Ӯзбекистон – Чин: ҳамоҳангии арзишҳо дар санъат

Дар Хонаи суратҳои Тошканд намоишгоҳи суратҳо таҳти унвони «Чини аҷиб, Шинҷони зебо», ки намунаи олии ҳамкориҳои фарҳангии байналмилалӣ мебошад, ифтитоҳ ёфт.

Намоишгоҳ бо мақсади таҳкими минбаъдаи робитаҳои дӯстонаи байни халқҳои ду давлат, густариши гуфтугӯи байнифарҳангӣ ва ба марҳилаи нави мубодилаи эҷодӣ баровардани ин ҳамкорӣ ташкил гардида, ба 70-солагии таъсиси ноҳияи Мухтори Шинҷон-Уйғур бахшида шуд.

Дар намоишгоҳ осори классикӣ ва муосири санъати тасвирӣ, суратҳои бадеӣ, расму оинҳои миллӣ, манзараҳои нотакрори табиӣ, образҳои бадеӣ, ки хотираҳои таърихӣ ва рушди муосирро ифода мекунанд ва аз ҷониби ҳунармандони Шинҷон офарида шудаанд, ба намоиш гузошта шудааст.

– Риштаҳои дӯстии байни Ӯзбекистон ва Чин аз замони Роҳи бузурги абрешим оғоз ёфта, то ба имрӯз идома доранд, – гуфт Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ӯзбекистон Ю Жун. – Ин қаробат, ки тӯли асрҳо ташаккул ёфтааст, имрӯз мазмуни тоза касб мекунад. Ба туфайли сиёсати оқилонаи сарварони ду мамлакат, муносибатҳо ба сатҳи ҳамкории фарогир ва амиқ расидаанд. Дар доираи ташаббуси «Як камарбанд – як роҳ» халқҳои мо аз лиҳози фарҳангӣ боз ҳам наздиктар шуда, тавассути санъат дӯстӣ ва фаҳмиши мутақобила таҳким меёбад.

– Санъат – забони қалбҳост, он марзҳои миллат ва маконро убур менамояд, – гуфт раиси Академияи бадеии Ӯзбекистон Акмал Нур. – Имрӯз мо манзараҳои рангини Шинҷонро дар Тошканд тамошо кардем ва метавонем гуфт, ки ин на танҳо намоиши санъат, балки ифодаи нави дӯстии ду халқ аст. Ин намоишгоҳ нақши Академияи бадеии Ӯзбекистонро дар саҳнаи ҳамкории фарҳангии байналмилалӣ боз ҳам мустаҳкамтар намуда, аз қарибтар шудани халқҳои мо тавассути тафаккури бадеӣ гувоҳӣ медиҳад.

Тавре таъкид гардид, намоишгоҳи «Чини аҷиб, Шинҷони зебо» арзишҳои муштараки ду халқ, риштаҳои дӯстона ва дурнамои ҳамкориҳоро дар оянда таҷассум намуда, ба таҳкими робитаҳои фарҳангии Ӯзбекистон ва Чин мусоидат мекунад.

Намоишгоҳ то 30 август идома меёбад.

Гулноза БОБОЕВА,

мухбири ӮзА

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: