Дар деҳоту маҳаллаҳои ноҳияи Нурато Ҷашнвораи умумимиллии ҳамдилӣ бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти шиори мазкур баргузор гардид. Дар ибтидо ҳозирин таҳти шиори «5 000 қадам барои ҳаёти солим» пиёда роҳ паймуданд. Ин амал пеш аз ҳар як тадбири бошукӯҳ ба ҳукми анъана даромадааст.
Тадбирҳо дар Синтоб, Каттасой, Темирқовуқ, Авазсой ва дигар маҳаллаҳои ноҳия баргузор гардиданд. Дар маҳаллаи Авазсой лоиҳаи «Дилдаги гаплар» татбиқ шуд. Ин ҷо ҷамъомадагон аз ширингӯйиҳои ҳунармандон завқ гирифта, аз суҳбат бо рӯҳшиносони шинохтаи ҷумҳурӣ баҳра бурданд.
Давоми ҷашнвора дар интернати мардонаи ногироҳои ноҳия – «Мурувват» боз ҳам хотирмон буд. Дар ин ҷо он тибқи лоиҳаи «Дарди инсон» идома ёфт. Ногироёни интернат лаҳзае бошад ҳам, аз дардҳо фориғ гардида, зери оҳангу таронаҳо рақсу бозӣ карданд.
Ҷамъбасти ҷашнвора дар амфитеатри Боғи марказии шаҳри Нурато баргузор гардид. Амфитеатр ва Боғи марказӣ бо шиору овезаҳо бахшида ба посдошти Ватан ва аҳамияти истиқлоли давлатӣ оро дода шуда буданд. Боғ намои идона дошт. Аз шаҳр ва маҳаллаҳои ноҳия мардуми зиёде ҷамъ омаданд, ки кайфияти идона доштанд. Ошкор буд, ки аз дастоварду комёбиҳои солҳои истиқлоли давлатӣ шоду масрур буда, иди бошукӯҳро бо тантана пешвоз мегиранд.
Дар ин шоми пурзиё аъзои гурӯҳи тарғиботии Маркази маърифати ҷумҳурӣ, доктори илмҳои таърих, профессор Ҷамила Шермухамедова, ходими маданият Баҳром Усмонов, Ҳунарпешаи шоистаи ҷумҳурӣ Алишер Рӯзметов, Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон Одина Ғозиева, дотсент Хуршед Қурбонов, Корманди шоистаи маданияти Ӯзбекистон Бобур Бобомуродов, Ҳунарманди мардумии Ӯзбекистон Мансур Тошматов, дотсент Акмал Турсунов иштирок ва ба хурсандии мардум хушнудӣ зам намуданд.
Ҷашнвораи умумимиллии ҳамдилӣ таҳти шиори «Барои Ватан, барои миллат, барои халқ», бешубҳа дӯстӣ ва ҳамгароии мардумро мустаҳкам кард, ба созандагию бунёдкориҳои нав ба нав илҳом бахшид.
Ӯзбакбойи РАҲМОН,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Навоӣ.