Аз ҷониби кооперативи «Сӯх шафран», ки дар ноҳияи Сӯх фаъолият мебарад, корҳои парвариши заъфарон, чидану саракунии гул ва ба экспорт тайёр кардани он ба роҳ монда шудааст.
Агар соли гузашта аз панҷ гектар майдон беш аз 20 килограм ҳосил гирифта бошанд, дар соли ҷорӣ 50-60 килограм ҷамъ овардани ашёи хоми қиматбаҳо пешбинӣ шудааст. Маҳсулоти тайёр ба бозорҳои дохиливу берунӣ бароварда мешавад. Рӯзҳои наздик «Сӯх шафран» таҳти тамғаи худ ба давлатҳои Қувайт ва Эрон экспорт намудани заъфаронро оғоз менамояд.
Хидмати матбуоти ҳокимияти вилояти Фарғона.