Мероси падар хоҳи касби падар омӯз

Сайёд Мирзомуродов кларнетнавоз ва омӯзгори барҷастаест, ки дар арсаи байналмилалӣ барои тарғиби мусиқии муосири Ӯзбекистон машҳур гаштааст. Ӯ дар ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё таваллуд шуда, таҳсили мусиқии худро аз 9-солагӣ дар мактаби мусиқии ба номи Успенскии Тошканд оғоз кардааст. Соли 2012 Сайёд ба Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон қабул шуд. Дар замони таҳсил шавқу ҳаваси ӯ ба мусиқӣ зиёдтар шуда, ба таҳияи оркестр ва мусиқии муосир низ таваҷҷуҳ пайдо кард ва якчанд асари муваффақ

Бо мақсади такмили донишу малакаи мусиқӣ Сайёд бо убур аз монеаҳои забонӣ ва таълимӣ ба Донишгоҳи Айоваи Шимолӣ (UNI) дохил шуд ва дараҷаи магистриро дар ихтисоси иҷроиши кларнет бо гирифтани гранти назаррас ба даст овард. Баъдан таҳсили докториро дар донишгоҳи мазкур таҳти роҳбарии профессори маъруф Хорхе Монтилла идома дод.
Сайёд дар айни замон профессори кларнет дар коллеҷи Августонаи Иллинойс ва ассистенти омӯзгорӣ дар Донишгоҳи Айова мебошад.
Фаъолияти ҳунарии Сайёд ба мусиқии муосири миллӣ бахшида шудааст ва ӯ бо оҳангсозони шинохтаи кишварамон ҳамкории наздик дорад. Ҳоло ӯ омодагии сабти як лоиҳаи муҳимро бо композитсияҳои ӯзбекӣ барои кларнет пеш мебарад, ки мақсадаш муаррифии ин мероси бойи фарҳангӣ ба ҷомеаи ҷаҳон мебошад.

– Шумо чӣ гуна ба олами мусиқӣ қадам гузоштед?

– Падарам (Султонмурод Саидов) мусиқинавоз ва асосгузори гурӯҳи «Парвин», аз рӯйи ихтисос аксбардори касбӣ буд ва донишгоҳро дар шаҳри Маскав хатм кардааст. Вале мусиқӣ машғулоти дӯстдоштаи ӯ буд. Аз кӯдакӣ ба он шавқ дошт.
Азбаски падарам таҳсилоти касбии мусиқӣ нагирифта буд, мехост ман ба мусиқӣ ба таври ҷиддӣ машғул шавам. Аз ин рӯ маро соли 2004 ба мактаби мусиқии ба номи Успенский бурд. Аввал ман мехостам пианист шавам, вале ба ман гуфтанд, ки барои синну соли ман (9 сола) аллакай дер шудааст. Ба ҷойи он саксофон пешниҳод карданд, аммо бо шарти он ки бояд аввал кларнетро омӯзам.
Солҳои аввал хеле душвор буданд. Ман на забони русиро медонистам, на ӯзбекиро ва дар мактаб интизоми сахт вуҷуд дошт. Омӯзгорон хеле серталаб буданд ва ба мусиқӣ тамаркуз кардан осон набуд. Солҳо гузаштанд ва ман танҳо бо кларнет боқӣ мондам.

– Чаро қарор додед, ки таҳсилро дар хориҷа идома диҳед?

– Вақте ки ман дар мактаби Успенский таҳсил мекардам, фикри таҳсил дар ИМА комилан ғайриимкон менамуд. Бори аввал ғояи таҳсил дар он соли 2013 пайдо шуд. Чанде аз ҳамкасбони мо ба Флорида барои таҳсил рафтанд. Он вақт ба худ савол додам: «Оё ин барои ман имконпазир аст?» Ман ҳамеша ҳис мекардам, ки дониши ман дар бораи кларнет нокифоя аст. Соли охири таҳсил дар консерватория ман ба устодони машҳур, ки номашонро шунида ва дар интернет наворҳояшонро ёфта будам, наворҳои худро мефиристодам. Ростӣ, он вақт фикр мекардам, ки барои таҳсил дар ИМА сазовор нестам. Аммо ба тааҷҷуби ман, устодони ҷиддӣ ба ман таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Дар миёни онҳо мусиқинавозони бузург буданд. Вақте ки аз онҳо фикри мусбати иҷроямро гирифтам, ин барои ман ангезаи азим шуд – фаҳмидам, ки имкон воқеан вуҷуд дорад ва тасмим гирифтам, ки ба донишгоҳ ҳуҷҷат супорам.
Аммо як мушкили ҷиддӣ пеш омад – ман забони англисиро намедонистам. Ҳамаи донишгоҳҳо сертификати TOEFL-ро талаб мекарданд ва ба даст овардани холҳои лозима хеле душвор буд. Бори аввал соли 2016 онро супоридам – ва ноком шудам. Бори дигар низ ноком шудам. Пас аз ҳамаи ин марҳилаҳои душвор, ман сатҳи лозимиро ба даст овардам ва соли 2017 ба магистратураи UNI бо гранти тақрибан 66 ҳазор доллар қабул шудам.
Пас аз анҷоми магистратура ман бо хоҳиши расондани таҷрибаи худ ба Ватан баргаштам. Дар он вақт саломатии падарам низ хуб набуд ва мехостам бо оилаам наздик бошам. Се сол пас ман қарор додам таҳсилро идома диҳам ва ба барномаи докторӣ дар Донишгоҳи Айова бо маслиҳати профессор Монтилла ҳуҷҷат супоридам. Соли 2022 ман ба барномаи комилан ройгон, бо маблағи беш аз 100 ҳазор доллар қабул шудам.

– Дар кадом озмунҳо ширкат варзидед? Таассуроти шумо чӣ гунаанд?

– Таассуроти аввалини ман аз озмунҳо он қадар гуворо набуданд. Бори аввал ман соли 2011 дар озмуни Ҷубанов дар шаҳри Алмаато ширкат кардам, аммо ҳатто ба даври аввал роҳ наёфтам. Он вақт барои бисёриҳо иштирок дар озмунҳои байналмилалӣ як зинаи муҳим буд – ғолибон имкони дохил шудан ба консерватория бо стипендияро мегирифтанд. Ман низ мехостам қувваи худро бисанҷам, аммо пас аз ин таҷрибаи аввал, бештар руҳафтода шудам, на илҳомгир.
Аммо ҳама чиз вақте тағйир ёфт, ки ман дар хориҷ таҳсилро оғоз кардам. Устодам маро ҷиддӣ барои озмунҳо омода мекард ва аллакай дар соли аввали таҳсил дар Донишгоҳи Айоваи Шимолӣ ман ғолиби озмуни консертӣ шудам. Ин ба ман имконият дод, ки бо оркестр дар яке аз толорҳои машҳури Айова баромад кунам.
Ин озмун ду категорияи ғолибон дошт – яке аз ҷониби ҳакамон (аз профессорҳо иборат) ва дигаре аз ҷониби шунавандагон. Ман дар ҳар ду номинатсия ғолиб омадам. Ин як лаҳзаи бузурги касбии ман буд, ки ба ман боварӣ бахшид.

– Айни замон таҳсил мекунед ё кор? Чӣ гуна ин ду самтро мутобиқ мекунед?

– Дар айни замон, ман таҳсилро дар барномаи докторӣ идома дода, ҳамзамон дар ҳамон донишгоҳ ҳамчун ассистенти омӯзгорӣ кор мекунам. Ғайр аз ин, ман дар коллеҷи Августана ба ҳайси профессори кларнет фаъолият дорам ва ба донишҷӯёни сатҳҳои гуногун таълим медиҳам.
Ростӣ, дар солҳои аввал мутобиқ кардани кор ва таҳсил осон набуд, вале азбаски ҳарду бо мусиқӣ алоқаманданд, ман зуд мутобиқ шудам ва ҳоло аз ин раванд лаззат мебарам. Ба шарофати ин таҷриба ман на танҳо ҳамчун омӯзгор рушд меёбам, балки ҳамчун иҷрокунандаи фаъол низ боқӣ мемонам, ки барои ман хеле муҳим аст.
– Фаъолияти шумо ҳамчун иҷрокунандаи танҳо дар консертҳо ва муносибат ба мусиқии камера ва симфонӣ чӣ гуна аст?

– Яке аз эҳсосоти равшани ман – ин баромадҳои яккаҳунарӣ мебошанд, махсусан вақте ки онҳо зуд-зуд баргузор мешаванд ва репертуари гуногун доранд. Дар ҷараёни таҳсили докторӣ, аллакай се консерти яккаҳунарӣ гузоштаам, ки дар онҳо асарҳои асосӣ ва классикии кларнетро иҷро кардам – асарҳое, ки ба сифати сутунҳои асосии репертуари кларнет ба шумор мераванд.
Илова бар фаъолияти яккаҳунарӣ, мусиқии камера барои ман хеле наздик аст. Дар ансамбли камера шумо на танҳо қисми худро менавозед – гӯш мекунед, ҳамкорӣ мекунед, рабти байни асбобҳоро эҳсос мекунед.
Навохтан дар оркестри симфонӣ эҳсоси комилан махсус аст, бахусус ҳангоми иҷрои асарҳои Чайковский, Дворжак, Бетховен, Брамс. Ин симфонияҳо авҷи санъати оркестрианд ва эҳсосе, ки шумо қисми ин матои бузурги садо мешавед, бо ҳеч чиз муқоиса намешавад.

– Нақшаҳои шумо дар фаъолияти ҳунарӣ чӣ гунаанд? Оё ният доред эҷодиёти композиторони Ӯзбекистонро дар хориҷи кишвар таблиғ кунед?

– Яке аз лоиҳаҳои асосие, ки ман дар он кор мекунам – ин сабти диск бо репертуари ӯзбекӣ барои кларнет ва нашри он дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Вақте ман дар Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон таҳсил мекардам, ба як мушкили ҷиддӣ дучор мешудам: сабтҳои касбии мусиқии кларнетии ӯзбекӣ қариб вуҷуд надоштанд. Онҳо ёфт намешуданд ва ман дарк кардам, ки ин мусиқӣ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ то ҳол ношинос боқӣ мондааст. Аз ин рӯ, ман барои худ ҳадаф гузоштам –  ин мусиқии кларнетиро ба ҷаҳон муаррифӣ кунам.
Айни замон ман бо яке аз ҷавонтарин ва муваффақтарин композиторонамон Нуралӣ Эркаев ҳамкории зич дорам. Ба шарофати ӯ ман бо дигар композиторони барҷаста, ба мисли Шерзод Собиров ва Фаррух Акрамов шинос шудам. Аммо махсусан мехоҳам Мустафо Бафоевро зикр кунам – композитори ӯзбеку тоҷик, ки ба сатҳи байналмилалӣ расидааст. Ман хушбахтам, ки бо ӯ вохӯрдам ва барои ман шарафи бузург аст, ки мусиқии ӯро иҷро мекунам.
Илова бар сабти диск, ман ният дорам як силсила консертҳои яккаҳунарӣ дар саросари ИМА баргузор намоям. Ин ба шунавандагони хориҷӣ имконият медиҳад, ки бо мусиқиамон шинос шаванд ва бо анъанаҳои бойи фарҳанги миллии мо ошно гарданд.

– Дар иҷрои асарҳои замонавӣ чӣ душворӣ аст? Оё бештар мусиқии классикӣ менавозед ё муосир?

– Солҳои охир фаъолияти консертии ман бештар бо мусиқии муосири академӣ алоқаманд аст. Мусиқии муосир босуръат маъруфият пайдо мекунад ва барои иҷрокунандагон ва композиторон уфуқҳои нав мекушояд. Он ба таври воқеӣ ойинаи замони мо мебошад – ритм, эҳсосот ва равандҳои фарҳангии давраи ҳозираро инъикос мекунад.
Ҳангоми иҷрои асарҳои муосир, ман усулҳои нави навохтани кларнетро меомӯзам, имкониятҳои ғайриоддии садоии асбобро кашф мекунам. Бисёр композитороне, ки бо онҳо ҳамкорӣ дорам, техникаи васеъшударо истифода мебаранд, бо тембр, артикулятсия ва ритм таҷриба мекунанд ва шаклҳои комилан нави баёнро месозанд.
Аммо ҳар боре, ки ба мусиқии классикӣ бармегардам, худро чун дар сайёраи дигар эҳсос мекунам. Мусиқии классикӣ умқи эҳсосие дорад, ки ба одамон имконият медиҳад ба лаҳзаҳои амиқи инсонӣ даст ёбанд. Ин мусиқиест, ки аз озмоиши вақт гузаштааст – он бо мо аз қарнҳо гуфтугӯ мекунад ва дар бораи арзишҳои абадӣ хотиррасон менамояд.
Барои ман душвор аст бигӯям, ки кадом равия ба ман наздиктар аст – мусиқии муосир ё классикӣ – зеро ҳарду дар ҳаёти ман ба таври баробар вуҷуд доранд ва ҳар кадом дорои энергияи хоси худ аст. Мусиқии муосир маро бо имкони таҷриба, озодӣ ва чолишҳои нав пурқувват мекунад. Мусиқии классикӣ бошад, ҳисси реша, анъана ва покии садоро медиҳад.
Ҳарду равия якдигарро пурра мекунанд ва барои ман муҳим аст, ки миёни онҳо мувозинат пайдо кунам ва дар ҳарду самт рушд кунам.

– Шумо ба кларнетнавозони ҷавон чӣ маслиҳат медиҳед?

– Маслиҳати асосии ман – ҳаргиз аз омӯзиш даст накашед. Мусиқӣ як роҳи беохири кашф аст ва ҳатто бузургтарин мусиқинавозон дар тӯли тамоми ҳаёти худ таҳсил мекунанд. Албатта, машқи ҳаррӯза нақши муҳим мебозад, аммо танҳо кори механикӣ кифоя нест. Бисёр муҳим аст, ки доимо ҷустуҷӯи донишҳои нав, усулҳои нав ва роҳҳои нави тафаккур бошед, зеро маҳз ҳаминҳо ба рушди воқеӣ ва муваффақият оварда мерасонанд.
Яке аз хатоҳои асосии кларнетнавозони ҷавон – маҳдуд кардани худ танҳо ба кори техникӣ аст. Бале, виртуоз муҳим аст, аммо дарки мусиқӣ – сохтор, услуб, эҳсосот – он чизест, ки иҷрокунандаро ба як ҳунарманди воқеӣ табдил медиҳад. Ман ба мусиқинавозони ҷавон маслиҳат медиҳам, ки иҷрои сабкҳои гуногунро гӯш кунанд, таърихи асарҳо ва усулҳои гуногуни таълимро омӯзанд.

– Оё шумо ният доред ба Ӯзбекистон баргардед?

– Ман ба Ватанам самимона дилбастагӣ дорам ва бо ифтихор намояндагии фарҳангии худро дар саҳнаи байналмилалӣ иҷро мекунам. Аммо айни замон, рушди касбӣ ва саҳми ман дар санъати мусиқии ҷаҳонӣ бештар дар Амрико амалӣ мегардад. Дар ин ҷо ман имконият дорам, ки на танҳо фаъолияти худро ҳамчун профессор ва иҷрокунанда густариш диҳам, балки насли нави мусиқинавозонро низ таълим диҳам ва ба рушди мусиқии академӣ ва иҷроӣ саҳм гузорам.
Ман бо таваҷҷуҳ тағйирот ва имкониятҳои навро, ки дар кишвари ман рӯй медиҳанд, пайгирӣ мекунам ва умедворам, ки дар оянда тавонам лоиҳаҳои байналмилалие созам, ки фарҳанг ва мусиқии миллатҳои гуногунро бо ҳам мепайванданд.

– Орзуи ҳунарии шумо чист?

– Ҳамчун як мусиқинавоз якчанд орзуи эҷодӣ дорам. Аммо шояд муҳимтарини онҳо барои ман – ёфтани услуби хоси худ ва эҷод кардани консерти шахсии худ барои кларнет мебошад. Ман кӯшиш мекунам, ки имзои мусиқии ман шинохташаванда бошад, шахсияти маро инъикос кунад ва анъанаҳоро бо тамоюлҳои муосир пайванд диҳад.
Офаридани консерт барои кларнет на танҳо як чолиши шахсӣ аст, балки имкони саҳм гузоштан ба репертуари ин асбоб мебошад – бо пайвастани решаҳои фарҳангии худ ва таъсирҳои ҷаҳонӣ дар як асари мусиқии нав.

Мусоҳиб
Олим ПАНҶИЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик»
 дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: