Мақбараи «Дахмаи биҳиштиён» ва қабри Аҳмади Дониш дар он

Бухорои шариф, ки дар гузаштаҳои на он қадар дур, шурӯъ аз вуруди дини ислом ба кишварамон, ба номи «Қуббат-ул-ислом» («Гунбади ислом») шарафёб гардида буд, ба яке аз маконҳои тамаддуни исломӣ ва маркази бузурги илмҳои исломӣ: тафсир, ҳадис, фиқҳ, калом ва тасаввуф табдил ёфта буд. Шурӯъ аз ҳамон давр дар Бухоро муҳаддисон, фақеҳон, мутакаллимон ва муфассирони машҳур ба камол расиданд. Ба ҷуз ин, ба ин шаҳр аз манотиқи дигари диёрамон ва кишварҳои хориҷӣ олимон, шоирон ва толибилмони зиёде барои

Ба ҷуз ин, сарзамини Бухоро дар олами ислом ватани нахустин тариқати қадимӣ, бонуфуз ва интишорёфтаи сӯфиён – хоҷагон-нақшбандия низ маҳсуб мешавад, ки аз дигар тариқатҳо бо ғояҳои ватанпарварӣ, инсондӯстӣ, меҳнатдӯстӣ ва зидди таркидунёкунӣ фарқ мекунад. Аз ҳафт пири дар сарзамини Бухоро ба камол расидаи тариқати мазкур шаш нафарашон – Хоҷа Абдухолиқи Ғиждувонӣ (тахм. 1103-1179), Хоҷа Муҳаммад Орифи Ревгарӣ (тахм. 1165-1262), Хоҷа Маҳмуди Анҷирфағнавӣ (тахм. оғози садаи ХIII -1286), Хоҷа Муҳаммад Бобои Самосӣ (тахм. миёнаҳои садаи XIII-1335), Сайид Амири Кулол (тахм. 1281-1370) ва Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд (1318-1389) дар ҳамин марзу бум, яъне Бухорои шариф ба хоби абадӣ рафтаанд.
Ҳамаи инҳо сабаби ба зиёратгоҳи муқаддаси на танҳо аҳли кишварамон, балки тамоми мусалмонони дунё табдил ёфтани Бухорои шарифе гардидаанд, ки ба олами ислом садҳо бузургони илму адабро ҳадя намудааст.
 Дар ин мақола доир ба қабристонҳои қадимие, ки рӯзгоре дар шаҳри Бухоро буданду дертар харобу нопадид гардидаанд, ё яке аз маҷмааи қабристонҳо – маҷмааи «Пуштаи биҳиштиён» ва шахсиятҳои бузурги дар он дафншуда маълумот дода мешавад.
Худ Бухороро метавон ба зиёратгоҳи бузурге монанд кард. Сарзамине, ки ба дунё даҳҳо ҳукмфармою саркарда, садҳо олиму нависанда ва шоиронро ҳадя кардааст, бо манзилу маконҳои муқаддасаш низ – қабристонҳое, ки ин шахсиятҳои бузург дар онҳо ба хоби абадӣ рафтаанд, машҳур аст. Яке аз чунин мавзеъҳои муқаддас маҷмааест, ки «Дахмаи биҳиштиён» ном дорад.
Маҷмааи қабристоне дар ибтидои қарни ХХ «Пуштаи биҳиштиён» ё «Тали биҳиштиён» ном дошт. Он яке аз мавзеъҳоест, ки дар аҳди шӯравӣ хароб гардида, то замони мо нигоҳдорӣ нашудааст. Дар ин маҷмааи қабристон олимони машҳуре, ки ба рушди илмҳои тафсир, ҳадис, фиқҳ, калом ва тасаввуф саҳм гузоштаанд, дафн шуда буданд. Ин маҷмааи қабристон ва девори ҳисори қадимӣ дар солҳои 30-40 асри ХХ вайрон карда шуда, ба ҷойи он Заводи равғанбарорӣ, мактаби рақами 4 ва техникуми кооперативии Бухоро (ҳоло коллеҷи ҳуқуқ ва хидмати маишии Бухоро) бунёд гардидааст.
Бо ташаббуси ҳокими собиқи вилояти Бухоро, ҳоло раиси шуъбаи вилояти бухороии бунёди «Нуронӣ» Самойиддин Ҳусейнов соли 2005 ба ҷойи маҷмааи қабристони мазкур (дар қисмати шимолии коллеҷ) чун рамзи эҳтиром ба хотираи алломаҳои рӯҳашон поймолгардида лоиҳаи бунёди мақбараи «Дахмаи биҳиштиён» тарҳрезӣ шуда буд. Сару сарвари сохтмони обидаи мазкур, ки тибқи лоиҳаи меъмори бухороӣ шодравон Маҳмуд Аҳмадов қад афрохтааст, ҳокими шаҳри Бухоро, равоншод Карим Камолов буд. Устоёни гулдасти бухороӣ Олим Абдиев, Баҳриддин Йӯлдошев ва Тағӣ Обиддиновҳо дар сохтмони ин зиёратгоҳ саҳми назаррас гузоштанд.
Сохтмони мақбара аз соли 2005 оғоз ёфта, соли 2006 ба анҷом расид.
Имрӯзҳо «Дахмаи биҳиштиён» ба зиёратгоҳи ҳазорон сайёҳони хориҷӣ табдил ёфтааст.
***
Мо аз ҳафт қабристоне, ки рӯзгоре дар ҷойи «Дахмаи биҳиштиён»-и имрӯзӣ мавҷуд буд – баландии Бӯғробек, қабристони Ҳафт қозӣ ва қабрҳои атрофи он, қабристони имомҳои Ақилӣ, баландии Абубакри Ҳомид ва баландии Шаҳристон доир ба 60 нафар намояндаи бузурги олами ислом, ки дар ин ҷо мадфун шудаанд, маълумот пайдо карда, бахшида ба онҳо китобе ба нашр омода кардем.
Мо, аз ҷумла, тибқи сарчашмаҳои арабию форсӣ-тоҷикӣ  дар бораи 12 нафар уламою сӯфии шинохтае, ки дар баландии Буғробек, 9 нафаре, ки дар қабристони «Қуззоти саъба» («Ҳафт қозӣ»), 11 нафаре, ки дар қабрҳои атрофи он, 5 нафаре, ки дар қабристони имомҳои Ақилӣ, 3 нафаре, ки дар баландии Абубакр ва 21 нафаре, ки дар баландии Шаҳристон дафн шудаанд, маълумоти мухталиф ҷамъ оварда, бино бо тартиби муайян баён намудем.
Дар баландии Шаҳристон олими бузурги риштаҳои тафсир, ҳадис, фиқҳ, калом ва тасаввуф, муаллифи китобҳои бахшида ба соҳаҳои мазкур Абубакр Муҳаммади Калободӣ (305/917-385/995) пирони тариқати хоҷагон-нақшбандия Хоҷа Абдуллоҳи Барақӣ (ваф. 555/ 1160) ва Хоҷа Ҳасани Андақӣ (464/1071-552/1157), фақеҳи машҳур, муаллифи асари «Ширъат-ал-ислом» Рукниддин Муҳаммади Бухорӣ (491/1098-573/1177), нависанда, олим ва маърифатпарвари бузурги қарни XIX – Аҳмади Дониш ва дигар бузургон ба хоби абадӣ рафтаанд.

АҲМАДИ ДОНИШ
(1827-1897)

Аҳмад ибни Носир ибни Юсуф ал-Ҳанафӣ ас-Сиддиқӣ ал-Бухорӣ мулаққаб ба Аҳмади Дониш ё Аҳмади Калла шоир, мутафаккир ва маърифатпарвари рӯшанфикру номвари тоҷик буд, ки дар миёнаҳои қарни XIX дар аморати Бухоро умр ба сар бурдааст. Ӯ соли 1827 дар Бухоро ба дунё омадааст. Дар мактабу мадориси ин шаҳри бостонӣ таълим гирифта, ба олим ва мутафаккири пештози замони худ табдил ёфт.
Аҳмади Дониш бо донишҳои аз мадрасаҳо гирифтааш қаноат ҳосил накарда, ба омӯхтани илмҳои дунявӣ, мисли риёзиёт (математика), фалакиёт (астрономия), адабиёт, мусиқӣ, меъморӣ, таърих ва фалсафа пардохт, хоссатан, ба омӯхтани осори шоир ва мутафаккирони Шарқ вақти зиёд ба харҷ дод. Бо осори Ибни Сино, Умари Хайём, Навоӣ, Фузулӣ, Бедил аз наздик ошноӣ пайдо кард, дар таълифи рисолаҳои хеш ба фикрҳои онҳо такя намуд. Дар баробари масъалаҳои фалсафӣ, иҷтимоию сиёсӣ ва бадеӣ ба омӯхтани илмҳои табиӣ, хусусан, омӯхтани астрономия рӯйи эътибор гардонд. Бино ба таъкиди худ, илми астрономияро аз Мирзо Абдулфаттоҳхони мунаҷҷим омӯхтааст. Дониш хаттот ва меъмори соҳибмалака низ буд. Биноан, дар солҳои 50-уми қарни XIX дар дарбори амири Бухоро – Амир Насруллоҳ (1827-1860) хидмат мекунад. Соли 1870 аз дарбор рафтааст.
Аҳмади Дониш солҳои 1857, 1869 ва 1874 дар ҳайати сафирони Бухоро ба Петербург сафар мекунад. Ошноӣ бо фарҳанг ва илму фанни Аврупо ҷаҳонбинии мутафаккирро куллан тағйир дод. Ва ӯ бар асари таассуротҳои хеш лоиҳаи ислоҳ кардани тартибу сохтори давлатдории аморатро ба миён мегузорад. Лоиҳа сабаби эътирози амир Музаффар (1860-1885) мегардад ва амир, барои дур кардани Аҳмади Дониш аз дарбор, ӯро қозии Хузар таъин мекунад. Дониш, баъди вафоти амир, ба Бухоро бармегардад ва соли 1897 дунёи фониро тарк мегӯяд.
Аҳмади Дониш доир ба фалсафа, таърих, фалакиёт, риёзиёт, адабиёт, хаттотӣ осори зиёде таълиф намудааст. Дар фонди дастнависҳои Институти шарқшиносии ба номи Абурайҳон Берунии Фарҳангистони улуми Ӯзбекистон 16 рисолаи Аҳмади Дониш, тазкираҳое, ки шеърҳои ӯро дар бар доранд ва нусхаҳои дастнависи аз осори Ғаззолию Ҷомӣ иқтибоскардаи ӯ нигоҳдорӣ мешаванд. Аксарияти онҳо дастхати худи муаллифанд. Мисолан: дар дастнависе, ки «Маҷмӯаи ҳикояти Аҳмади Калла» ном дорад (таълифаш соли 1877), муаллиф доир ба масоили гуногуни фалсафӣ ва адабию таърихӣ фикру мулоҳиза рондааст. Ӯ бахшида ба даври Улуғбек, таълимоти Абдураҳмони Ҷомӣ, масъалаи оштӣ додани шиаҳову сунниҳо низ рисолае таълиф намудааст. Ӯ дар рисола доир ба таърихи ислом, сабаби пайдоиши самту равияҳои гуногун дар ин дин, муносибати Румӣ, Ғаззолӣ, Ҷомӣ ва Бедил барин донишмандон ба он андешаҳои баҳсомези худро ба миён мегузорад. Аҳмади Дониш дар баробари эҷоди шеърҳои гуногунмавзӯъ, тадқиқотҳо доир ба масъалаҳои таърих, илм, адабиёт, дин ва давлатдории Осиёи Марказӣ, ки мутааллиқ ба илмҳои иҷтимоиянд, болои илмҳои табиӣ, хоссатан, масоили астрономия ва космология низ муттасил ковишҳо анҷом дода, таълифоти зиёде ба ёдгор гузоштааст.
Дар «Рисола дар илми курра»-и ӯ доир ба вазифаи глобус, аҳамияти он дар илм ва истифодаи амалӣ аз он сухан меравад. Аҳмади Дониш дар асари худ «Истихроҷи бул ва арзи балат» («Ченаки арзу тӯли мавзеъҳо») [иборат аз 12 боб] оид ба андозагирии масоҳати мавзеъҳо, муайян намудани меридиани осмон дар соатҳо мулоҳиза меронад.
Андешаҳои иҷтимоию сиёсии ӯ дар осори гаронбаҳояш «Наводир-ул-вақоеъ» ва «Рисолаи мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони манғития» инъикос ёфтаанд. Асари дуюмро мухтасар «Рисола» низ меноманд. Он ба таърихи ҳукмронии сулолаи Манғит дар Бухоро бахшида шудааст, ки аз ҳукумати Амир Дониёл (1758 -1785) то даври ҳукмронии Амир Абдуллоҳ (1885-1910) -ро дар бар мегирад. («История мангитской династии»; сарсухан, эзоҳ ва тарҷумаи И. А. Наҷифова. Душанбе, соли 1967).
Китоби «Наводир-ул-вақоеъ» асари беҳтарини Аҳмади Дониш буда, дар он муносибати олим ба масъалаҳои гуногун ифода ёфтааст. Аҳмади Дониш дар ду асари мазкур сохтор, тартиб ва муносибатҳои иҷтимоиву сиёсии ҷамъияти феодалиро, ки садди роҳи тараққиёт гардида буданд, зери тозиёнаи танқид мегирад. Аз ҷумла, дар танқиду мазаммати назарияи таваккул, ки дар фалсафаи аср васеъ доман густурда буд, чунин мегӯяд: «Агар кас ба таваккул бовар карда, саъю кӯшиш ба харҷ надиҳад ва чун мушкилот пеш ояд, гӯяд, ки дар нодориву муфлисӣ ё фаровонӣ ба сар бурдан аз қисмат будааст, хато мекунад. Пас, чунин касон оқил нестанд». Дониш аморати Бухороро бо мамлакатҳои Аврупо, хоссатан бо Русия, муқоиса намуда, собит менамояд, ки ватани ӯ аз ҷиҳати иқтисодию маданӣ кишвари пасмонда аст ва таъкид мекунад, ки барои раҳоӣ аз ин бунбаст бояд дар сохтори иҷтимоиву сиёсӣ ислоҳот ворид шаванд.
Бино ба фикри Дониш «давлат бояд на барои қонеъ гардондани эҳтиёҷи гурӯҳе аз одамон, балки барои манфиатҳои тамоми халқ, ободии мамлакат хидмат кунад. Мо барои шукуфоии дунё, омӯхтани асрори баҳру бар, дарёфти сарватҳои зеризаминӣ, донистани ҳамаи қитъаҳо ва аҳолии он таваллуд шудаем. Биноан, ҳукмфармо бояд донишманд, соҳибмаърифат, одил бошад, бо дарназардошти манфиатҳои шаҳрвандонаш камари хидмат ва ҳиммат бандад. Сарфи назар аз он, ки ҳукмфармо кадом масъаларо ҳаллу фасл менамояд, қабл аз ҳама бояд худро дар ҷойи шаҳрвандон, шаҳрвандонро дар ҷойи худ тасаввур намояд. Ин ҳолат имкон медиҳад, ки адолат риоя шавад».
«Дар идора кардани давлат, – мегӯяд Аҳмади Дониш, – ҳукмдор бояд масъалаҳои муҳими давлатиро бо мушовирони худ ҳаллу фасл намояд. Мушовирон низ бояд инсонҳои одилу донишманд бошанд, бо дарназардошти фикри онҳо амал кардан шарт аст. Зеро ақли аксарият нисбат ба ақли ақаллият бештар бошад».
Аҳмади Дониш роҳҳои аз ақибмонӣ раҳо кардани ватани худро пайваста меҷуст. Касе, ки ватанашро дифоъ мекунад ва ҳамеша бо халқи худ мебошад, – мегӯяд Дониш, – зиндаву ҷовид аст. Ӯ  дар баробари омӯхтани таълимоти мутафаккирони Шарқ, ба таълимоти иҷтимоию сиёсии дар Ғарб интишорёфта низ ҳусни таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Дониш ҳарчанд таълимоти онҳоро напазируфтааст, аммо муносибати ӯ нисбат ба онҳо аз вусъати тафаккур ва орзуҳои иҷтимоию сиёсиаш дарак медиҳанд.
Ғояҳои иҷтимоии Аҳмади Дониш дар замони худ аҳамияти муҳим доштанд. Дониш ба фаҳми хонанда мерасонад, ки сохтори иқтисодиву сиёсии дарамалбуда садди роҳи тараққиёт аст ва роҳҳои бартараф кардани ин монеаро меҷӯяд.
Бояд ёдрас намуд, ки танҳо як қисми мероси илмӣ ва адабии Аҳмади Дониш мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Ин нуктаро тадқиқоти олимони рус ва корҳое, ки аз ҷониби олимони Ӯзбекистону Тоҷикистон ба анҷом расидаанд, собит менамояд. Осори Дониш ба забонҳои форсии тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ чоп шудаанд. Бояд гуфт, ки осори гаронбаҳои илмӣ, адабӣ ва иҷтимоию сиёсии ин аллома пажӯҳишгарони худро интизор аст.
Дар ин мақола ҳол ба қудрат саъй бинмудем, ки дар бораи яке аз мавзеъҳое, ки аҷдоди бузургамон дар он ҷо ба хоби абадӣ рафтаанд ва пеш аз он, ки ба хоби абадӣ раванд, бо мероси гаронбаҳои илмию адабии хеш шуҳрати Бухорою Мовароуннаҳрро оламгир кардаанд, натиҷаи тадқиқу ҷустуҷӯҳои хешро дар шакли маълумот ба пажӯҳишгарон ва хонандагон пешкаш намоем.
Умед аст, ин иқдоме, ки ба мақсади шод кардани рӯҳи аҷдоди бузургамон ва равшан кардани саҳифаҳои номаълуми таърихи кишварамон гузошта шудааст, дар кори абадӣ гардондани номи шахсони бузурге, ки дар ин мавзеъ хуфтаанд, як андак саҳм мегузорад.

 

Комилҷон РАҲИМОВ,
ходими пешбари илмии Институти шарқшиносии ба номи
Берунӣ, доктори улуми таърих (DsC).
Дар сурат: намуди имрӯзаи маҳалли Дахмаи биҳиштиён.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: