Имрӯзҳо дар гӯшаву канори ҷумҳурӣ чорабиниҳои «Сайри харбуза» таҳти шиори «Сайри харбуза – рамзи меҳр ва меҳмоннавозии халқ» баргузор мегарданд. Бо ташаббуси Маркази миллӣ-фарҳангии уйғурони ҷумҳурӣ дар павилони марказҳои фарҳангии миллӣ, ки дар назди Кумитаи доир ба муносибатҳои байнимиллӣ ва масъалаҳои ҳамватанони бурунмарзӣ сохта шудааст, чорабинии «Иди харбуза» баргузор гардид.
Чорабинии макур ба тарғиб намудани арзишҳои миллӣ, меҳмоннавозӣ, мустаҳкам намудани риштаҳои дӯстӣ ва ҳамҷиҳатии байни миллат ва элатҳо, инчунин баҳра бурдан аз таъми мухталифи харбузаи мамлакат нигаронда шудааст.
Дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ раиси кумита Қ.Сариев меҳмонони ҷашнвораро самимона хайрамақдам гуфт ва таъкид кард, ки «Иди харбуза» анъанаи таърихӣ буда, моҳияти он таҷассуми ғояҳои дӯстӣ ва намоиши анъанаҳои халқҳои гуногуни кишварамон мебошад.
Дар намоишгоҳ намояндагон аз ҳокимияти ноҳияи Яккасарой, меҳмонон аз Русия, Тоҷикистон ва Қазоқистон, фаъолони марказҳои миллӣ-фарҳангӣ иштирок намуданд.
Дар доираи намоишгоҳ чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву маърифатӣ баргузор гардиданд.
Сайри харбуза на фақат аз намоиши сарват ва неъмати миллиамон, балки аз дӯстиву бародарӣ ва ҳамҷиҳатии кишвари сермиллатамон дарак медиҳад.
– Чун анъана ҳар сол дар ҷашнвораи «Сайри харбуза» бо оилаи худ иштирок мекунам. Аз мазаи харбузаҳои шаҳдрез баҳраманд мегардем. Бобою бибиҳоямон вақте меҳмонӣ мерафтанд, як дона харбузаю тарбузро ҳамчун дастовез мебурданд. Сол то сол навъҳои харбуза зиёд шуда истодааст. Сайри харбузаи имсола низ хеле бошукӯҳ мегузарад. Дар павилони марказҳо баробари чашидани навъҳои харбуза, аз баромади дастаҳои ашула ва рақси миллатҳои гуногун шоду масрур гаштем, – мегӯяд сокини пойтахт Зиёда Ашурова.
С. Бекназарова,
хабарнигори «Овози тоҷик».