Дар шаҳри Тошканд шумораи аҳолӣ дар даҳ-понздаҳ соли охир ба таври назаррас афзуд. Бо сабаби саъйи мардум ба пойтахт ва афзоиши аҳолӣ боло рафтани талабот ба манзил, нақлиёт ва инфрасохтори иҷтимоӣ раванди табиӣ мебошад.
Солҳои охир, ба туфайли ҷозибадории сармоягузорӣ суръати сохтмон дар пойтахт босуръат меафзояд. Хонаҳои нав, марказҳои тиҷоратӣ, меҳмонхонаҳо, маҷмааҳои фарҳангӣ ва варзишӣ имкониятҳои шаҳрро васеъ мекунанд. Ин тағйиротҳо танҳо ба ҳамин хотима намеёбанд — чорабиниҳое амалӣ мешаванд, ки ба суръати рушди шаҳр мутобиқанд.
Тавре ки маълум аст, сохтмони Тошканди нав низ оғоз ёфтааст. Дар оянда ин ду минтақа ба мегаполиси ягона ва муосир табдил меёбанд. Ин лоиҳа барои сабук кардани фишоре, ки метавонад ба пойтахт ворид шавад ва тақсим кардани сарборӣ дар марказ хидмат мекунад.
Санги асосии шаҳри нав 18 марти соли 2023 гузошта шуд. Дар ояндаи наздик кампусҳои Донишгоҳи «Ӯзбекистони Нав» ва Донишгоҳи давлатии педагогии Тошканд, Китобхонаи миллӣ, Театри миллӣ, Маркази байналмилалии илмӣ-тадқиқотии ба номи Алишер Навоӣ, Осорхонаи адабиёт, мактаби эҷодӣ, Маркази миллии мақом, инчунин биноҳои бисёрошёнаи истиқоматӣ сохта ба истифода дода мешаванд.
Сарвари давлат борҳо таъкид кардааст, ки ин минтақаи муосир бояд «шаҳри сабз» бошад. Ин ҳадафҳо покизагии ҳаво ва об, истифодаи манбаъҳои алтернативии энергия ва фаровонии боғу дарахтзорҳоро дар назар доранд. Тасаввур кунед — дар майдони зиёда аз 400 гектар Боғи марказӣ бунёд шуда, 200 ҳазор дарахт шинонда мешавад. Ин бе муболиға як шаҳри экологӣ хоҳад буд.
Дар сохтмони шаҳри муосире, ки солҳои зиёд ба наслҳо хидмат мекунад, бешубҳа, сифати кор хеле муҳим аст. Сабаби он низ ҳамин аст, ки дар корҳои сохтмон сифат ва амният дар ҷои аввал меистад.
Яке аз лоиҳаҳои умедбахш дар ин самт — сохтмони роҳи метро ба шаҳри нав мебошад. Он аз истгоҳи ҳозираи метрои «Дӯстлик» оғоз меёбад. Дарозии ин метро, ки беш аз бист километр хоҳад буд, ҳар рӯз ба 200-250 ҳазор мусофир хизмат мерасонад. Мо роҳи нави метроро беҳуда ба ёд наовардем, Зеро ин маънои онро дорад, ки ду шаҳр ҷудогона рушд намекунанд ва аз ҳам ҷудо намемонанд, балки, тавре ки дар боло таъкид шуд, ба мегаполиси ягона табдил меёбанд.
Ин фикрҳо 9 июл вақте ки Сарвари давлат бо пешниҳоди «атласи ҳалли масъалаҳо» барои шаҳри Тошканд ва Тошканди Нав шинос шуд, махсус таъкид гардиданд. Бо мақсади рушди мутавозини минтақа Нақшаи генералии рушди шаҳри Тошканд то соли 2045 қабул шудааст. Дар он нишондиҳандаҳои асосӣ оид ба нақшаҳои сохтмони шаҳр, инфрасохтори муҳандисӣ ва нақлиётӣ, инчунин минтақаҳои ҳифзшаванда муайян карда шудаанд.
— Ба Президентамон ҳамчунин лоиҳаҳои сохтмони роҳҳо дар пойтахт пешниҳод гардиданд, — гуфт ҳокими шаҳри Тошканд Шавкат Умурзоқов. — Барои ин корҳо ширкатҳои бонуфуз ҷалб карда мешаванд. Имрӯз дар ноҳияи Яккасарой, дар кӯчаи Шота Руставели корҳои азнавсозӣ бо усули нав идома доранд. Ҳамчунин, дар шаҳри мо 200 километр роҳ ва чор гузаргоҳ сохта мешавад.
Тибқи стандартҳои ҳозира, сохтмон ва таъмири роҳ то «хатти сурх»-и қисми ҳаракат анҷом дода мешавад. Дар таҷрибаи шаҳрҳои пешрафта ин кор аз рӯйи тамоюли «аз бино то бино» дар ҳар ду тарафи кӯча амалӣ мегардад. Дар натиҷа, ҳеҷ қитъаи бесоҳиб намемонад ва канори роҳ яклухт ва мутаносиб обод карда мешавад. Дар доираи ин корҳо қисми ҳаракати кӯчаҳо, роҳравҳои пиёдагард, минтақаҳои сабз ва фасади биноҳо ҳамзамон ба тартиб оварда мешаванд. Ин супоришҳо шаҳри моро боз ҳам зеботар ва барои аҳолӣ боз ҳам қулайтар мегардонанд.
Дар ин маврид мехоҳем чанд сухан дар бораи «атласи ҳалли масъалаҳо» бигӯем. Ин идомаи мантиқии нақшаи генералии шаҳр буда, дар он талаботи умумӣ оид ба намуди зоҳирии шаҳр ва муҳити кӯчаҳо зикр мегардад. Ин як каталог–маълумотнома мебошад, ки аз панҷ китоб иборат буда, қоидаҳои тарҳрезӣ, насб ва истифодаи иншоотҳоро дар бар мегирад.
Дар он тавсияҳо оид ба ташкил ва ободонии ҷойҳои ҷамъиятӣ, муттаҳид намудани намуди зоҳирии биноҳо ба як симои меъмории ягона пешниҳод шудаанд. Ҳангоми тарҳрезии муҳити шаҳр ба татбиқи ҳадафҳои рушди устувор ва инчунин ба ворид кардани ранги миллӣ таваҷҷуҳ дода мешавад.
Чунин дигаргуниҳо дар Тошканд симои иқтисодӣ, экологӣ ва иҷтимоии шаҳрро ба куллӣ дигар мекунанд. Ин равандҳо барои аҳолӣ имкониятҳои васеъ, муҳити зисти қулай ва шароити рушди устувор фароҳам меоранд.
Икром Аввалбоев,
хабарнигори ӮзА.