Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати Роҳбари миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов 22 август бо сафари корӣ барои ширкат дар ҳамоиши сеҷониба дар формати «Озарбойҷон – Туркманистон – Ӯзбекистон» ба ин кишвар меравад.
Тибқи рӯзномаи чорабинӣ, ки дар Минтақаи миллии сайёҳии «Аваза» баргузор мегардад, масъалаҳои рушди минбаъда ва амиқ гардондани ҳамкориҳои бисёрҷониба, пеш аз ҳама дар соҳаҳои савдою-иқтисодӣ, нақлиёту коммуникатсионӣ, энергетика ва башардӯстона баррасӣ хоҳанд шуд. Ҳамзамон, имзои як қатор санадҳои муштарак дар назар дошта шудааст.
Сарвари давлати мо инчунин дар ҳошияи ҳамоиш гуфтушунидҳои дуҷониба анҷом хоҳад дод.