Ӯзбекистони Нав аз нигоҳи журналистони аксбардор

Дар Андиҷон таҳти шиори «Барои Ватан, барои миллат, барои халқ!» дар мавзӯи «Ӯзбекистони Нав аз нигоҳи журналистони аксбардор», ки ба 34-умин солгарди истиқлолияти кишвари мо бахшида шудааст, намоиши суратҳо баргузор гардид.

Дар ин намоишгоҳ, ки бо ташаббуси шуъбаи вилоятии Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон ташкил гардид, тақрибан 10 нафар асарҳои эҷодии худро ба маърази тамошо гузоштанд.
Дар маросими кушоиши чорабинӣ раиси шуъбаи вилоятии Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон Махпурахон Ортиқова ба сухан баромад, журналистони машҳури аксбардор Хурсандбек Араббоев, Тӯрахон Ғафуров ва дигарон изҳор доштанд, ки  дар аксҳо пешниҳод намудани ҷараёни ташаккули Ӯзбекистони Нав барояшон ифтихор ва ҳамзамон вазифаи масъул ба шумор меравад.
Таъкид гардид, ки дар ин бобат журналистони аксбардор, ки ҳам дар расонаҳои ахбории оммавӣ ва ҳам дар хидматҳои матбуотӣ, ҳамчунин онҳое, ки баъди ба нафақа баромадан низ бобати равшан кардани тағйироти ҳаррӯза фаъолона кор мекунанд, нақши махсус доранд.
Дар намоишгоҳ анқариб 200 аксе, ки ҷиҳатҳои мухталифи ҳаёти кишвари мо, аз ҷумла иншооти бузурги инфрасохторӣ, симои қаҳ-рамонони даврони мо, ҳодисаҳои нодири иҷтимоӣ ва манзараҳои назарраборо инъикос мекунанд, пешниҳод гардиданд.
– Акс ин таърихест, ки дар коғаз инъикос ёфтааст, – мегӯяд иштирокдори намоишгоҳ Хурсандбек Араббоев. – Тайёр кардани аксҳое, ки ҷараёни истиқрори Ӯзбекистони Навро инъикос мекунанд, аз муаллифи он масъулияти баланд, маҳорат ва ҳунари касбиро тақозо доранд. Бовар дорам, ки асарҳои ҳамкорони ман дар тавзеҳи рӯҳи замони нав кумак мерасонад.
Намоиши суратҳо ба тарғибу ташвиқи васеи тағйироти мусбат, ҳамчунин дар дили ҳамзамонон, бахусус ҷавонон мустаҳкам гардидани эҳсоси муҳаббат ба Ватан, шукргузорӣ аз ҳаёти орому фаровон хидмат хоҳад кард.

Фахриддин Убайдуллоев,
хабарнигори ӮзА.
Суратгир: З. УМУРЗОҚОВ (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: