ВИЛОЯТ БА МАРКАЗИ БУНЁДКОРИҲОИ АЗИМ ТАБДИЛ ЁФТААСТ

Ҳар як мусофир ба шаҳри Фарғона ё шаҳру ноҳияи ин вилоят сафар кунад, онро куллан ободу зебо ва боҳусну шукӯҳи тоза дармеёбад. Зеро он дар чанд соли охир ба маркази корҳои азим табдил ёфтааст, ки сол аз сол вусъати зиёд пайдо менамояд. Барои зисти мардум шаҳракҳои нав пайдо мешаванд, иншоотҳои гуногуни маишӣ арзи вуҷуд мекунанд.

Дарҳақиқат, чашмҳоро биноҳои боҳашамату замонавӣ бо ҷилои худ мерабоянд, пайдо шудани боғҳои сарсабзу хуррам ба ҳусни мавзеъ ҳусни нав зам намудаанд. Хосатан, шомгоҳон бозии кӯдакони зиёдро дар майдончаҳои саропо муҷаҳҳаз дида, кас мехоҳад дубора ба дунёи кӯдакии беолоишу беғаши худ баргардад ва аз ин шароити мислаш барои мардум беназир баҳра барад.
– Як замон талу теппаҳои атрофи ҳавлиҳои маҳаллаи мо – Миндонобод, ки аксари сокинонаш аз деҳаи Миндон кӯчида омадаанд, ҷои чарогоҳи ҳайвонот ва партов маҳсуб меёфт. Ҳоло ин ҷо мисли шаҳристон шудааст ва аҳолиаш низ сол аз сол афзоиш меёбад. Аз шафати ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Миндонобод роҳи мумфаршу васеъ мегузарад, ки мусофирони зиёд тавассути он аз шаҳри Фарғона ба шаҳраки Водил – маркази маъмурии ноҳияи Фарғона ва ба Шоҳимардону ноҳияи Сӯх мерасонанд,– мегӯяд сокини ин ҷамоат Муродҷон Бӯтаев.
Тамоми намуди техника дар Ӯзбекистони Нав мавриди корбаст қарор гирифтаанд, ки дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, мисли Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Олмон ва амсоли он тавлид шудаанд. Ҳар кадоми он кори сад касро дар як-ду соат иҷро мекунад. Маҳз бо истифода аз чунин техникаи замонавӣ ва кранҳои баланду нӯлашон дароз биноҳое сохта мешаванд, ки касро ба ҳайрат мегузорад. Ҳоло дар хонаҳои наву замонавии шафати роҳи мошингарди Фарғона — Водил одамон бароҳат зиндагӣ мекунанд. Муродҷон Бӯтаев мегӯяд, чунин шароитро мардуми мо солҳо орзу мекарданд ва он имрӯз бар асари сиёсати хирадмандонаи Президент муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба воқеият табдил ёфтааст. 
Ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Азимободи ноҳияи Олтиариқ низ оҳиста ба маҳаллаи намунавии вилоят табдил меёбад. Дар ин маҳалла корҳои бузурги созандагиву намунавӣ ба роҳ монда мешаванд, бо азму талоши мардум як қатор корҳо ба сомон расонида шудаанд, ки ҳаваси касро бедор мекунанд. Аз ҷумла, ба истифода дода шудани бинои таълимии мактаби рақами 26-умро, ки  дорои 360 ҷой мебошад, аз чунин зуҳуроти наҷиб метавон унвон кард.
Шаҳри куҳани Марғелон дар солҳои охир ба майдони сохтмони азим табдил ёфтааст ва ин беҳуда нест. Сарвари давлат зимни сафари кории худ ба вилояти Фарғона ба масъулини идораҳои марбута, ки бевосита ба анҷоми ин корҳои азим машғуланд, як қатор вазифаҳо додааст. Яке аз онҳо масъалаи бунёди мавзеи «Ӯзбекистони Нав» дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Наврӯз» таҳти номи «Margilan City Mall» мебошад. Аллакай санги таҳкурсии сохтмони ин мавзеъ, воқеъ дар канори шаҳри Марғелон гузошта шуда, дар айни замон барои 87 бинои баландошёна, ки 35 ҳазор нафар аҳолии он маскун хоҳанд шуд, корҳои сохтмонӣ бо суръат давом доранд.
Мувофиқи лоиҳаи мазкур дар 35 гектари он маркази
илмӣ, хиёбони шоирону рассомон, ягона театри мақом дар Ӯзбекистон, донишкадаи ҳуқуқшиносӣ, меҳмонхонаҳо, хиёбонҳо ва боғҳо бунёд меёбанд. Ҳар як бино мувофиқи талаботи меъмории замонавӣ сохта мешавад. Барои фароҳам овардани шароити мусоид, бунёди майдонҳои сабзу хуррам, хиёбонҳои дарахтони ороишӣ диққати махсус дода мешавад. 
Дар маҷмӯъ, вилояти Фарғона дар мавриди бунёди биноҳои истиқомативу иншооти маъмуриву маишӣ дар ҷумҳурӣ яке аз ҷойҳои аввалро ишғол менамояд.  Дар маркази вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он қомат афрохтани хонаҳои зебои 5, 7 ва 9-ошёна баёнгари ин ҳоланд. Сифати хонаҳои сохташуда ҳамеша мақбули сокинони  он мебошанд. Зеро ҳар як бино баъди кофтани замин, сохтани таҳкурсии мустаҳкам, истифодаи хиштҳои пухта, эътибор ба қишри муҳофизатии гармию сармо, гузоштани таҷҳизоти сарфаи барқ ва равандҳои вобаста ба заминҷунбӣ эъмор мегарданд.
– Ман пеш аз супурдани маблағи муқаддамотӣ бевосита рафта бо ҷараёни корҳои  сохтмонӣ шинос шудам. Ҳатто чанд таклифро дар миён гузоштам, зеро як қисми собиқаи кориам маҳз бо сохтмони биноҳои истиқоматӣ марбут буд. Аз таклифҳоям хеле хуб истиқбол намуданд. Ҳоло дар яке аз биноҳои мавзеи «Ӯзбекистони Нав»-и шаҳри Фарғона бо зану фарзандони худ сукунат ихтиёр кардаам, – мегӯяд бо шавқ Муҳаммадҷон Абдуллоев ном ҳамсуҳбати мо.
Ногуфта намонад, ки дар нақшаи биноҳову шаҳракҳои наве, ки дар асоси анъанаҳои ҳозиразамони шаҳрсозӣ бунёд мегарданд, ҳатман ба сохтани шабакаҳои инфрасохторӣ ва ҷойҳои истироҳати мардум низ таваҷҷӯҳи хос зоҳир карда шудааст. Аз ҷумлаи боғу хиёбонҳои нав, майдонҳои фароғатӣ, муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, варзишӣ, комбинатҳои савдою хизматрасонӣ, нуқтаҳои хизмати маишӣ, ки дар саҳну атрофи биноҳо мувофиқ карда сохта шудаанд, намунаи беҳтарини ин навъи меъморӣ мебошанд.
Дар охир ду падидаи нав дар ин самт ба гузориши мо интиҳо мебахшад, ки маълумоти онро ба «Овози тоҷик» дафтари матбуоти ҳокимияти вилоят тақдим намудааст. Дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Мададкор»-и шаҳри Фарғона дар арафаи ҷашни 34-умин солгарди касби истиқлоли Ватан мактаби «Academia international school», кӯдакистони «Academia kids» ва маҷмааи истиқоматии нав ба истифода дода шуд. Мактаби нав 500 нафар ва муассисаи таълимии томактабӣ 280 нафар фарзандони аҳли ин маҳалларо ба канор мепазирад. Дар маҷмааи нави истиқоматии серошёнаи замонавӣ аъзои 280 хонавода бо шодиву нишот маросими бурёкӯбон анҷом додаанд.
– Биноҳои нав натиҷаи амалии баланд шудани дараҷаи некӯаҳволии мардуми мамлакатамон, аз ҳаёт шод гардондани онҳо, хусусан ифодаи диққати баланди Сарвари давлат ба ҷавонони кишвар мебошад. Мо ба соҳибкорон изҳори сипос менамоем, зеро онҳо корҳои сохтмониро бо сифати аъло ва дар вақти тайиншуда ба сомон расониданд, – гуфтааст муовини ҳокими вилоят Шерзодҷон Полвонов.
Маросимҳои мавриди баҳрабардорӣ қарор додани биноҳои нав дар қаламрави ҷамоатҳои шаҳрвандони деҳаҳои Қизилқиёқ ва Ғазнови ноҳияи Сӯх ба вуқӯъ пайвастааст, ки ду қисми низомӣ мустақар мебошанд. Дар маросим ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров ва фармондеҳи қӯшунҳои округи Шарқии низомӣ полковник Лутфулло Бузруков ширкат кардаанд. Қимати лоиҳаи сохтмон, ки дар қаламрави ҶШМ Қизилқиёқ ба анҷом расидааст, 21 миллиард сӯмро ташкил мекунад. Дар натиҷа 68 хонаводаи низомиён соҳиби хонаҳои наву замонавӣ шудаанд.
Дар манзилҳои наве, ки дар қаламрави ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Ғазнов сохта шудааст, 32 хонаводаи низомӣ маросими бурёкӯбон анҷом додаанд. Ин хонаҳо дар ивази 5 миллиард сӯм сохтаву мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: