Дили дар дунёи бачагӣ ҷавон

Шоир, мутарҷим ва рӯзноманигори хушсалиқа Нуруллоҳ Остон синни мубораки ҳафтодро пур кард. Бештар аз ним аср инҷониб вай дар майдони эҷод. Чи дар назм ва чи наср табъ озмуда, то андозае муваффақ шудааст. Вале асосан шоири кӯдакон аст.

Назар ба калонсолон дар ин бахш бо кӯдакон сару кор доштан, ҳамзабон шудану ба дилашон роҳ ёфтан, завқашонро бедор сохтан душвортар аст, ки ин ба аксарият алоқамандони соҳа маълум. Нисбатан камшумории адибоне, ки барои бачаҳо менависанд, шояд ҳамин.
Зодаи Самарқанди адабпарвар Нуруллоҳ Остон 10 сентябри соли 1955 ба дунё омадааст. Шароити оилавӣ ва дигар сабабҳои зиндагӣ имкон надод, ки баъди хатми мактаби миёна ба даргоҳи ягон муассисаи таълими олӣ ҳуҷҷат супорад ва донишҷӯ шавад. Нуруллоҳи он вақт ҷавонро чанд сол мактаби ҳаёт тарбия кард, бори рӯзгор кашид, дар кӯраҳои зиндагӣ обутоб ёфт. Ҳам кор мекард ва ҳам барои дохил шудан ба мактаби олӣ омодагӣ медид. Мехост рӯзноманигор шавад. Ниҳоят ба Тошканд омад ва роҳи Донишгоҳи давлатии Тошкандро, ки ба назараш боргоҳи бузурги маънавӣ метофт ва орзуи дар он таҳсил карданро дар қалб мепарварид, пеш гирифт. Ба нияташ расид – аз имтиҳоноти қабул сарбаландона гузашт. Ҳанӯз аз солҳои аввал дар қатори донишҷӯёни пешқадам ҷой гирифт. Баробари амиқ фаро гирифтани предметҳои таълимӣ барои навиштани хабару мақолаҳо дар мавзӯъҳои зинда вақт пайдо мекард. Ба идораи рӯзномаву маҷаллаҳо робитаро мустаҳкам намуд. Маҷаллаҳои «Гулхан» ва «Ғунча», рӯзномаи «Ленин учқуни» аввалин шеърҳои бачагонаашро дар саҳифаҳои худ ҷо доданд. Факултаи журналистикаи ДДТ-ро соли 1991 ба итмом расонд.
Як пояш дар Тошканд буду як пояш дар Самарқанд. Мешунид, ки «нони журналистӣ сахт». Ин ишорае буд ба мушкилиии пешаи рӯзноманигорӣ. Нуруллоҳ инро дар солҳои аввали фаъолияти мустақилонаи кориаш идрок мекард. Вале азму иродаи қавӣ, ки дошт, дар соатҳои барояш душвор низ рӯҳафтода намешуд. Баръакс, аз он, ки журналистӣ барин пешаи пурмасъулият дар пешониаш будааст, фахр менамуд ва дил қавӣ медошт. Боз аз он сарбаланд буд, ки шеърҳои кӯдаконааш дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ муттасил рӯйи чоп мебинанд. Падидаҳои қаламиашро хурдсолон меписанданд. Дар давраҳои адабӣ чун шоири бачаҳо номашро ба забон мегиранд. Ба вохӯриҳо даъват менамоянд...
Соли 1985 аввалин дафтари шеърҳояш барои кӯдаконро нашриёти «Ёш гвардия» таҳти унвони «Шабе, ки ситораҳо дурахшиданд» аз чоп баровард. Баъди ду сол маҷмӯаи дигари шеърии ӯ «Чашма дар сари роҳ» ҷомаи табъ ба бар намуд. Нуруллоҳ солҳои баъдина боз сермаҳсултар эҷод кард.
Баробари идораҳои табъу нашри пойтахт нашриётҳои «Суғдиён» ва «Зарафшон»-и зодгоҳаш ба чопи дафтарҳои шеърии ӯ таваҷҷуҳ менигаронданд. Чунончи, соли 1997 маҷмӯааш «Дар роҳҳои қадим»-ро «Суғдиён» аз чоп бароварда бошад, «Зарафшон» китоби дигари шеърии «Осмони пур аз фаришта»-ро пешкаши доираи васеи хонандагон намуд. Шоир ба яке аз дафтарҳои тозаи шеъриаш «Фасли баҳор» («Зарафшон») ном ниҳод, ки дар чакидаҳои қаламаш асосан манзараҳои табиати нотакрори Самарқанд дар фасли баҳор тасвир карда шудаанд.
Зиёд шуда истодани талабот ба маҳсули  хомаи ин шоири хушсалиқаро ба инобат гирифта, соли 2007 идораи табъу нашри «Шарқ» китоби нави шеърҳои бачагонаи ӯ «Гӯсолаи далер»-ро бо 10 ҳазор нусха аз чоп баровард. Нашриётҳои «Ӯзбекистон» ва «Адабиёт» дафтарҳои нисбатан мукаммалтари Нуруллоҳ Остон «Бачаҳои солим» ва «Оббозии моҳ»-ро ба алоқамандони соҳа, хусусан китобхонҳои наврас армуғон намуданд.
Соҳибҷашни мо ҳанӯз аз давраи мактабхониву донишҷӯӣ баробари адабиётҳои ӯзбек ва тоҷик ба адабиёти ҷаҳон рӯ меоварад. Дар баргардониши намунаҳо аз эҷоди шоирони номвари дунё, ки барои бачаҳо менависанд, низ хеле фаъол аст. Вай як қатор шеърҳои кӯдаконаи Майкл Розен, Агния Барто, Корней Чуковский, Яков Аким, Борис Заходер, Екатерина Серова, Ян Бхсэнва, Алфредо Валлини, Роберт Луис Стивенсон, Овсей Дриз, Огден Нэш, Уолтер де ла-Мар барин намояндагони адабиёти ҷаҳонро ба ӯзбекӣ баргардондааст. Масалҳои шоирони рус Сергей Михалков ва Иван Криловро низ тарҷума ва дар ҳоли китоб ба дӯстдорони адабиёт тақдим намудааст. Айни замон «Ба сайди хирс меравем» ном китоби шоири англис Майкл Розен дар баргардониши ӯ ба хурдсолони мо хеле писанд афтод.
Нуруллоҳ ба эҷодкорони тоҷик низ аз дер ҳамкорӣ дорад. Робитаи эҷодиаш, алалхусус, бо шоири номвари тоҷик Ҷӯра Ҳошимӣ, ки асосан барои бачаҳо менависад, самара мебахшад. Шоир сайъ мекунад эҳсосоти поки дунёи беғубори кӯдакиро дар  сатрҳои кӯтоҳ, вале пурмазмун ба қалам оварад. Шӯхӣ ва ҳунарҳои ба бачагӣ хос, муносибати байниҳамдигарӣ ва муомилоти бачаҳои хурдсол ба калонсолон, ки ҷиҳатҳои ҷолиб доранд, дар қаламиҳои Нуруллоҳ ба таври мӯъҷаз ифода меёбанд. Ҳодисаҳое нақл карда мешаванд, ки бо аҷобат, таъсирнокӣ ё хандаоварӣ диққати калонсолонро низ ба худ мекашанд. Шоир аз истифодаи калимоти душворфаҳм парҳез мекунад. Баробари ин, дар навиштаҳои ӯ барои бачаҳо ба дурдонаи ҳарфҳое низ дучор меоем, ки классиконамон заргарона ва дар мавриди худ кор мефармуданд.
Адиби бачаҳо нафақат ба хонандагони хурдсол ғизои маънавӣ мебахшад, айни замон мураббӣ ва тарбиятгари онҳост. Аз ин ҷиҳат, фикр мекунем, Нуруллоҳ вазифаи пурмасъулияти дар зимма доштаашро то ҳадди имкон ба иҷро расонда ва дар рушди адабиёти кӯдак саҳм мегузорад.
Шоири бачаҳо дар пояи қарори  Президент аз 14 августи соли 2017 бо унвони «Султон Ҷалолиддин. Шайх Кубро» достони таърихӣ эҷод кард. Бо мутолиаи он фарзандони хурдсоли мо аз таърихи пуршаъни халқи хеш хабардор мешаванд ва ба рӯзҳои саодатнишони фардо умед мебанданд. Асари нисбатан мукаммалтари шеърӣ дар мавзӯи таърихӣ насли ҷавонро дар рӯҳи эҳтиром ба арзишҳои маънавӣ ва миллӣ тарбия менамояд, ба васеътаршавии доираи тафаккур ва ҷаҳонбинии бачаҳову наврасон мусоидат мекунад.
Бачаҳо шоири худро дӯст медоранд. Хусусан дар вохӯрӣ ва суҳбатҳои адабӣ, чорабиниҳои тарғиботии маънавӣ бо иштирокаш шеърҳояшро аз забони ӯ бо диққат гӯш мекунанд, саволҳо медиҳанд, ба дунёи ботиниаш бештар ворид мегарданд. Дар чанд чорабиние, ки ҳамроҳ будем, ба ҳамин ва муҳаббати хонандагони хурдсол нисбати падидаҳои қаламии ӯ шахсан гувоҳ шудаам.
Фаъолияти Нуруллоҳ Остон ҳамчун журналист низ қобили таваҷҷуҳ. Вай чун мудири сектори кумитаи ҳизбии вилояти Самарқанд, мухбири таҳририяти «Ахборот»-и телевизиони Ӯзбекистон дар Самарқанд низ софдилона кор карда, ба эътибору эҳтироми ҷамоаи меҳнатӣ сазовор шудааст. Алҳол дар рӯзномаи «Халқ сӯзи» фаъолият нишон медиҳад. Дар тарбияи журналистони ҷавон саҳм гирифтанро низ вазифаи муҳими худ мешуморад.

М.Шодиев.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: