Боз як имконият барои сайёҳон

Ин имкониятро Садорати сайёҳии вилоят дар ҳамкорӣ бо ширкати ҳавонавардии «Humo Air» фароҳам овардааст. Маросими кушоиши парвозҳои ҳавопаймои хурди мусофирбари «АН-2» бевосита дар майдони байналхалқии ҳавоии шаҳри Фарғона ба вуқӯъ пайваст.

Тавре ки ноиби ҳоким ва сардори Садорати сайёҳии вилоят Хуршедҷон Аҳмедов гуфт, сайёҳони дохиливу хориҷӣ аз ин баъд метавонанд тавассути ҳавопаймо шаҳри Фарғонаро тамошо кунанд.
– Ин боз як иқдоми наҷиб аст, ки бори аввал дар вилояти мо татбиқ мегардад. Нархи ҳавопаймо чандон гарон нест. Сайёҳон ба ҳавопаймо савор мешаванд ва як муддат дар фазои шаҳр ва атрофу акнофи он сайру тамошо мекунанд, – меафзояд Хуршедҷон Аҳмедов.
Мусофирони зиёд бо чунин ҳавопаймои ширкати ҳавонавардии «Humo Air» ҳафтае се маротиба бо хатсайри Фарғона – Сӯх – Фарғона низ парвоз мекунанд. Нархи он барои як тараф 250 ҳазор сӯм муқаррар шудааст.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: