Сӯх ва рӯзҳои охири шӯравӣ

Охири солҳои 1980 ба таърих ҳамчун давраи таҳаввулоти сиёсии густурда, тағйироти шадид ва фурӯпошии як империяи бузург ворид шуд. Иттиҳоди Шӯравӣ охирин солҳои мавҷудияти худро паси сар мекард. Кишваре, ки замоне монолитӣ менамуд, тадриҷан аз ҳам мепошид: бӯҳрони роҳбарияти сиёсӣ шиддат мегирифт, эътимод ба идеалҳои коммунистӣ коҳиш меёфт ва низоми ягона фурӯ мерехт.

Маҳз дар ҳамин лаҳзаҳои пурташаннуҷи таърихӣ рӯйдоде ба вуқӯъ пайваст, ки барои сокинони яке аз гӯшаҳои дурдасти ҷумҳурӣ аҳамияти бузург дошт – таъсиси ноҳияи Сӯх. Ин на танҳо як амали маъмурӣ буд: дар замоне, ки системаи шӯравӣ фурӯ мерехт ва кишвар дар бесарусомонӣ қарор дошт, Сӯх ба рамзи оғози нав табдил мешуд – кӯшиши пайдо кардани субот дар миёни заминларзаи сиёсӣ.
Дар рӯзҳои таъсиси ноҳия як ҳайати воломақом аз пойтахт ва маркази вилоят ба ин ҷо ташриф овард. Раиси Шӯрои миллатҳои Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ Рафиқ Нишонов (солҳои 1989–1991) ва муовини раиси кумитаи иҷроияи вилояти Фарғона Виталий Фен бо сафари расмӣ ба Сӯх омаданд. Онҳо танҳо мансабдорон набуданд – шахсоне буданд, ки дар он замони ноором кӯшиши нигоҳ доштани муколама, сохтор ва эътимод ба ҳокимиятро доштанд.
Мулоқот дар фазои гарм ва ҳамзамон ноором баргузор гардид. Мардум саволҳои кушоду беибо медоданд. Ҳисси номуайянӣ дар саросари кишвар ҳукмфармо буд ва ҳар кас мехост бифаҳмад: дар асл чӣ мегузарад?
Яке аз лаҳзаҳои хотирмон дар ин мулоқот сӯҳбати рӯ ба рӯ бо Рафиқ Нишонов буд. Дар ҷавоб ба саволи:
– Чаро дар кишвар бесарусомонӣ ҳукмфармост? Чаро дар расонаҳо ихтилофи иттилоот ва нооромӣ ба назар мерасад?
Ӯ бо лаҳне ором, вале пур аз андеша ҷавоб дод:
– Горбачёвро одамоне иҳота кардаанд, ки дидгоҳу биниши мухталиф доранд. Ӯ натавонист онҳоро ба як қувваи ягона муттаҳид кунад. Дар натиҷа, ба шахсияте норавшан ва дур аз қатъият табдил ёфт, ки қобилияти қабули қарорҳои ҷиддиро надорад. Кишвар бидуни роҳбари воқеӣ бо инерсия ҳаракат мекунад.
Рафиқ Нишонов, ки таҷрибаи бузурги сиёсӣ дошт, ошкоро иқрор шуд: – Роҳбарияти кишвар назоратро аз даст додааст. Қарорҳо бе нақша ва асос қабул мешаванд, система аз дарун мешиканад ва ҳеҷ кадом аз роҳбарони асосӣ наметавонад роҳи наҷотро пешниҳод кунад.
– Горбачёв дигар роҳбари объективӣ ва принсипнок нест, – илова кард ӯ. – Аз масъалаҳои муҳим канорагирӣ мекунад, дар мавқеъгирӣ номуайян, кишвар бошад, бидуни самти аниқ ва ирода монд.
Ин ошкоргӯӣ барои бисёре аз ҳозирон ғайричашмдошт буд. Зеро таблиғоти расмӣ ҳамон талош мекард намуди суботро нигоҳ дорад. Аммо воқеият дигар буд. Баъд аз чанд моҳ кӯшиши ниҳоии нигаҳдории ҳокимияти коммунистӣ тавассути ГКЧП ба амал омад, ки бо шикаст анҷом ёфт. Ва пас аз он, номи «СССР» ҳамеша аз саҳнаи таърих хориҷ шуд – бо худ як даврон, як идея ва як миллати воҳид – халқи шӯравиро низ бурд.
Аммо ноҳияи Сӯх роҳи худро дар як воқеияти нав идома дод – дар шароити истиқлолияти тоза бадастомада, таҳдидҳо ва имкониятҳои нав. Таърихи ноҳия дар яке аз мушкилтарин давраҳо оғоз ёфт ва маҳз ҳамин онро арзишманд мегардонад: чун намунаи устуворӣ, тартиб ва рушд – ҳатто дар он замоне, ки қудратҳо фурӯ мерехтанд.

Камолиддин Азизов,
узви Иттиҳодияи журналистони Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: