Автовакзали замонавӣ – дар шаҳри афсонавӣ

Боиси ифтихору хушнудист, ки таҳти сиёсати дурандешонаи Сарвари давлатамон дар Ӯзбекистони Нав сайёҳии дохилӣ ва хориҷӣ ҳамчун сутуни асосии иқтисодиёти миллӣ ривоҷу равнақ меёбад. Бинобар ҳамин ба фароҳам овардани инфрасохтор, хосатан хатсайрҳои дилнишину гуворо барои ҳаракати нақлиёти мусофиркашонӣ диққату эътибори махсус дода мешавад.

Замоне дар минтақаи Чӯпонотаи шаҳри Самарқанд автовокзал арзи вуҷуд дошт, ки ба замона хос набуд. Се сол қабл аз ин дар асоси лоиҳаи меъмории замонавӣ, ки ба талаботи байналхалқӣ ҷавобгӯ аст, сохтмони автовокзал қариб дар се гектар майдон оғоз ёфт. Ниҳоят дар арафаи ҷашни 34-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ӯзбекистон маросими мутантани ифтитоҳи автовокзали нав баргузор гардид. Бо ҳамин муносибат дар чорабинӣ кормандони соҳаи нақлиёт, намояндагони аҳли ҷомеа, меҳмонону мизбонони шаҳр ва дигарон ширкат варзиданд.
– Ба мардуми мо ба тӯй бо тӯёна рафтан одат шудааст, – гуфт иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев, – далели фикри мо ба истифодабарӣ супурда шудани автовокзали замонавӣ аст. Маҳз дар чорроҳаи Чӯпонота бунёди чунин иншоот ба он хотир, ки минтақаи мазкур  шоҳроҳи стратегӣ ба шумор рафта, Самарқандро бо шаҳру вилоятҳои Тошканд, Қашқадарё, Ҷиззах, Бухоро  ва Тоҷикистон мепайвандад, муҳим аст. Аз сабаби солҳои зиёд бидуни таъмиру тармим мондан автовокзал ба ҳоли табоҳу ногувор омада буд. Бо дастгирӣ ва ҷонибдории сарвари давлатамон барои татбиқи тарҳи лоиҳаи меъмории замонавӣ қариб 20 миллион доллари амрикоӣ сарф шуда, ба неруи барқи каммасраф ва стандартҳои бехатарӣ диққату эътибори махсус дода шуд.
Автовокзал дар чаҳор хатсайри шаҳрӣ, 19 ноҳиявӣ ва 30 байни вилоятии мамлакат хидмат хоҳад кард.
Автовокзал метавонад дар як шабонарӯз 100 автобус, 150 микроавтобуси замонавӣ ва 300 сабукравро қабул намояд.
Дар оянда ҳаракати нақлиёт ба самтҳои Самарқанд – Санкт-Петербург, Самарқанд – Панҷакент ва дигар кишварҳои ҳамсоя ба роҳ монда мешавад.

Зоҳир Ҳасанзода,
хабарнигори "Овози тоҷик".

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: