзбекистон», «Забони падариам тоҷикист» мусанниф ба фаъолияту ҳамкориҳои пурсамари ҳунармандону коргардонҳо ва ҳофизону санъаткорон диққати аввалиндараҷа дода, саҳми онҳоро дар рушди фарҳангу санъат ва таҳкими дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек бесобиқа медонад.
Чанд мақолаи адиб ба нависандагону шоирони ӯзбек ва таъсирпазирии назму насри тоҷик ба адабиёти ӯзбек бахшида шудаанд. Вай дар мақолаи «Мирзо Бобур порсигӯ низ буд» дар баробари ба забони туркӣ эҷод кардан, донандаи хуби забони форсӣ-тоҷикӣ будани Бобурро таъкид карда, аз намунаҳои ашъори тоҷикиаш мисолҳо оварда, равобити дӯстонаи ду халқро дар муносибати Бобур ба адабиёти тоҷик дуруст тавзеҳ медиҳад.
Қисми дигари мақолаҳои адиб ба робитаи адибони тоҷик ва ӯзбек бахшида шудаанд.
Дар мақолаи «Рӯзи забони тоҷикӣ дар Тошканд» аз ташаббуси созандаи Президенти Ӯзбекистон Ш. Мирзиёев ҷиҳати арҷгузорӣ ба забону анъанаи халқҳои муқими Ӯзбекистон ёд карда, дар Тошканд – пойтахти мамлакати ҳамсоя доир шудани «Рӯзи забони тоҷикӣ»-ро ба ҳамаи тоҷикони Ӯзбекистони бародар табрик мегӯяд ва онро яке аз омилҳои таҳкими дӯстӣ миёни ду халқ медонад.
Бояд гуфт, ки мақолаҳои Муҳаммадҷон Шодӣ бисёр масъалаҳои муҳимми фарҳангиву адабиро дар бар гирифта, ҷиҳати муаррифии шоистаи адибону олимони ду кишвар ва ҳамкориҳои адабиву эҷодии онҳо нақши назаррас мебозанд. Ҳамзамон, дар аксари мақолаву очеркҳояш адиб ҷонибдори дӯстиву рафоқат будани худро ошкоро баён карда, тарафдори таҳкими дӯстӣ миёни ду халқ мебошад. Вай решаи дӯстиро таҳким бахшида, хоҳони устувориву пойдории муносибатҳои дӯстона ва бародарона миёни халқҳои тоҷик ва ӯзбек мебошад. Бовар дорем, ки хонандагон тавассути ин маҷмуа ба меҳрномаи Муҳаммадҷон Шодӣ шинос шуда, барояш бурдборӣ таманно хоҳанд кард.
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА,
Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон
дар Ӯзбекистон, узви Раёсати Иттифоқи
нависандагони Тоҷикистон, академики Академияи
миллии илмҳои Тоҷикистон.