Чанде пеш дар нашриёт-матбааи бонуфузи «Хутут ва зулол»-и шаҳри Аммон – пойтахти Урдун китоби дарсӣ-монографияи корманди пешбари илмии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Ӯзбекистон Комилҷон Раҳимов бо номи «Решаҳои тасаввуфи Мовароуннаҳр (таърих): ташаккул ва сохторикунонии таълимот (асрҳои VIII – XI)» рӯйи чоп омад.
Бояд гуфт, ки ин китоб дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Аҳли Байти Урдун омода гардида, ҳамчун китоби дарсӣ низ истифода мешавад.
Мовароуннаҳри қадим яке аз минтақаҳое ба ҳисоб меравад, ки тасаввуф дар он решаҳои амиқ давондааст. Давраи то асри XII, яъне то ташаккули тариқатҳои тасаввуфӣ, дар таърихи тасаввуфи Осиёи Марказӣ нақши муҳим дошта, барои рушди умумии ин равия заминаи устувор гузоштааст. Ниёи сӯфии мо тавассути осори аслии худ тавонистанд таълимоти парешон ва парокандаро ба низоми ягона табдил диҳанд. Ба сохтори муайян овардани тасаввуф дар асри IX аз ҷониби Ҳаким Тирмизӣ шурӯъ гардида, дар охири асри Х ва ибтидои асри XI аз тарафи Калободии Бухорӣ ва Муставлии Бухорӣ анҷом ёфтааст. Ин ҷараён аз асри XII оғоз намуда, барои ташаккули тариқати сӯфиён дар минтақаҳои гуногун, аз ҷумла, Мовароуннаҳри бостонӣ, асоси назариявӣ фароҳам овард.
Дар сарсухани китоб профессори Донишгоҳи Аҳли Байти Урдун Амин Юсуф Авда ва профессори Донишгоҳи Искандарияи Миср Саъд Абдулғаффор ба китоб чунин баҳо додаанд: «Дар ин монографияи шарқшинос, манбаъшинос, хатшинос, исломшинос ва тасаввуфшинос, доктори фанҳои таърих Комилҷон Раҳимов хусусиятҳои муҳим ва ғояҳои асосии давраи то ташаккули тариқат дар тасаввуфи Осиёи Марказӣ таҳқиқ гардидааст. Дар он нақш ва аҳамияти асари «Ат-таъарруф»-и Калободии Бухорӣ ва «Шарҳ ат-таъарруф»-и Муставлии Бухорӣ, ки ҳар ду намояндаи бузурги тариқат ҳастанд, таъсири онҳо ба манбаъҳои минбаъдаи тасаввуф баррасӣ шудааст...
Ин таҳқиқот на танҳо бо инъикоси даври барои мо начандон ошкори таърихи тасаввуф муҳим аст, балки дар ташаккули тариқатҳо дар ҳамин марҳила, аз ҷумла Хоҷагони Нақшбандия чун замина хидмат кардани онро муайян намудааст».
Умуман, таҳқиқоти Комилҷон Раҳимов дар кишварҳои хориҷӣ бисёр эътироф мегардад. Масалан, монографияи «Таърихи тасаввуфи Мовароуннаҳр: ташаккул ва сохторикунонии таълимот (асрҳои VIII-XI)»-и мавсуф то ҳол дар кишварҳои Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Туркия ва Урдун ба забонҳои русӣ, форсӣ-тоҷикӣ, қазоқӣ, озарӣ, туркӣ ва арабӣ тарҷума ва нашр шудааст. Монографияи «Тариқати Хоҷагони Нақшбандия ва Ҳафт Пир»-и ӯ дар Русия, Туркия ва Эрон ба русӣ, туркиву форсӣ рӯи чоп омадааст.
Дар мисоли таҳқиқоти охирини ӯ дар ин мавзӯъ, ба миён омадани равиши навро дар омӯзиши таърихи тасаввуфи Осиёи Марказӣ дарк кардан мумкин аст. Умед дорем, ки ин гуна равиш барои таҳқиқоти нав такон бахшида, омӯхтани саҳифаҳои нави таърихи тасаввуф, ҳаёт ва фаъолияти эҷодии намояндагони ин равия, таҳлили ҳамаҷонибаи асарҳои мавҷудаи ин самт ба объекти муҳими тадқиқоти муҳаққиқон табдил меёбад.
Муҳаррама Пирматова,
мухбири ӮзА.