Солҳои охир таҳти сиёсати оқилонаи сарвари давлат дар кишварамон ба китобхониву нашри китоб эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Боиси хушнудист, ки алҳол шумораи эҷодкорони ҷавон меафзоянд.
Дар маркази матбуоти миллӣ тақдимоти асарҳои аъзои Иттиҳодияи нависандагони Ӯзбекистон Рахшона Аҳмадова романи «Субҳидам» ва тарҷумаи китоби адиби корейс Шин Кёнг Сук «Модарамро эҳтиёт кун» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур адибон, роҳбарони нашриёт, адабиётшиносон ва ходимони ВАО иштирок доштанд.
– Муаллиф услуби ба худ хосро доро мебошад, қаҳрамонҳои ӯ ҳамзамони давр мебошанд, – мегӯяд шоира Наргиза Асадова. – «Дард»-и муаллиф қисмати талхи занон мебошад. Романи «Субҳидам» касро ба ҳушёрӣ, бо орзуву мақсадҳои нек зиндагӣ кардан даъват мекунад.Муаллиф мекӯшад, ки иллатҳои ба тараққиёти ҷамъият халалрасон, ба монанди бесаводӣ, ноомадиҳои мардикорӣ, завол дидани ҳиссиёти муқаддасу зебоӣ, фоҷе-аҳои роҳгумшудагон бартараф гарданд. Зеро мафкураи паст ба ночориву нодорӣ мебарад ва дар натиҷа аксари ҷавонон алами ноомадии худро аз бонувонашон дониста, онҳоро озор медиҳанд.
– Аз ин пеш китобҳои «Орзу ва баҳр», «Зери соябон», «Изҳори ноаёни ишқ», «Ишқи ман, дӯст-доштаи ман»-и Рахшона рӯйи чопро дидаанд, – таъкид намуд аъзои Иттиҳодияи нависандагони Ӯзбекистон Лазиз Раҳматов. – Тарҷумаи романи «Модарамро эҳтиёт кун»-и адиби корейс Шин Кёнг Сук низ аввалин тарҷумаи Р. Аҳмадова набуда, ӯ пештар асарҳои нависандагони корей Хан Бия ( «Дунёро севуним маротиб давр зада»), ҳикояи машҳури Хванг Сун Вон ( «Ҷала»)-ро ба забони ӯзбекӣ тарҷума кардааст.
– Таъкид намудан ҷоиз аст, ки Рахшона Аҳмадова соли 1987 дар деҳаи Кайқубоди вилояти Фарғона дида ба дунё кушода, дар Донишгоҳи забони хориҷии Пусани Куриёи Ҷанубӣ ва факултаи журналистикаи байналхалқии Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳони Ӯзбекистон таҳсил гирифтааст.
Рахшона дар озмуни «Об неъмати бебаҳост», ки аз ҷониби Иттиҳодияи нависандагони Ӯзбекистон ташкил шуда буд, бо ҳикояҳои худ иштирок карда, ғолибиро ба даст даровардааст.
Г. Кабирова, хабарнигори
«Овози тоҷик».