Аъзои ҳайати тоҷикистонӣ таҳти роҳбарии раиси ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд Ашӯралӣ Ҷалилзода бо сафари корӣ ба вилояти Намангон омаданд. Сафар аз ноҳияи Тӯрақӯрғон сар шуд. Дар ҷараёни боздид меҳмонон бо иқтидори саноатӣ, имкониятҳои истеҳсолӣ ва соҳибкорӣ аз наздик шинос шуданд.
Аъзои ҳайат аз фаъолияти корхонаҳое, ки дар ҳудудҳои минтақаҳои хурди саноатӣ ҷойгир шудааст, дидан карданд. Хусусан, меҳмонон дар истироҳатгоҳи «Фаввора», ки дар ноҳияи Тӯрақӯрғон воқеъ аст, бо шароиту имкониятҳои фароҳамовардашуда шинос шуданд. «Ифтихор кийим саноат » яке аз калонтарин корхонае ба шумор меравад, ки ба меҳмонон таассуроти бой гузошт. Корхона бо таҷҳизоти замонавии дӯзандагӣ, маҳсулот ва ашёи хоми маҳаллӣ пурра таъмин шудааст, аз тарафи меҳмонон истеҳсол ва иқтидори содироти он эътироф карда шуд.
Дар ҷараёни боздид равандҳои истеҳсолӣ дар корхонаи «Саодат саноат сервис» низ намоиш дода шуданд.
Меҳмонон бо истеҳсоли маҳсулоти қуттӣ ва расонидани он ба истеҳсолкунандагони маҳаллӣ, ки дар корхонаи «Рареr вох» тайёр карда мешавад, шинос шуданд.
Ҳайат инчунин дар корхонаи «Фазман текстил» шуда, ба рафти истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ, ки ба стандартҳои аврупоӣ ҷавоб медиҳад, баҳои баланд гузоштанд. Маҳсулоти корхонаи мазкур на танҳо дар бозори дохилӣ, балки дар бозори хориҷӣ низ харидоргир аст.
Корхонаи «Наммоторс сервис» ба истеҳсоли насосҳои обӣ ва двигателҳои электрикӣ махсус гардонда шудааст, ки ин хатҳои технологӣ дар байни меҳмонон шавқу ҳаваси калон пайдо кардаанд.
Дар нимаи дуюми рӯз боздид аз минтақаи хурди саноатии «Қумтеппа»- и ноҳияи Уйчӣ идома ёфт. Дар ин ҷо онҳо бо рафти тайёр кардани дарвоза ва коркарди металл шинос шуданд.
Аъзои ҳайат инчунин дар бораи фаъолияти ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Қумтеппа», ислоҳоти иқтисодӣ дар маҳалла, кор бо аҳолӣ маълумот гирифтанд.
Меҳмонон инчунин дар ноҳияи Поп, дар корхонаҳои «Nuran. UZ» , «Next solar energy«, дар ноҳияи Турақӯрғон « Cold fresh fruits», дар корхонаҳое, ки дар ноҳияи Чуст ҷойгир шудааст – « Chust textil», « Chust concord«, «Lifetime stones» ва дар заводи металлургия шуданд.
Дар доираи сафар як қатор пешниҳоду нақшаҳо баррасӣ шуданд, ки ба муносибатҳои минбаъдаи иқтисодӣ, дар соҳаи саноат ба роҳ мондани ҳамкориҳои амалӣ, истеҳсолот ва сармоягузорӣ нигаронида шудаанд.
Ҳокими вилоят Шавкатҷон Абдураззоқов меҳмонони тоҷикистониро, ки дар минтақа бо ҳаёт ва фаъолияти аҳолӣ ва рафти корҳои соҳаҳои саноат шинос шуда буданд, қабул кард.
Ашӯралӣ Ҷалилзода иқтидори саноатии Намангонро эътироф намуда, қайд кард, ки бо имкониятҳои истеҳсолӣ ва соҳаи соҳибкорӣ аз наздик шинос шуда, дар оянда дар ин самт ҳамкориҳои қавӣ ба роҳ мемонанд.
Дар рафти суҳбат қайд гардид, ки муносибатҳои дӯстонаи сарони ду давлат имкони ба сатҳи нав баровардани ҳамкориҳоро фароҳам меоранд.
Шоҳида ДАМИНОВА,
мухбири «Овози тоҷик»
дар вилояти Намангон.