Ҷомаи модарам

Бо даргузашти модарам доду фиғони пайвандон ба фалак печид. Ман бо дили реш, дар домани ғам печида, дунболи Хуршед мегаштам, аммо на аз нуре дарак буд, на аз гармие... Дар чор сӯ хурду калон ашк мерехт, осмону замин гиря мекард, дигар ҳеч касе маро намегуфт: «Писарам, биё ба оғӯшам».

То рӯзи панҷшанбе дар манзили падарӣ мондам, чор рӯзи мусибату мотам гузашт. Ғайри ихтиёр, оби дида чун ҷӯйи об рафт, дуою муноҷотҳо гӯши фалакро кар кард. Аз он пас, маросими панҷшанбе гузашту ҳама дубора ба чор сӯ – ба дару хонаҳои худ раҳсипор шуданд. Ба ман низ ҳамсари бераҳм гӯшзад кард: «Кафшатонро пӯшед, бо доду вой оча барнамегардад. Дар ҳар куҷо дуо хонед қабул аст». Ин суханаш аз ҳарфҳои ман буд, ки бо лабханд гуфт. Шайтон.
Ман кафшамро ба по карда, ҳарисона ба атроф чашм медӯхтам, дунболи нуре, танӯре мегаштам, аммо он чӣ дилам мехост, он чеҳраи офтобие, ки қалбамро рӯшан месохт, набуд. Дар миёни ин тӯфони дилноканданӣ чашмам ба мехи кӯфта дар девори даҳлез афтод ва ба ҷомаи фарсудаи нурогине, ки дар он овезон буд. Ҳамоно ба қафо гаштам, он қабои офтобиро, ки гӯӣ, бӯйи аҳуроӣ дошт, бо ишқу меҳру муҳаббати беохир рӯйи даст гирифтам, ба дидаҳоям молидам ва сипас хомӯшу сархам аз хона бадар рафтам...
Даҳ соли тамом ҷомаи беқасами модарам бо ман аст. Ҳамон ҷомае, ки модари худкафоям даҳ соли расо субҳу шом, фасли поизу зимистон ба бар мекашиду аз тан ҷудо намекард.  Инак, ҳар шаб ман бо модарам мехобам – бо бӯйи муаттару бонишоташ, бо руҳи зиндааш. Ҷомаи ёдгориро дар зери болинам мемонам, хумор мешиканам, бо ёди модари меҳрабонам ба хоб меравам.
Се рӯз пеш шаб шуду ман «девона». Ҳар чӣ мегаштам, ҷомаи модарамро намеёфтам. «Кӣ гирифт!» – дод задам ба очааш. «Ҷомаи маро надидӣ?» – пурсидам аз духтарам. Ва ӯ тозон ҷомаи шоҳии кӯчапӯшиамро аз гиреҳ гирифта омад. «Э вой, ман ҷомаи модарамро мехоҳам!» На очааш, на духтарам аз ҷома дарак доштанд, ҳар ду гунаҳкорона худро ба кунҷи хона кашиданд. Чун очааш аз қазия огоҳ буд, бо хотири парешон тахмин кард: «Шояд келин дар ҷое монда бошад, аз хонаи очааш ояд, мепурсем».
Он шаб хобам набурд. Магар мешавад бе модар хоб кард? Шаби дароз аз як паҳлу ба паҳлуи дигар мегаштам, дар бистари хоб нагунҷида сари по мехестаму дар ҳавлӣ қадам мезадам. Ману ҳавлӣ – яке бо хаёли гиҷ, дигаре бехаёл. Ману ситораҳои осмонӣ – яке дилхира, дигаре тобону дилшод. Аҷаб, чӣ рӯзе ба сарам омад...
Субҳ дамиду чашми рӯз кафид. Дубора шом фаро расид. То ин ҷо, дигар, тоқатам тоқ шуд. Ҳарчанд медидам очааш аз кофтукови ҷома ҷонаш ба сер омада буд, ба ӯ дод задам:
– То омаданаш мунтазир намемонем, ба келинат занг зану пурс, шояд вай гирифта бошад?!
Бо гӯшии ҳамроҳ ба дохил рафт.
Ману саҳни ҳавлӣ, наистода қадам мезанам. Шояд дар умрам ин қадар қадам назада будам, поҳоям ба дард даромад. Канор рафтаму дар гӯшаи тахти зери олочиқ нишастам. Яке дуртар суроби зан намоён шуд. По чида, бо эҳтиёт қадам мениҳод. Садо баланд кардам:
– Чӣ гап, суҳбат кардӣ?!
– Оре...
– Чӣ гуфт?
– ...
– Ман аз ту мепурсам, келинат гирифтааст?
– Ҳа...
– Худоро шукр, охир, зудтар ҳаминро намегӯйӣ? Дар куҷо мондааст?
– ...
– Чаро дар даҳонат об гирифтаӣ, гап зан!
Садояш гирифтаву ларзон баромад, канда-канда гуфт:

