Амир Алишер Навоӣ шоири зуллисонайн буда, бо забони ӯзбекӣ ва тоҷикӣ асарҳои худро эҷод намудааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ӯ аз ҷавониаш ба адабиёти тоҷикӣ-форсӣ меҳри беандоза доштааст. Мегӯянд, ки Навоӣ ҳанӯз дар ҷавониаш асари Фаридуддини Аттор «Мантиқ-ут-тайр»-ро, ки аз 9600 мисраъ иборат аст, аз ёд медонистааст.
Фониё, ҷоми фано чун бикашам Ҳофизвор,
Ки ҳама дар равиши Ҳофизу Ҷомӣ бинам.
Навоӣ дар асарҳои худ «Муҳокимат-ул-луғатайн» ва «Маҳбуб-ул-қулуб» доир ба шоирони форсу тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ, Фаридуддини Аттор, Анварӣ, Салмони Соваҷӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ, Низомии Ганҷавӣ, Саноӣ, Камоли Исфаҳонӣ, Ҳоқонии Шервонӣ, Ҳоҷуи Кирмонӣ, Носири Бухороӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Котибии Нишопурӣ ва дигар намояндагони барҷастаи соҳаи илм ва адабиёти тоҷику форс бо муҳаббати фаровоне сухан ронда, ба осори онҳо арзиши баланде медиҳад. Аз ҷумла қайд мекунад, ки асарҳои онҳоро мутолиа намуда, ба шеъри тоҷикӣ-форсӣ дил бастааст. Ҳамчунин «Маҷолис-ун-нафоис», ки ҳаёту фаъолияти шоирони нимаи аввали асри XV бахшида шудааст, гувоҳӣ медиҳанд, ки Навоӣ аз таърихи адабиёти тоҷик ва ҷараёнҳои он ба дараҷаи аъло воқиф буд.
Алишер Навоӣ дар баробари он ки ба назми олии ӯзбекӣ асос гузошт, дар тарғибу ташвиқи осори адибони пеш аз вай гузаштаи тоҷику форс низ хидматҳои наҷибонае карда, шоирони замони худро ҳимоя ва дастгирӣ ва ба пешрафти маҳорати бадеии онҳо устодона ғамхорӣ кардааст.
Ба қавли адабиётшинос Аълохон Афсаҳзод «Адибони тоҷику форси муосири Навоӣ ӯро хеле эҳтиром карда, ба донишу ҳунари вай эътиқод доштаанд. Биноӣ, Кошифӣ, Алӣ Сафӣ, Лорӣ, Абдулвосеи Низомӣ, Давлатшоҳи Самарқандӣ, Атоуллоҳи Ҳусайнӣ, Сайфии Бухороӣ, Хондамир, Мирхонд ва бисёре дигарон бахшида ба Навоӣ шеъру муаммо ва рисолаю китобҳо навиштаанд. Ҳамаи ин эҳтиром ва ҳамкории дуҷонибаи онҳоро исбот мекунад».
Устод Айнӣ таъкид мекунад, ки «Асари калони намоёни форсӣ-тоҷикии ӯ «Девони Фонӣ» аст. Ҳамзамони ҷавон ва дастпарвари ӯ Хондамир, ки баъд аз вафоти ӯ «Макорим-ул-ахлоқ» ном китоби худро ба тарҷумаи ҳоли ӯ бахшида навиштааст, шеърҳои форсӣ-тоҷикии ӯро 6 ҳазор байт (12 ҳазор мисраъ) қайд мекунад. Заҳириддин Бобур Мирзо ҳам, ки ҳамзамони ҷавони Алишер буда, дар бисёр корҳо аз ӯ илҳом гирифтааст, 6 ҳазор байт будани девони форсӣ-тоҷикии ӯро таъкид кардааст».
«Девони Фонӣ»-и Мир Алишер Навоӣ аз 554 ғазал, 1 мусаддас, 1 таркиббанд, 72 қитъа, 73 рӯбоӣ, 16 таърих, 9 чистон, 373 мухаммас иборат мебошад.
Шеърҳои зиёди Навоӣ, ки бо забони тоҷикӣ-форсӣ эҷод шудаанд, шакли татаббӯъро доранд. Инчунин қайд кардан бамаврид аст, ки дар девони Фонӣ ду навъ ғазал дар пайравии шоирони гузаштаву муосир иншо шудаанд, дигаре ғазалҳое, ки бевосита худи Фонӣ бе татаббӯъ эҷод кардааст.
Устод Расул Ҳодизода қайд мекунад, ки «Вақте ки мо девони ғазалиёти форсӣ-тоҷикии Навоӣ-Фониро аз назар мегузаронем, дар тартиби он як равияро мебинем, ки дар девони пешинагон ё шоирони баъди асри XV мушоҳида намешавад. Ин тартиби нав иборат аз он аст, ки дар нусхаҳои хаттии мавҷуда болои ҳар шеър ишора шудааст, ки шоир кадом ғазалро дар татаббӯи кадом шоир гуфтааст ва кадом шеър зодаи табъи худи ӯст».
Дар «Девони Фонӣ» шоир ба ғазалҳои Саъдӣ, Ҳофиз, Хусрави Деҳлавӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҷомӣ ва дигар шоирони тоҷику форс татаббӯъ гуфтааст.
Адабиётшиноси маъруфи тоҷик Аълохон Афсаҳзод дар хусуси пайравии Навоӣ-Фонӣ ба Мавлоно Ҷомӣ мегӯяд: «Навоӣ-Фонӣ дар ғазалҳои ҷавобияш ба ғазалҳои Ҷомӣ навиштааш ширинию содагӣ, вазну қофия, мазмун, воситаҳои тасвири бадеӣ ва ғояи ғазалҳои устодашро пайравӣ мекунад. Ба тарзи дигар гӯем, Навоӣ-Фонӣ дар ин ғазалҳо ба Ҷомӣ дар мазмуну шакли бадеӣ ва сабк пайравӣ карда, аксар аз масолеҳи гирдовардаи Ҷомӣ байти нав месозад».
Навоӣ-Фонӣ ин ҳама татаббӯъ гуфтанҳоро на аз худнамоию мусобиқа кардан, балки аз меҳру муҳаббати зиёдаш, ки ба Мавлоно Ҷомӣ дошт, медонад:
Татаббӯъ кардани Фонӣ дар ашъор,
На аз даъвию не аз худнамоист.
Чу арбоби сухан соҳибдилонанд,
Муродаш аз дари дилҳо гадоист.
Дар ин ғазалҳои Навоӣ-Фонӣ мавзӯи ишқ, дӯстӣ, тараннуми хушиҳои зиндагӣ, тавсифи инсон ва хислатҳои наҷиби он, ҳусни маъшуқа, мавқеи хоса дорад. Махсусан, ба муҳаббати ду халқ – тоҷику ӯзбек сухан меравад. Ин дӯстиро беш аз панҷсад сол муқаддам ду симои бузурги адабиёти тоҷику форс – Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ гузошта, васф карда буданд:
Нигори турки тоҷикам кунад садхона вайрона,
Бад-он мижгони тоҷиконаву чашмони туркона.
Муродам ин бувад то чашми худ бар зулфи ӯ молам,
Агар хоҳӣ, ки ӯро созам аз мижгони худ шона...
Навоӣ дар шахсияти устодаш Ҷомӣ шоиреро мебинад, ки дар асри XV анъанаҳои беҳтарини ғазалсароиро, ки муддате дар байни шоирони форсигӯ хомӯш гардида буд, аз нав зинда намуд ва ин равияро дар ашъори лирикиаш тарғиб намуд. Ин равияро Навоӣ низ дар ғазалҳояш пайравӣ намудааст. Навоӣ пас аз Ҳофизи ғазалсаро Ҷомиро аз ҷиҳати сабк ва офаридани образҳои бадеӣ бо эҳтиром ва муҳаббати шоирона пайравӣ мекунад.
