Иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев ба Донишгоҳи давлатии Самарқанд ташриф оварда, бо корҳои тайёрӣ ба соли хониши нав шинос шуд.
Ректори мактаби олии мазкур Рустам Холмуродов ба роҳбари вилоят доир ба бурду бохти Донишгоҳи давлатии Самарқанд маълумот дод.Сипас, вохӯрии ҳокими вилоят бо ректорҳои мактабҳои олии Самарқанд ба вуқӯъ пайваст. Дар ҷараёни суҳбат оиди тайёрӣ ба ҷашни 34-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ, соли хониши нав, ҳамкорӣ бо мактабҳои олии ҷаҳон, таълиму тарбияи насли наврас ва дигар масъалаҳои вобаста ба 29 мактаби олии Самарқанд мубодилаи афкор намуданд.
– Мақсади мо, – гуфт Рустам Холмуродов, – ба рӯйхати 1000 мактаби олии бонуфузи ҷаҳон дохил шудан аст. Профессорону устодони донишгоҳ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки мо ба муроди дил расем.
Зоҳир Ҳасанзода,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.