Имрӯз вазъи экологӣ дар ҷаҳон мураккаб аст. Офатҳои табиӣ ва хушксолӣ рӯ ба афзоиш доранд. Ин ҳолат дар соҳаи кишоварзӣ ҳам ислоҳотҳои илмӣ ва ҳам ҳуқуқиро талаб мекунад.
Дар Ӯзбекистон низ шумораи аҳолӣ афзоиш меёбад. Шохаҳои иқтисодиёт васеъ шуда истодаанд. Талабот ба об сол то сол меафзояд. Дар чунин вазъ ду зарурати бисёр муҳим ба миён омад: аввал, ҷорӣ кардани тартиботи нав дар истифодаи об; дуюм, сарфакорона истифода бурдани он.
Кодекси оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳз бо назардошти чунин зарурат омода шудааст. Ин кодекс меъёрҳои Қонун «Дар бораи об ва истифодаи об», 8 фармон ва 14 қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 26 қарори Ҳукуматро муттаҳид кард. Дар натиҷа, кодекси мукаммалу системавӣ таҳия гардид.
Вазифаҳои асосии Кодекси об таъмини устувори аҳолӣ, бахшҳои иқтисодиёт ва низомҳои экологӣ бо об, идоракунии оқилонаи захираҳои об бо дарназардошти тағйирёбии иқлим, ҳифзи об аз олудагӣ, ифлосшавӣ ва камшавӣ, пешгирии таъсири зараровари он, инкишофи механизмҳои иқтисодӣ дар соҳаи муносибатҳои вобаста ба об, аз ҷумла ҳамкории давлативу хусусӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ҳамаи иштирокдорони ин муносибатҳо ва рушди ҳамкории байнидавлатӣ дар ин соҳа мебошанд.
Инчунин, бо дарназардошти хусусият ва мураккабии соҳа, барои таъмини кори мустақими кодекс ва дуруст шарҳ додани ҳар як меъёр, дар ҳуҷҷат 34 мафҳуми асосӣ муайян шуда, барои ҳар як истилоҳ таърифи алоҳида дода шудааст, ки ин барои мутахассисони соҳа қулайӣ фароҳам меорад.
Қайд кардан зарур аст, ки дар кишвар айни ҳол 463 объекти хоҷагии об бо арзиши умумии 6,4 трлн сӯм ба идораи бахши хусусӣ супурда шудаанд. Дар доираи ин лоиҳаҳо 110 млрд. сӯм сармоягузорӣ карда шуда, тақрибан 90 агрегати насосӣ таҷдид гардидааст. Ин корҳо идома доранд ва боз 500 объекти хоҷагии об бо арзиши умумии 10 трлн. сӯм ба идораи бахши хусусӣ супурда мешаванд.
Бо дарназардошти ин, дар Кодекс шартҳои ҷорӣ кардани механизмҳои ҳамкории давлативу хусусӣ дар соҳаи хоҷагии об нишон дода шудаанд. Асоси ҳуқуқии механизми супоридани объектҳои хоҷагии об ба бахши хусусӣ муайян гардида, мувофиқи он соҳибкорон метавонанд дар ҳудудҳои худ ҳамаи объектҳои обро мустақилона идора кунанд ва тавассути муосирсозии онҳо барои сарфаи об чораҳо андешанд.
Яке аз меъёрҳои муҳими дигаре, ки дар Кодекс зикр шудааст, ин аст, ки шартҳои гирифтани иҷозатнома барои истифодаи об содда гардонида шуд. Яъне, ҳангоми гирифтани об аз ҳавзаҳои сунъии об дар ҳолате, ки ҳаҷми об аз 5 метри мукааб дар як шабонарӯз зиёд набошад, дигар зарурати гирифтани иҷозатнома вуҷуд надорад. Ин меъёр тартиби истифодаи обро барои тақрибан 110 ҳазор нафар, яъне зиёда аз 80 фоизи истифодабарандагони об сода мегардонад.
Илова бар ин, мафҳумҳои норасоии шадиди об ва хушксолӣ, инчунин механизмҳои нави тақсими оби обёришаванда байни истеъмолкунандагон муайян карда шуданд. Ҳоло, вақте ҳаҷми об аз 50 фоиз кам шавад, тартиботи нави авлавиятнок дар истифодаи об ҷорӣ мегардад ва барои ҳар як манбаи об лимитҳо ва барои ҳар як истеъмолкунанда квотаҳои гирифтани об муқаррар карда мешаванд. Дар ин ҳолат, истеъмолкунанда метавонад оби аз квотаи худ сарфакардашударо ба истеъмолкунандаи дигар бо шартнома диҳад ё фурӯшад. Ин амал ҳуқуқи баробари ҳамаи истифодабарандагони обро таъмин намуда, онҳоро ба истифодаи самараноки об ҳидоят мекунад.
Дар Кодекс самтҳои авлавиятноки истифодаи об ҳамчун қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти оби нӯшокӣ ва маишии хоҷагӣ, инчунин эҳтиёҷоти табобатии аҳолӣ, ҳадафҳои санитарӣ ва экологӣ, саноат, энергетика ва соҳаи хизматрасонӣ, кишоварзӣ, моҳипарварӣ, чорводорӣ, парандапарварӣ, қитъаҳои замини наздиҳавлигии шахсӣ (дар ин ҳолат майдонҳое, ки бо технологияҳои обёрии сарфакор таъмин шудаанд), муқаррар карда шудааст. Ҳамчунин, бо дарназардошти аҳамияти иҷтимоӣ ва зарурияти он, таъмини эҳтиёҷоти гидроэнергетика ба захираҳои об аз рӯи авлавият бо таъмини эҳтиёҷоти кишоварзӣ баробар карда шудааст.
Аз ин самтҳои авлавиятнок дида мешавад, ки дар навбати аввал қонеъ гардондани эҳтиёҷоти ҳаётан муҳими инсон ба оби нӯшокӣ ва ҷудо кардани об барои ҳифзи экосистема ба таври кафолатнок пешбинӣ шудааст. Ин бошад, бо тамоюлҳои «қадри инсон» дар кишвари мо ҳамоҳанг мебошад.
Ҳуҷҷат инчунин як қатор меъёрҳои муҳимеро дар самти такмили идоракунии об муқаррар намудааст. Аз ҷумла, ҳоло бо мақсади таъмин намудани шаффофият дар идоракунии захираҳои об ва қабули қарорҳо бо ҷалби намояндагони ҷонибҳои манфиатдор, шӯроҳои об дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва ҳавзавӣ, ва дар ҳолатҳои зарурӣ дар сатҳи минтақавӣ, ҳамчун мақомҳои маслиҳатӣ-коллегиалӣ таъсис дода мешаванд.
Ба ҳайати Шӯрои ҷумҳуриявӣ роҳбарони вазорату идораҳои ваколатдори соҳаи истифода ва ҳифзи захираҳои об дохил мешаванд. Ҳамзамон, ба ҳайати Шӯрои ҷумҳуриявии об метавон намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ, баъзе коршиносон ва олимонро низ шомил кард. Шӯро дар сатҳи байниидоравӣ масъалаҳои бо об таъмин кардани соҳаҳои иқтисодиётро ба таври фаврӣ ҳал мекунад.
Дар Кодекс минтақаҳои муҳофизати обҳои объектҳои обӣ ва соҳилҳо, инчунин минтақаҳои муҳофизати санитарии иншооти таъминоти оби нӯшокӣ ва хоҷагию маишӣ дар шакли ҷадвали алоҳида оварда шудаанд. Ин ба он хидмат мекунад, ки намояндагони соҳаи хоҷагии об ва ҳам истифодабарандагони об ва объектҳои обӣ ҳангоми кор бо ҳуҷҷат меъёрҳоро дуруст тафсир намоянд.
Яке аз хусусиятҳои дигари ин ҳуҷҷат дар он аст, ки дар он боби алоҳида бо меъёрҳо барои ҳавасмандгардонии иқтисодии истифодаи оқилона аз об ва объектҳои обӣ ва ҳифзи онҳо пешбинӣ шудааст. Дар ҳуҷҷат нишон дода шудааст, ки дастгирии давлатӣ ба соҳаи хоҷагии об, сохтмони иншоот ва системаҳои нави обёрӣ, инчунин корҳои таҷдид ва таъмири онҳо аз ҳисоби ҷудо намудани захираҳои молиявӣ аз ҷониби давлат таъмин мегардад.
Дар Кодекс зикр шудааст, ки меъёрҳои асосии пардохт барои хидматрасониҳои таъминоти об ва дигар хидматрасониҳои соҳаи хоҷагии об бо мақсади ҳавасмандгардонии сарфаи об ва вобаста кардани тарифҳо ба ҳаҷми оби расондашуда, дараҷаи обнокии минтақаи гидрографӣ, фарқиятҳо дар хароҷоти таъминоти об барои истифодабарандагони об дар минтақаҳои гуногун ва баробар кардани тарифҳо барои истифодабарандагони об дар доираи як минтақа, бо дарназардошти самтҳои авлавиятноки сиёсати иҷтимоию иқтисодии давлат тасдиқ мегарданд. Ин бошад, кафолати ҳуқуқии таъмини адолати иҷтимоӣ ҳангоми истифодаи об дар кишвар буда, пеш бурдани ҳисоби оби расондашуда ва ҳавасмандгардонии сарфакорони обро таъмин менамояд.
Равшан МАМУТОВ,
раиси Кумитаи масоили кишоварзӣ ва хоҷагии
оби Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.