Хуч, настарин, насрин. Ин гиёҳ-растании муолиҷавӣ манбаи витамини «с» буда, дар табобати халқӣ ва саноати истеҳсолоти дору васеъ ба кор бурда мешавад. Вай бобати мустаҳкамгардонии иммунитет, муолиҷаи шамолхӯрӣ, камхунӣ, фишори баланди хун, тозакунии раг, банду буғум ва ғайра аҳамият дорад. Аз ин гиёҳ намудҳои гуногуни чой ва нӯшокиҳо тайёр карда мешавад.
Хоҷагии фермерии «Шуҳрат»-и ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Сӯфикоргар»-и ноҳияи Бухоро бо истеҳсоли ин гиёҳи табобатӣ машғул аст. Дар 41 гектар майдон хуч рӯёнда шуда, ба харидорони маҳаллӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла, ба Русия фиристода мешавад. Деҳқонони хоҷагӣ аз ҳар гектар майдон ба ҳисоби миёна 8-10 тоннагӣ ҳосил мегиранд. Меҳнатдӯстони хоҷагӣ соли гузашта ба маблағи 100 ҳазор доллари ИМА маҳсулотро ба Русия содир карданд. Онҳо ният доранд имсол ин натиҷаро ду баробар афзоиш диҳанд. Дар хоҷагии фермерӣ барои зиёд намудани ҳосилнокии плантатсияҳо чораҷӯӣ карда мешавад.
Амрулло Авезов,
хабарнигори «Овози тоҷик».