Дар ҷаҳони пуртазоди муосир, ки ҳар рӯз бо суръати баланд тағйир меёбад, масъалаи нигоҳ доштани саломатӣ ва пешбурди тарзи ҳаёти солим аҳамияти аввалиндараҷа пайдо кардааст. Саломатӣ неъмати олии ҷудонопазири инсон аст, хусусан, ба воя расонидани насли солим дар пешравии давлат нақши муҳим дорад.
Тарзи ҳаёти солим ҷузъи муҳими ҳаёти ҳар як шахс аст, ҳар кас ин мафҳумро ба таври худ мефаҳмад. Кайфияти баланд, некӯаҳволӣ ва фаъолияти бомуваффақияти инсон бешубҳа аз саломатии ӯ вобаста аст. Хусусан, барои ҷавонон – насли фардои миллат тарзи ҳаёти солим на танҳо кафили саломатии ҷисмонӣ, балки заминаи комёбӣ, хушбахтӣ ва рушди ҳамаҷониба мебошад.
Тарзи ҳаёти солим дар ҳаёти ҷавонон нақши калидӣ дошта, ба некӯаҳволии ҷисмонӣ, руҳӣ ва иҷтимоии онҳо таъсир мерасонад. Ҷавононе, ки тарзи ҳаёти солимро пеш мебаранд, эҳтимоли зиёд дар донишандӯзӣ, мутобиқшавӣ дар ҷомеа беҳтар ва ба одатҳои бад камтар гирифтор мешаванд.
Солҳои ҷавонӣ барои ҳаёти минбаъдаи инсон муҳиманд. Фаҳмидани он муҳим аст, ки тарзи ҳаёти солим на танҳо маҷмӯи қоидаҳо, балки интихоби бошууронаест, ки ба сифати зиндагӣ ва ояндаи насли наврас таъсир мерасонад.
Мутаассифона, имрӯзҳо ҷавонон бо таҳдидҳои гуногун рӯбарӯянд, ки ба тарзи ҳаёти солими онҳо таъсир мерасонанд. Зиндагии муосири пур аз стресс, технологияи рақамӣ ва камҳаракатӣ ҳаёти ҷавононро зери хатар гузоштааст. Хӯрокҳои тезтайёр ва фастфуд, ки дар таркибашон намак, равған ва қанд зиёданд, ба вазни барзиёд ва бемориҳои дилу раг замина мегзоранд.
Ҳаёти солим на танҳо дар бадан, балки дар майна оғоз меёбад. Ҳисси изтироб, танҳоӣ, ҳолати ноустувори равонӣ-эмотсионалӣ, риоя накардани режими меҳнат ва истироҳат дар байни ҷавонон хеле паҳн шудааст. Баъзан ҷавонон барои аз ин ҳолат сабук баромадан ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳатто маводи мухаддир рӯ меоранд, ки ин роҳи ҳал нест.
Давраи муҳимтарини ҳаёти наврасӣ, ҷавонӣ, яъне синну соли ташаккули шахсият ва ташаккули «ман» мебошад, ки одатҳои асосӣ, арзишҳо, равандҳо, шаклҳои рафтор ва аз ҳама муҳимтараш пояи саломатӣ гузошта мешавад. Маҳз дар ҳамин давра воқеаҳои муҳимтарини ҳаёти ҳар як шахс ба вуқӯъ мепайвандад: таҳсил, интихоби касб, оиладор шудан. Ҳамаи ин бо саломатии заиф ва бад имконнопазир аст.
Ҷанбаҳои асосии тарзи ҳаёти солим барои ҷавонон – машқҳои мунтазам, бозиҳои фаъоли берунӣ, парҳези мутавозин, ки аз витаминҳо ва микроэлементҳо бой аст, бо маҳдуди фастфуд ва нӯшокиҳои ширин, нигоҳ доштани режими хоб ва истироҳат, даст кашидан аз одатҳои бад, гигиенаи шахсӣ, солимии равонӣ ва огоҳии экологӣ мебошад.
Ҷавонон бояд на танҳо тарзи ҳаёти солимро риоя кунанд, балки аз таблиғгарони пешсаф бошанд. Онҳо метавонанд дар чорабинҳои варзишӣ ва иҷтимоӣ фаъол иштирок кунанд. Бо рафтори худ намунаи ибрат бошанд.
Ҳамин тариқ, мо тавассути ташаккул додани одатҳои пайравӣ ба тарзи ҳаёти солим дар ҷавонон, на танҳо саломатии онҳоро мустаҳкам мегардонем, балки ба амалӣ намудани тамоми ниятҳои некашон мусоидат мекунем. Зеро баробари солим шудани ҷисми насли наврас, ақлу тафаккураш тозатар мешавад, яъне насли аз ҷиҳати маънавӣ бой ва аз ҷиҳати ҷисмонӣ қавӣ ба воя мерасад.
Саломатии фарзандони мо арзиши аз ҳама муҳим аст ва вазифаи асосии мо ҳифзу таҳкими он. Танҳо миллати солим метавонад иқтидори кишварро таҳким ва инкишоф диҳад. Тарзи ҳаёти солим асоси тамоми дастовардҳо, гарави муваффақият ва дарозумрӣ мебошад.
М. Мамаҷонова.