Таъсири Ҷомиро ба Навоӣ пеш аз ҳама дар таъсири ғазалиёти Ҷомӣ ба ғазалиёти Навоӣ, аз ҷумла, ба ғазалиёти девони форсии Фонӣ, метавон равшантар ҳис кард. Дар ин девон дар қатори ғазалҳое, ки дар татаббӯъ, тавр, ранг ва тариқи ғазалҳои Саъдӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ҳофиз ва дигарон навишта шудаанд, дар ҳудуди 40 ғазал дар истиқболи ғазалҳои Ҷомӣ эҷод шудааст, ки дар ин бора худи Навоӣ-Фонӣ хабар додааст. Инҷо намунаеро аз татаббӯъи Фонӣ бар ғазали Ҷомӣ мисол меорем:
Ҷомӣ:
Эй турки шӯх, ин ҳама нозу итоб чист?
Бо дилшикастагон ситами беҳисоб чист?
Дорам тазаллуме ба ту, оҳиста рон саманд,
Эй сангдил, ба рағми манат ин шитоб чист?
Гуфтӣ: шабе ба хоби ту оям, вале чӣ суд,
Чун ман ба умри хеш надонам, ки хоб чист?
Гар ман на ғарқи оташу обам зи шавқи ту,
Ин синаи пуроташу чашми пуроб чист?
Аз мадраса ба каъба равам ё ба майкада,
Эй пири раҳ, бигӯй, тариқи савоб чист?
Ҷомӣ, чӣ лоф мезанӣ аз покдоманӣ,
Бар хирқаи ту ин ҳама доғи шароб чист?
Навоӣ-Фонӣ:
Хат ба фарози лаъли ту аз мушки ном чист?
Бар оби зиндагет зи зулмат ниқоб чист?
Эй дил, чу мурғи васл ба сӯят намуд майл,
Як дам қарор пеша кун, ин изтироб чист!
Ҳар шомаш ар на ранҷи хумор аст аз сабӯҳ,
Ларзон ба хок дар шудани офтоб чист?
Коре бурун зи амри қазо нест, гар туро
Ранҷе расад, ба анҷуму гардун итоб чист?
Сӯфӣ агар на муғбачагонаш заданд роҳ,
Афтоданаш ба майкада масти хароб чист?
Гар акси рӯйи шоҳиду мақсуд боядат,
Ҷуз номи бода оинаи бе ҳиҷоб чист?
Фонӣ, магӯ гузаштаам аз хобу аз хаёл,
К-ин нақши кавн ғайри хаёлоту хоб чист.
Барҳақ, устод С.Айнӣ таъкид кардааст, ки «Навоӣ бо хоҳиши дӯстдории забони модарии худ ва халқи худ ва барои бо адабиёти нафисае, ки ба адабиёти пешқадами он замон – адабиёти форсӣ баробарӣ кунад, сероб ва ғизоёб кардани ҳамзабонони худ бо забон ва қалами худ ба адабиёти ӯзбекӣ чӣ қадар хидматҳои намоён карда бошад, бо хоҳиши инсонпарварӣ ва бо мақсади хидмат кардан дар санъати интернатсионалӣ дар адабиёти форсии замони худ ҳам бо забони худ, ҳам бо қалами худ, ҳам бо тарбияи маънавии худ ва ҳам бо сарфи моли худ ҳамон қадар хидматҳои намоён кардааст».
Робитаи илмиву адабӣ ва дӯстии Ҷомӣ ва Навоӣ аз мавзӯъҳое мебошанд, ки тадқиқоти муфассалу ҷиддиро дар оянда талаб мекунад. Зеро Навоӣ бо ашъори тоҷикӣ-форсии худ дар таърихи назми тоҷик ҷойи муҳимеро ишғол мекунад.
Комилҷон ДӮстов,
мудири кафедраи забон ва адабиёти
тоҷики ДАТ ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур.