Президенти Ӯзбекистон ва Подшоҳи Урдун ниҳол шинонданд

Баъди анҷоми нишасти Ӯзбекистон ва Урдун маросими шинондани ниҳол доир гардид.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Подшоҳи Урдун Абдулло II ибн ал-Ҳусейн дар боғи Маркази конгресси Самарқанд ниҳоли дуб шинонданд.

Ин маросим рамзи оғози марҳилаи нав дар муносибатҳои Ӯзбекистон-Урдун ва талоши сарони мамлакатҳо дар таҳкими дӯстии халқҳо гардид.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: