Ҷилди дуюми девони Паймон

Соли 2022 нашриёти «Adabiyot» бо ташаббуси Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон ҷилди якуми «Девон»-и шоири шинохтаи тоҷик Паймон (Тӯхтамиш Тӯхтаев)-ро дастраси хонандагон карда буд. Нашриёти мазкур ба қарибӣ бо теъдоди 1000 нусха ҷилди дуюми «Девон»-ро низ аз чоп баровард.

Дар он ғазалиёт, мустазод ва мухаммасҳои шоир фароҳам омадаанд.Аз фарқияти байни соли ҷилдҳои девон маълум мегардад, ки шоир дар нашри маҷмӯаҳои шеърии худ шитобзада набуда, балки онҳоро баъди коркардҳои зиёд ба дасти чоп месупорад. Яъне бо пухтакорӣ ҳам  техникаи шеър ва ҳам нисбати мазмуну муҳтавои он эътибори ҷиддӣ медиҳад. Паймон ба табиат ва аҷзои он бо тафаккури шоирона муносибат мекунад.Девон шахсияти як нафар намояндаи пешсафи адабиёти тоҷики кишвар Паймонро, ки ошиқонаву содиқона қаламронӣ мекунад, ба мову шумо муаррифӣ месозад ва ҳушдор медиҳад, ки аз олами афкори ӯ сарсарӣ нагузарем, балки ҳар як ғазалро бодиққат ва бомулоҳиза мутолиа кунем, то аз ормоне, дарде, ҳикмате огоҳ шавем...

Далер Азизов,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: