Ба истиқболи истиқлолияти давлатӣ

Истиқлолияти давлатӣ ва ислоҳоти ояндасоз шароит ва имкониятҳо фаро овардааст, ки дар ҳар як гӯшаи ҷумҳуриамон бунёдкориву созандагӣ ба назар мерасад. Созандагиву бунёдкориҳо имконият фароҳам меоваранд, ки аҳолӣ бо шуғли доимӣ фаро гирифта, зиндагии мардум рӯз то рӯз фаровон мегардад.

Лоиҳа омода аст, ки дар Нурато 2 корхонаи истеҳсолкунандаи санги мармар бунёд мегардад. Барои бунёди ин корхонаҳо 200 миллион доллар сармоя ворид гардида, 560 ҷойи корӣ тайёр мешавад. Соле маҳсулоти тайёрро ба миқдори 40 миллион доллари амрикоӣ экспорт мекунанд.
Ноҳияҳои Конимех, Томдӣ ва Учқудуқ ба чорвопарварӣ тахассусонида шудаанд. Дар ҳудудҳои номбурда 3 миллион гектар чарогоҳҳо мавҷуд буда, аз сабаби беобӣ мавриди истифода қарор надошт. Ин муаммо роҳи ҳаллу фасли худро пайдо намудааст. Дар нақша аст, ки дар ҳар 5 гектар замин яктогӣ, ҷамъ 660 дона чоҳи артезианӣ кофта мешавад. Ҳамчунин бо сармояи соҳибкорони Чин растании ба беобӣ тобовари «Ning tiao» кишт карда, ба рушди чорвопарварӣ имконият муҳайё мекунанд.
Бо мақсади ривоҷ додани чорвопарварӣ аз Муғулистон ба ноҳияҳои Томдӣ, Учқудуқ, Конимех, Нурато 8 ҳазор, ба ноҳияҳои Қизилтепа, Навбаҳор, Хатирчӣ ва Кармана 4,5 ҳазор, ҷамъ 50 ҳазор сар гӯсфанд оварда мешавад. Ин аст қадами нав ба барҳам додани камбизоатӣ ва бо шуғли доимӣ таъмин намудани аҳолӣ.

Ӯзбакбойи Раҳмон,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Навоӣ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: