Ҳоло тағйироти ҷиддии иқлим, хосатан кам шудани об ба назар мерасад. Ин дар назди кишварҳои ҷаҳон барои таъмини бехатарии озуқаворӣ вазифаҳои мушаххас гузошта истодааст. Аз ҳамин нуқтаи назар дар мамлакати мо барои ривоҷу равнақи салоҳияти хоҷагии қишлоқ диққату эътибори махсус дода мешавад.
Солҳои охир бо сиёсати оқилона ва дурандешонаи сарвари давлатамон дар соҳа ислоҳоти пурсамар амалӣ шуда, комёбиҳои назаррас ба чашм мерасад.
Ноҳияи Самарқанд, ки аз ҷиҳати аграрӣ имкониятҳои зарурӣ дорад ва ба кишоварзӣ ихтисос ёфтааст, маҳз дар солҳои истиқлолият дигаргуниҳои «иқтисодиёти сабз» самараи нек медиҳад.
– Дар ҳисоби хоҷагии фермерии «Озод обод диёр»-и мо беш аз 10 гектар замин ҳаст, – гуфт боғбони соҳибтаҷриба Шодиёр Исматов, – ҳар сол нақшаи истеҳсоли мева ва ангур барзиёд иҷро мешавад. Зеро боғҳои мо интенсив буда, афзалиятҳои ба худ хос дорад. Аввало корҳои душвор ба зиммаи техникаи пуриқтидор аст. Албатта дар ғунучини ҳосил чанд нафар мардикор ҷалб мешаванду халос.
Бояд таъкид намуд, ки аз бунёди боғу ток дида, нигоҳубини ниҳолҳои гуногуни меванок ва қаламчаҳои ток ҷараёни мураккаб аст.
Раҳматӣ қиблагоҳам Давлат Исматов тамоми умр дар саҳро арақи ҷабин рехта, аз деҳқони оддӣ то дараҷаи бригадир ва сарҳосилот дар собиқ хоҷагии ҷамоатии «Гулистон» расиданд, мегуфтанд, ниҳол ҳам мисли фарзанд ба нигоҳубин ва меҳр мӯҳтоҷ аст. Агар мо бо меҳру муҳаббат дарахтонро сабзонем,ба муроди дил мерасем, дуо мегирем. Мардум меваи боғи моёнро тановул карда, «ба боғбон раҳмат!» мегӯянд.
– Шодиёр ҳар сол чӣ қадар даромад мекунед?
– Падарам мегуфтанд, ки «ошат ҳалол бошад, дар кӯча хӯр!» Дар ҳисоби миёна 40-50 миллион сӯм маблағ ёфта, иморат мекунем, нақлиёт мехарем, тӯю маърака гузаронида, ба мардум ошу нон медиҳем.
Боиси хушнудист, ки сарвари давлатамон ба мо – фермерҳо имкониятҳои меҳнат кардан ва маблағ ёфтанро муҳайё кардаанд. Аммо тааҷҷубовар, ки баъзе шахсон фикр мекунанд, ки дар хориҷа пул ёфтан осон аст. Ба фикри ман, оби таги дар хира нест, фақат сар хам карда меҳат кардан, нони ҳалол ёфтан лозим.
Хеле ҷавон будам, ки баъзе рафиқонам тарғиб мекарданд, ки ба хориҷа рафтан даркор. Маблағ ёфтан осон. Падари бузургворам лабханд зада мегуфтанд: «Бисёр ҷойҳоро макун орзу, дар ҳама ҷойҳо як хел сангу тарозу!»
Шукри Худованд, ки дар Ӯзбекистони Нав барои ёфтани нон тамоми имкониятҳо мавҷуд.
Зоҳир Ҳасанзода,
ноҳияи Самарқанд.
Дар акс: боғбон Шодиёр Исматов бо механизатор Бобоқул Ҷӯраев.