– Либоси куҳна гуфта... ба қуттии партовҳо...
– А-а?!
– Ҳа. Имрӯз мошини партовкаш ҳам омада буд...
Хун ба сарам зад, пеши чашмонам торик шуда рафт. Беҳол даст рӯйи нардаи кат гузоштаму сар болои даст.
Шаби дуюм бо молихулиёӣ гузашт. Ману ҳавлии беғам ва ситораҳои тобон. Гоҳе бо худ будаму гоҳе бехуд. Аҳёнан модарамро дар оинаи зеҳни худ медидам, бо сари хам узру пӯзиш мехостам: «Очаҷон, ин писари ношудатро бубахш. Танҳо ҳамон ҷомаат бароям ёдгорӣ буд, аммо саришта накардам... Ин писари бепарвоятро бубахш...»
Рӯзи сеюм фаро расид. Рӯзи сеюми ҷудоӣ аз модар! Бо сари гиҷу чашмони сурхшуда бар сари суфра нишастам. Куҷо, ҳеч чиз аз гулуям нагузашт, субҳона бароям нораво!
Бо дили мағшушу хаёли парешон либоси тоза пӯшидам. Азбаски ламъаи умеде ба қалбам роҳ ёфта буд, худро каме осуда ҳис кардам. Бо ҳамин умедворӣ роҳи идораи ҷамъоварӣ ва дафъи партову пасмондаҳои шаҳриро дар пеш гирифтам. Дар роҳ мерафтаму ҷомаи ёдгории беқасам бо сад ҷило дар пеши назарам ҷилвагар мешуд. Аз рах-рахиҳои сапеду қирмизиаш гирифта то риштаҳои кашоли доману остинҳояш ва узораҳои фарсудаи пахмоқишудааш ба чашмам метофт. Бо вуҷуди ин дурӣ ҳам, ҷомаро дар бағал зер мекардам, ба суратам часпонида бӯ мекашидам, дар рӯ ба рӯйи худ модарамро бо нигоҳҳои гарму лабханди доимиаш медидам. Алайҳи ин орзуҳои ширин хаёле шайтонӣ маро ба зиқӣ мекашид. «Аллакай ба ҷар, ба тӯдаи пасмондаҳо партофтагистанд, намеёбам, – мегуфтам дар дил, –ҷома аз даст рафт».
Дар назди утоқи нигаҳбонӣ пирамарди ришсапеде ба пешвозам баромад. Гурги борондида аз чашмҳоям хонд, ки нигароние дорам. Бо лаҳни мулоим пурсид:
– Чизеро гум кардӣ, писар?
– Бале, азизтарин чизамро аз даст додам. Сахт дилгиру парешонам, бобо.
– Худатро ба даст гир, ҳама чиз ҷойгузини худро дорад. Худо бандаҳои худро ноумед намекунад. Чӣ мусибат ба сарат омад?
– Мусибат не, аммо ҷомаи модарам ба партовгоҳ рафт. Он бароям бениҳоят азизу муқаддас буд.
– Бачаҳои мо он қадр бетафовут нестанд, ки ту фикр мекунӣ. Агар рӯзаш маълум бошад, мошинҳои навбатдори ҳамон рӯзро пурсуҷӯ мекунем. Аҷаб нест, ки гирифта дар канор монда бошанд.
– Ман ҳам бо ҳамин умед омадам, бобо.
Пирамард ба пеш даромад. Ҳарду ба мошинпойгоҳи пушти идора гузаштем. Эҳ-ҳе, замин таркида мошин баромадааст гӯё, чашмонам сиёҳӣ зад. Ҳамроҳи мӯсафед ба назди хонаи хурдаке, ки бо рангубори сапед ва сақфи қаҳваирангаш хеле тозаву ороста ба назар мерасид, рафтем. Ҷавони нозим дарҳол мошинҳои ду рӯз пешро маълум сохт ва аз остонаи хонаи кориаш охирин ради мошинҳоро нишон дода гуфт:
– Ба он сӯ гузаред, он рӯз аз кӯчаи шумо Анвар гузаштааст.
Аз ман бештар пирамард саргарми кофтуков шуда буд, ӯ мехост кори савобро то охир расонад. Ҳамин ки ба қатори поёнӣ расидем, ӯ ронандаи мошинро канортар дар сояи дарахти тут дида, ба ҳамон сӯ рафт. Ман бошам, кунҷковона аз пеши мошини партовкаш давр зада, ба самти рости он, ки дараш боз буд, гузаштам. Ба дохили кобин чашм дӯхтанамро медонаму ҳоли аз худ рафтаамро! Бо чӣ забоне гӯям, ҷомаи модарам таҳ хӯрда дар миёни ду сандалӣ мехобид! Бо хушҳолӣ фарёд задам:
– Бобо, ҷомаи модарам инҷост!
Пирамарду ронанда бо шитоб ба сӯйи ман омаданд. Хурсандии маро, ки мисли бачаҳо даст афшонда шодмонӣ мекардам, дида, онҳо низ ба завқ омаданд ва пушти ҳам маро ба оғӯш кашида табрик гуфтанд.
Шоду мамнун, ду-се сӯмӣ ба ҳар ду ширинкома додам ва бо бӯю ҳавои модарам ба хона баргаштам.
 

Юнуси ИМОМНАЗАР

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: