Дар ин рӯзҳое, ки дар кишвари мо барои ҷашни густурдаи 34-солагии истиқлолият омодагии гарм дида мешавад, дар ноҳияи Деҳнави вилояти Сурхондарё корхонаи «HUMO NEW ENERGY» ба истеҳсоли мошини замонавии боркаши сабук оғоз намуд.
Ба ин муносибат маросими тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ҳамчунин кормандони воситаҳои ахбори омма иштирок карданд.
Бо ташаббуси Президенти кишварамон дар Ӯзбекистони Нав ба рушди босуръати ҳамаи соҳаҳои саноат, аз ҷумла саноати муосири автомобилсозӣ, диққати махсус дода шуда, ин соҳа ба «нуқтаи рушди» муҳими иқтисодиёт табдил дода мешавад. Ҳоло маҳсулоте, ки бо тамғаи «Made in Uzbekistan» истеҳсол мешаванд, на танҳо дар бозори дохилӣ, балки дар бозорҳои байналмилалӣ низ бо рақобатпазирӣ ва сифати худ талаботи зиёд доранд.
Дар ин ҷараён, корхонаҳои минтақаҳо ва ғояю пешниҳодҳои пешқадам ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта, барои фаъолияти устувори онҳо тамоми имкониятҳо фароҳам оварда мешаванд, ки ин ба афзоиши ҳаҷми истеҳсол мусоидат менамояд.
Корхонаи нав, ки бо кумаки ҳокимияти вилояти Сурхондарё ва Иттиҳоди «Ӯзэлтехсаноат» дар ноҳияи Деҳнав бунёд ёфтааст, намунаи равшани ин раванд мебошад.
Лоиҳаи бузурги корхонаи «HUMO NEW ENERGY»-и ноҳия, ки арзишаш 30 миллион доллар аст, имконият дорад, дар як сол то 5 ҳазор дона мошини муосири боркаши сабук истеҳсол намояд. Дар доираи ин лоиҳаи умедбахш дар оянда истеҳсоли воситаҳои нақлиёти арзон, босифат ва қулайи боркаши сабук, ки бо неруи барқ ҳаракат мекунанд, низ пешбинӣ шудааст. Як ҷиҳати дигари ҷолиби ин лоиҳа он аст, ки аксари қисмҳои эҳтиётии зарурӣ барои истеҳсол маҳз дар ҳамин ҷо, дар дохили кишвар, истеҳсол мешаванд. Ин иқдом ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти тайёри ивазкунандаи воридотро чанд маротиба зиёд карда, барои таъмин намудани бозори дохилӣ бо моделҳои арзон, босифат ва қулайи воситаҳои нақлиёт аҳамияти муҳим дорад.
Дар айни ҳол, дар корхонае, ки 150 ҷойи корӣ офаридааст, аксари ҷавонони коргар хатмкунандагони муассисаҳои таълими касбӣ буда, дорои дониш ва малакаҳои кофӣ дар соҳа мебошанд. Ба гуфти мутахассисон, мошинҳои сабуки боркаше, ки дар корхонаи нав истеҳсол мешаванд, ҳам дар байни аҳолии маҳаллӣ ва ҳам дар хориҷ талаботи баланд доранд. Пас аз ба таври пурра ба кор андохтани корхона, қисми асосии маҳсулот ба хориҷи кишвар содир хоҳад шуд. Ҳамчунин, дар марҳилаи дуюм, соҳаи истеҳсол густариш ёфта, истеҳсоли мошинҳои боркаши сабуке, ки бо неруи барқ ҳаракат мекунанд, низ ба роҳ монда мешавад.
Иштирокчиёни чорабинӣ аз наздик бо раванди кор ва шароити фароҳамгардидаи корхонаи нав шинос шуданд.
– Ноҳияи мо аз қадим яке аз ҳудудҳои савдо ва хидматрасониаш рушдкардаи вилоят аст, – мегӯяд собиқадори меҳнат Яздон Худойқулов. – Аммо то имрӯз саноат дар сатҳи хеле паст қарор дошт. Солҳои охир дар минтақа тағйироти калон ба амал омада, саноати муосир рӯ ба рушд ниҳод. Масалан, истеҳсоли мошини боркаши сабук дар Деҳнав барои мо як навоварии ғайриинтизор буд. Дар оянда дар ҷо истеҳсоли мошинҳои барқӣ низ ба роҳ монда мешавад. Ҳамчунин, фаъолияти садҳо ҷавонон дар минтақаи саноатии ҳамсоя нишонаи равшани таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба рушди саноат дар ноҳия мебошад. Барои ҳамаи ин мо ба роҳбари давлати худ изҳори сипоси бепоён мекунем. Дар чорабинӣ ҳокими вилояти Сурхондарё Улуғбек Қосимов иштирок намуд.
Холмуъмин МАМАТРАЙИМОВ,
мухбири ӮзА.
Суратҳои ӮзА.