Қарори илҳомбахш

Чанде пеш қарори Президент Шавкат Мирзиёев «Дар бораи тайёрӣ ва баргузор кардани ҷашни сию чаҳорумин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» эълон гардид. Дар он қайд шудааст, ки «Истиқлоли миллии мо, ки 31-уми августи соли 1991 ба шарофати ирода ва қатъияти халқи ҷасурамон эълон гардида буд, бидуни шубҳа, дар шароити кунунии таърихӣ, ҳангоме ки тамоми ислоҳоти мо дар роҳи бунёди Ӯзбекистони Нав ба давраи ҳалкунанда ворид мегарданд, аҳамияти бағоят муҳим касб менамояд.

Маҳз Истиқлол, ки дар худ тамоми кафолатҳои сиёсиву ҳуқуқиро таҷассум намудааст, ба сифати такягоҳи мустаҳкам дар ҷомеа татбиқсозии Стратегияи «Ӯзбекистон-2030», мустаҳкам намудани муҳити сулҳу салоҳ, дӯстӣ ва ҳамдилӣ, таъмини ҳуқуқ ва манфиат, шаъну шарафи инсон, рушди минбаъдаи робитаҳои некҳамсоягӣ дар минтақа, ҳамкории фаъол бо кишварҳои ҷаҳон, боло бурдани нуфузи Ватани мо дар миқёси байналхалқӣ хидмат мекунад».
Боиси хушнудист, ки қарори мазкур на танҳо роҳнамои чорабиниҳои асосии мо, сазоворона ва дар сатҳи олӣ таҷлил намудани санаи пуршарафи 34-умин солгарди истиқлоли миллист, балки боз дарки моҳияту мазмун ва мундариҷаи иди аз ҳама бузург ва аз ҳама азиз аст.

Самарқанд Сайқали рӯйи замин аст

Дар таърифу ситоиши Самарқанд, ки гузаштааш шуҳратёр, имрӯзаш саодатманд аст, дар асру замонҳои гуногун аз ҷониби шоирону нависандагон, сайёҳону сафирон мадҳия, гузориш ва асарҳои зиёд офарида шудаанд.
Одамушшуаро Рӯдакии Самарқандӣ байте дорад:

Зебо бувад ар Марв, бинозад ба Кисоӣ,
Чунонки ҷаҳон ҷумла ба устоди Самарқанд.

Дар китоби «Таронаҳои Самарқанд», ки намунаҳои назми шифоҳии мардуми шаҳри бостониро дар бар гирифта, таҳиягари он Баҳром Шермуҳаммадов аст, чунин мисраъҳо ҳастанд:

Биё, хушдил нишин, ҷӯши баҳорон дар Самарқанд аст,
Гуландому суманбӯ, лоларӯён дар Самарқанд аст.

Устод Садриддин Айнӣ дар ситоиши ин шаҳри бостонӣ гуфтаанд:

Ҳаббазо, шаҳри Самарқанд биҳиште тимсол,
Ҷуз биҳишташ ба тароват натавон ёфт мисол.
Зарнисор аст заминаш чу кафи аҳли карам,
Файзбор аст ҳавояш чу дили аҳли камол.

Ҳама роҳ ба Самарқанд меоварад

Ҳама медонанд, ки таъбири «Ҳама роҳҳо ба Рим мебаранд» ҳаст. Аммо пас аз он ки бо ташаббуси сарвари давлатамон  Самарқанд маркази сайёҳӣ эълон шуд, он ба тарзи зерин тағйир ёфт: «Ҳама роҳҳо ба Самарқанд мебаранд».
Соли 2019 роҳбари давлат ба Самарқанд ташриф фармуда, ба меъморону лоиҳакашҳо супориш дод, ки «Дарвозаи ҳавоӣ»-и шаҳри бостонӣ мувофиқи  меъёрҳои байналхалқӣ аз нав сохта шавад. Бо таклифи Президент аэропорти нав дар шакли мунаҷҷим «Зиҷи Кӯрагонӣ»-и Мирзо Улуғбек бунёд гардид. Баландии бино 25 ва бараш 175 метр буда, терминали замонавӣ, роҳи фуруду парвози ҳавопаймо ва 24 қароргоҳ дорад.
Қаблан аэропорт ба 400 нафар мусофир хидмат мекард, ҳоло ин рақам ду баробар афзудааст. Он соли 2024 ба 1,40 миллион нафар мусофир хизмат расонд, ки нисбат ба соли 2023-юм 37 дарсад зиёд мебошад. Аз Самарқанд самолётҳои гуногунтамға ба қитъаҳои Осиё, Аврупо, Африқо ва ғайра парвоз мекунанд.
Истгоҳи роҳи оҳани Самарқанд низ баъди таъмиру тармим намуди зебо гирифт. Аксари сайёҳону меҳмонон бо поезд меоянду мераванд. На танҳо дар маркази шаҳр, инчунин дар маҷмӯаи «Шаҳри абадӣ» 8 меҳмонхонаи замонавӣ, конгресс-холл, ресторану ошхонаҳо, устохонаҳои кулолӣ, заргарӣ, гилембофӣ, коғазбарорӣ, дуредгарӣ, гаҷкорӣ дар хизмати меҳмонону мизбонон мебошанд. Аз соли 2022 дар конгресс-холл анҷуманҳои бонуфузи байналхалқӣ баргузор мешаванд, аз ҷумла соли равон дар ин ҷо иҷлосияи 43-юми Ассамблеяи генералии ЮНЕСКО баргузор хоҳад шуд.

Нигоҳе ба таърих

Алҳол аъзои экспедитсияи муштараки байналхалқии Ӯзбекистон – Фаронса бозёфтҳои харобаҳои Кӯктеппа ва Афросиёбро таҳлил намуда, ба хулоса омадаанд, ки синни Самарқанд аз се ҳазор сол кам нест.
– Дар оғози соли равон бо қарори Шӯрои намояндагони халқи вилоят дар ёдгории Афросиёб ва арки Амир Темур бо истифода аз усулҳои нави тадқиқотӣ корҳои кофтуковии археологӣ оғоз ёфтанд, – гуфт директори Пажӯҳишгоҳи археологии Самарқанд М.Саидов. – Дар натиҷаи тадқиқот аз чуқурии ҳафт метр сохтори мураккаби мудофиавии ба асрҳои VII-IV-и пеш аз милод дахлдор пайдо шуд, онро омӯхта ба хулоса омадаанд, ки се ҳазор сол қабл аз ин ҳам дар ин ҷо суғдҳо зиндагӣ кардаанд. Чанде пеш иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев, ки дар асоси фармудаи сарвари давлат барои мустаҳкам кардани риштаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ ба кишварҳои хориҷӣ азми сафар кард, дар шаҳри Париж дар иҷлосияи навбатии 47-уми кумитаи мероси Умумҷаҳонии ЮНЕСКО ширкат варзид. Дар ҷамъомади кумита маълумоти роҳбари вилоят «Дар бораи ҳолати ҳифзи иншооти таърихӣ зери шиори «Самарқанд – чорраҳаи маданиятҳо» баррасӣ гардид. Иштирокчиёни анҷуман ба корҳое, ки таҳти роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев дар Ӯзбекистони Нав роҷеъ ба ҳифзи мероси таърихӣ амалӣ мешаванд, баҳои баланд доданд.

Кумаки беғаразона

Соли гузашта Бонки тараққиёти Абу-Дабӣ барои таъмиру тармим ва ҳаракати нақлиёту пиёдагардҳо дар кӯчаҳои Самарқанд 300 миллион доллар вом ҷудо карда буд. Дар натиҷа дар чорраҳаи Гагарин ва Мирзо Улуғбек нақби дарозиаш 440 ва бараш 44 метр кушода шуд. Ҳоло бунёди чунин нақб дар чорраҳаи Гагарин – Рӯдакӣ идома дорад. Соли 2022 дар чорраҳаи Бӯстонсарой ва Рӯдакӣ низ чунин иншоот сохта шуда буд, ки ба самарқандиён як олам хурсандӣ овард.
Сарвари давлат ҳар гоҳ ба Самарқанд ташриф оварад, албатта маҷмӯаи Имом Бухориро зиёрат мекунад ва бо корҳои ободонии ин ҷо аз наздик шинос мешавад. Боиси хушнудист, ки бо ташаббус ва маслиҳати Президент дар 600 метри мураббаъ масоҳати корҳои сохтмон дар авҷ аст. Баландии мақбараи Имом Бухорӣ 28 метр хоҳад шуд. Бунёди масҷиди ҷомеъ барои 10 ҳазор нафар намозхон, манораи баландиаш 75 метр, гулгашту хиёбонҳои истироҳатӣ, меҳмонхона, хонаҳои истиқоматӣ, дуконҳои савдо, роҳҳои равону васеъ ба ҳама хурсандӣ меоварад.
Имрӯзҳо ба муносибати ҷашни сию чаҳорумин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар 14 ноҳия, 2 шаҳр, 1901 деҳа ва 1126 маҳаллаи вилоят корҳои ободонӣ ва сохтмони иншоотҳои гуногун дар авҷ буда, 4,5 миллион аҳолии сермиллати Самарқанд ҳамчун фарзандони як оила дӯсту меҳрубон, бо ғайрату шуҷоат зери шиори «Барои Ватан, барои миллат, барои халқ!» арақи ҷабин мерезанд.

Ба Ургут поезд меояд

Ноҳияи мазкур дар вилоят нуфузу эътибори хоса дорад. Дар он 600 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунад.  Дар ин ҷо заминҳои обёришаванда ниҳоят каманд.
Шояд аз ҳамин сабаб соли 2017 бо фармони сарвари давлат Ургут ба Минтақаи озоди иқтисодӣ табдил ёфт. Дар муддати кӯтоҳ лоиҳаи инвеститсияи бо арзиши беш аз 400 миллион доллар амалӣ гашт. Қариб 5 ҳазор нафар бо кори доимӣ ва фоидабахш таъмин шудаанд. Имрӯзҳо дар ин минтақа истеҳсоли маҳсулоти чарму пойафзол, қолину воситаҳои электрикӣ, хуллас беш аз 200 маҳсулоти зарурӣ ба фурӯш бароварда мешавад, ки як қисми он содир мешавад.

Мактаби маҳорати соҳибкорону боғбонон

Дар ноҳияи Самарқанд анҷумани кишоварзони ҷумҳурӣ баргузор гардид. Ба он аз тамоми гӯшаву канори мамлакат соҳибкорону боғбонон ташриф фармуданд. Зеро дар ноҳия мактаби кишоварзӣ амал мекунад. Деҳқонон аз замин 2-3 маротиба ҳосил гирифта, бозорҳои Самарқанд, ҳатто Маскаву Санкт-Петербургро бо кабудӣ ва дигар гуна маҳсулоти обчакорӣ таъмин мекунанд.
– Мардуми мо ниҳоят меҳнатдӯстанд, – гуфт ҳокими ноҳия Сироҷиддин Усмонов. – Дар маҳаллаҳои Қамчинон, Деҳнав, Навобод, Гулобод, Меҳробод ва ғайра аз ҳар як ваҷаб замин пурсамар истифода мебаранд.
Боз як навид он аст, ки дар деҳаҳои хушҳавои Оқбурё, Оҳалик, Миронқул бунёди истироҳатгоҳҳо барои самарқандиён ва меҳмонони хориҷӣ идома доранд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
мухбири «Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: