Давраи нав дар роҳи баландтар бардоштани боварии аҳолӣ ба хидмати давлатӣ

Аз соли 2026 барномаи «Топ-100» оид ба муайян ва интихоб намудани менеҷерон ва роҳбарони боистеъдод, роҳбарони насли нав ба роҳ монда мешавад. Захираи устувори роҳбарони салоҳиятманд ва ояндадор ташаккул меёбад, дар вазорату идораҳо барои оилаҳои хидматчиёни давлатӣ «Рӯзи оила» баргузор мегардад.

Дар кишвари мо низоми идоракунии давлатӣ зина ба зина трансформатсия шуда, тавассути институтҳои сиёсӣ ва ислоҳотҳои маъмурӣ бар асоси арзишҳои демократӣ, ба монанди фарогирӣ, шаффофият ва самаранокӣ аз нав ташаккул дода мешавад. Ислоҳотҳои ҷорӣ, пеш аз ҳама, ба коҳиш додани монеаҳои бюрократӣ дар идоракунии давлатӣ, афзалият додан ба манфиатҳои мардум, мутобиқсозӣ, зудӣ ва замонавӣ гардонидани фаъолияти мақомоти идоракунии маҳаллӣ ва марказӣ равона шудаанд.

Аммо муваффақияти ҳар гуна ислоҳоти сохторӣ, пеш аз ҳама, ба фаъолияти кадрҳое вобаста аст, ки онро амалӣ месозанд. Аз ин рӯ, ташаккули ҳайати кадрҳои соҳибихтисос ва масъулиятшинос яке аз масъалаҳои муҳими рӯз гардид. Маҳз бо ҳамин мақсад, 19 июни соли 2025 Президент  Фармонро «Дар бораи ташкил кардани хидмати давлатии шаҳрвандӣ бо усулҳои нав ва чорабиниҳо оид ба ташаккули ҳайати хидматчиёни давлатӣ, ки ба касбият ва натиҷанокӣ равона шудаанд» имзо намуд. Ин фармон қадами стратегии нав ба сӯи баровардани низоми идоракунии давлатӣ ба марҳилаи сифатан нав гардид.

Фармон ба ташкили хидмати давлатии шаҳрвандӣ дар асоси меъёрҳои замонавӣ, равона сохтани кори хидматчиёни давлатӣ ба натиҷанокӣ, баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба хидмати давлатӣ, ҷалби кадрҳои ояндадор ба соҳа ва ҷорӣ кардани низоми самараноки омода намудани онҳо ҳамчун мутахассисони касбӣ нигаронида шудааст. Дар таҳияи лоиҳаи фармон ҳамкории мутахассисони маҳаллӣ ва хориҷӣ таъмин гардид ва таҷрибаи кишварҳое чун Ирландия, Фаронса, Олмон, АМА, Латвия, Англия, Испания, ИМА, Куриёи Ҷанубӣ, Қазоқистон, Озарбойҷон, Босния ва Ҳерсеговина, Сингапур омӯхта шуд. Ин пухта ва ба меъёрҳои замонавӣ ҷавобгӯ будани ҳуҷҷатро таъмин кард.

Самтҳои стратегии фармон

Бо фармон самтҳои асосии ташкили хидмати давлатии шаҳрвандӣ дар солҳои 2025–2026 бо усулҳои нав муайян гардиданд. Аз ҷумла, ҷорӣ намудани усул ва механизмҳои замонавӣ ва низоми ягонаи кор бо кадрҳо дар мақомоти давлатӣ, ташаккули захираи роҳбарони босалоҳият ва ояндадор, такмили минбаъдаи низоми омодасозии роҳбарони насли нав пешбинӣ шудааст.

Ғайр аз ин, аз лаҳзаи қабул шудан ба хидмати давлатии шаҳрвандӣ то охири фаъолияти меҳнатӣ барои кормандон ташкили рушди пайвастаи дониш ва салоҳиятҳои касбӣ ва мониторинги он, инчунин барои ҷалби бештари занон ба хидмати давлатӣ, баланд бардоштани таваҷҷуҳ, манфиатмандӣ ва боварии онҳо ба соҳа дар назар дошта шудааст. Ҳамчунин, амалӣ намудани Стратегияи рушди хидмати давлатии шаҳрвандӣ то соли 2030 ҳамчун самти афзалиятнок қайд шудааст.

Раванди трансформатсия

Бо фармон як қатор механизмҳои нав дар соҳа ҷорӣ мегарданд. Аз ҷумла, минбаъд бо хидматчиёни давлатӣ, ки бори аввал ба хидмати давлатӣ қабул мешаванд, шартномаи меҳнатӣ аввал ба муҳлати як сол баста мешавад ва минбаъд вобаста ба натиҷаҳои мусбати фаъолияти онҳо ба муҳлати номаҳдуд дароз карда мешавад.

Ҳамчунин, хидматчиёни давлатӣ, ки бори аввал ба хидмати давлатӣ қабул мешаванд, ӯҳдадоранд курси махсуси «Воридшавӣ ба хидмати давлатӣ»-ро гузаранд ва минбаъд ҳар се сол ҳадди ақал як маротиба дар курсҳои такмили ихтисос ширкат намоянд. Баъди анҷоми ин курсҳо сатҳи донишҳои назариявӣ ва малакаҳои онҳо аз ташхиси махсус гузаронида мешавад.

Муҳим он аст, ки дар ташхис сатҳи дониши хидматчиёни давлатӣ аз рӯйи соҳа ва ҷабҳа, малакаи таҳияи ҳуҷҷатҳо ва корбарӣ ба забони давлатӣ, малакаҳои таҳлилӣ, роҳбарӣ ва коммуникатсионӣ, саводнокии компутерӣ, донистани навгониҳои қонунгузорӣ, таърихи Ӯзбекистон ва забонҳои хориҷӣ, дониши умумӣ, ташхиси равонӣ ва коэффисиенти зеҳнӣ (IQ) баҳогузорӣ мегардад.

Натиҷаҳои ташхис ва самаранокии фаъолият (KPI) дар низоми мониторинги доимии онлайн оид ба рушди салоҳиятҳои касбии кормандон ҷамъоварӣ ва таҳлил карда мешаванд. Дар асоси натиҷаҳои таҳлил харитаи рушди касбӣ – портфолиоси корманд таҳия мегардад. Дар асоси харитаи рушди касбӣ хидматчии давлатӣ бояд малакаҳои «нарм» ва «сахт»-и худро такмил диҳад ва ҳатман дар барномаҳои такмили ихтисос, аз ҷумла, барномаҳои таҳсили мустақил ширкат намояд.

Ҳамчунин, аз ҷониби вазорату идораҳо чорабиниҳои омӯзиш, тайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии кормандон дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар доираи лоиҳаҳое, ки бо грантҳо ё маблағҳои донорон амалӣ мешаванд, баргузор мегарданд.

Дар ин замина, бо ҳамкории Агентии рушди хидмати давлатӣ (феълан Агентии самаранокии идоракунӣ), Академияи сиёсати давлатӣ ва идоракунӣ ва Фонди «Эл-юрт умиди» низоми ягонаи тайёр кардани кадрҳо дар хидмати давлатӣ ҷорӣ карда мешавад.

Аз соли 2026 барномаи «Топ-100» оид ба муайян ва интихоб намудани менеҷерон ва роҳбарони боистеъдод, роҳбарони насли нав ба роҳ монда мешавад. Захираи устувори роҳбарони салоҳиятманд ва ояндадор ташаккул меёбад, дар вазорату идораҳо барои оилаҳои хидматчиёни давлатӣ «Рӯзи оила» баргузор мегардад.

Ҳамчунин, бори аввал ба хидматчиёни давлатӣ дараҷаҳои ихтисосӣ дода мешаванд. Ғайр аз ин, рейтинги миллии фаъолияти мақомоти давлатӣ ҷорӣ карда мешавад. Дар асоси натиҷаҳои рейтинг, барои идораҳои давлатӣ, ки дар зинаҳои поёнӣ қарор доранд, чораҳо оид ба тағйир додани усулҳои кор, оптимизатсия кардани равандҳои идоракунӣ (BPR – реинжиниринг) амалӣ мешаванд ва дар ҷаласаҳои Ҳукумат низоми баҳодиҳии фаъолияти роҳбарон ба роҳ монда мешавад.

Яке аз ҷиҳатҳои консептуалии фармон дар он аст, ки як қатор ташаббусҳои институтисионалӣ оид ба ислоҳоти низоми хидмати давлатии шаҳрвандӣ бо механизмҳои меъёриву ҳуқуқӣ мустаҳкам гардиданд. Ин бошад, барои танзими муносибатҳои ташкиливу ҳуқуқӣ дар соҳа бар асоси меъёрҳои дақиқ ва таъмини самаранокии ислоҳотҳои татбиқшаванда мусоидат мекунад.

Аз ҷумла, нишондиҳандаҳои мақсадноки Стратегияи рушди хидмати давлатии шаҳрвандӣ то соли 2030, нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2025–2026 оид ба татбиқи Стратегияи рушди хидмати давлатии шаҳрвандӣ то соли 2030, рӯйхати мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳое, ки дар онҳо хидмати давлатии шаҳрвандӣ татбиқ мешавад, Реестри давлатӣ оид ба мансабҳои хидмати давлатии шаҳрвандӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ, минтақавӣ ва ноҳиявӣ ва як қатор низомномаҳо тасдиқ гардиданд.

Хулоса, бояд таъкид кард, ки қабул гардидани ин ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ оғози давраи нав дар ташкили хидмати давлатии шаҳрвандӣ бо меъёрҳои замонавӣ, равона кардани фаъолияти хидматчиёни давлатӣ ба натиҷанокӣ ва баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба хидмати давлатӣ хоҳад буд.

Севара ЗОКИРОВА,

доктори илмҳои ҳуқуқ (PhD).

(ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: