Бар асари зарбаҳои ҚМ Исроил дар бемористони Ғазза 15 нафар ҳалок шуданд

Бар асари зарбаҳои ҳавоии ҚМ Исроил дар бемористони "Насер" дар ҷануби Ғазза 15 нафар ҳалок шуданд. Дар байни онҳо се хабарнигор низ ҳастанд, аз ҷумла корманди агентии Reuters.

Тавре ки Report хабар медиҳад, дар ин бора Reuters бо истинод ба намояндаи мақомоти тандурустии Фаластин иттилоъ дод.

«Ба гуфти мансабдорон, оператор Ҳусом ал-Масрӣ, яке аз хабарнигороне, ки бар асари ҳамлаҳо ҷон бохт, бо шартнома дар агентии Reuters фаъолият мекард. Суратгир Ҳотам Холид, ки низ бо шартнома бо агентӣ ҳамкорӣ дошт, захмӣ шудааст», — хабар медиҳад агентӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: