Як гурӯҳ ҷавонони ноҳияи Чимбойи Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ки мехоҳанд касбу ҳунар омӯхта, фаъолияти соҳибкории худро ба роҳ монанд, барои азхуд намудани донишу малакаи зарурӣ ба Андиҷон ташриф оварданд. Онҳоро дар истгоҳи роҳи оҳани Андиҷон бо тантана пешвоз гирифтанд.
Меҳмонон бо фаъолияти «Кластери мебели Андиҷон», маркази логистикии «Гулҳои Олтинкӯл» ва «Digital Hub», кластери заргарии шаҳри Андиҷон, корҳои мебелсозӣ дар маҳаллаи Иҷтимоияти ноҳияи Олтинкӯл ва корҳои ибратбахше, ки аз ҷониби ҷавонони андиҷонӣ амалӣ мегардад, шинос шуданд.
Шиносоӣ бо фаъолияти соҳибкорон ва суҳбат бо онҳо ба ҷавонони чимбоӣ барои азхуд кардани ҳунарҳои шавқманд ва амалӣ намудани ғояҳои баланди соҳибкорӣ ҳавасмандии бузург бахшид.
Бо ҳамкории Оҷонсии кор бо ҷавонон, Саридораи палатаи савдову саноати вилоят ва Бунёди «Ҷавонон — ояндаи мо» барои ҷавонони қароқалпоқистонӣ ба ҷойҳои ҷолиби Андиҷон саёҳатҳо ташкил карда шуд.
Суратгир: З.УмурзоҚов. (ӮзА).